Бале, ин навишта низ барои устод Бозор аст, вале якҷоя бо ҳама навиштаҳо ва гуфтаҳо хеле кам аст, дар қиёс ба бузургии устод. Шояд ҳатто яклаҳзаина хаёл кардани ӯ дар бораи хоку диёр фаротару болотар аст, аз ҳама навиштаҳо ва гуфтаҳои мову шумо. Ин яқин аст, бе шояду бе гумон.
"ШЕЪР ДУРӮҒ АСТ"
Айёми бачагиям ёдам меояд. Ҳар боре, ки шеъракеро аз китоби ашъори Бозор Собир бо чашм ва зеҳни поки кӯдакӣ мехондам, дарҳол завқи шеърнависӣ дар дилам ҷӯш мезад ва қалам ба даст гирифта, рӯи варақҳо ким-чизе менавиштам. Ва боре аз "шеър" будани ин навиштаҳоям даъво карда, роҳи бинои идораи рӯзномаи ноҳиявиро пеш гирифта, онро пайдо намудам. Якчанд навиштаам бо ҳамин даъвои соҳибаш чанд ҷояки рӯи саҳифаи рӯзномаро банд ҳам карда буд. Ҳамон айём аз ин рафторам ба ҷуз аз падару модар дигар касе миннатдор нашуда буд. Ва навиштаҳоямро низ дигарон зуд фаромӯш карданд ва ё шояд умуман нахонданд. Аммо модарам дар деҳа сари ҳар сӯҳбат бо занҳо ёдрас мешуданд, ки духтарашон ба васфашон шеър навиштааст.
- Насиб карда бошад, ҳамин духтарам калон шавад, шоир мешавад - мегуфт модарам. Аммо, на модар ва на падар он айём намедонистанд, ки ин "шеърҳо" аввалин ва охирин буданд, дар "эҷодиёти" духтари "шоиршавашон". Онҳо то ҳанӯз ҳам намедонанд, ки чаро ман дигар дар чорчӯбаи назм ҳатто ҷумлае нағунҷонидам. Ҳоло маврид ҳаст, ки бигӯям. Қисса ин ки, сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома ҳангоми сӯҳбат таъкидам намуд, ки ба ҷои вожаи истифоданамудаи "ота", "да-да" бинависам, то дар вазни шеърӣ бигунҷад. Ман бошам бо ҳамон хирагии кӯдакона исрор менамудам, ки падарамро дар хона ота мегӯям, на да-да. (Баъдан чун бузургтар шудам, фаҳмидам, ки ота-гӯиям низ хато будааст) Агар, дар шеър да-да бинависам, ин гуфтаи ман дурӯғ мешавад охир!- мегуфтам. Сармуҳаррир ба ман фаҳмонидан мехост, ки санъати шеър чист ва чӣ заҳматеро аз нависандааш талаб мекунад, бинобар таъкидан мегуфт:- "Духтарам, шеър худаш дурӯғ аст, агар дар шеър дурӯғ бигӯӣ, он боз ҳам зеботар мебарояд". Аз ин гуфтаҳо сахт дилмонда шуда: - Агар шеър дурӯғ бошад, ман дурӯғ гуфта наметавонам-гуфта, оби дидагонамро пок намудаму аз дари идора берун шудам ва дигарбора то ба имрӯз "шеърҳо"-и ҳанӯз ногуфтаи ман аз лаби хамӯши хомаам берун начакиданд.
ГУНОҲАШ ДУРӮҒ НАГУФТАН АСТ
Бо овардани ин қиссаи кӯчак аз рӯзгори бачагии хеш даъвои қаҳрамонӣ надорам. Аммо, то ҳанӯз ҳар гоҳ, ки шеъри Бозор Собирро мехонам, ҳамон баҳси кардаам, бо сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияамон ба ёдам меояд ва худ ба худ суол медиҳам, ки чаро устод Бозор боре ҳатто дар шеъраш дурӯғ нагуфт, ҳама вақт ростиро пешаи зиндагӣ ва ашъораш қарор дод, ва то ба ин ҳад машҳур шуд? (Ҳарчанд баъдан дар подоши рост гуфтанҳо басе ранҷ бурд.-муаллиф) Ин суолест, ки на танҳо ба суолҳои солхурдаи ман ҷавоб пайдо мекунад, балки чандин чигилҳоро мекушояд. Ҳатто он чигилҳоеро ки дар бахши зиндагиномаи устод Бозор Собир то ба имрӯз аҳли адаб ва ҳамкасбони рӯзноманигори ман саргардони бозкушоиш ҳастанд…
МАТБУОТИ ҲАНГОМАҶӮ
Ҳар ҳафта рӯзномаҳои дастраскардаамро варақ мезанам ва дар тарозуи қазовати худ бармекашамашон, ҳамчун як хонандаи оддӣ ва ҳам ҳамчун рӯзноманигор. Қабл аз ҳама аз тарзи суол пешниҳодсозии ҳампешагонам нигарон мешавам. Суолҳои беҳадаф! Ва бе маврид. Дар ин росто касеро насиҳат карданӣ нестам ва маслиҳат ҳам намедиҳам. Фақат мехоҳам ёдрас намоям, ки ҳадафи рӯзноманигор аз суол додан, ин бардоштани масоили ҳалталаби вуҷуддошта тавассути суол ва ҳамагӣ ба хотири ҳалли он аст! На ба хотири иғво бардоштан. Аммо чунин ба назар мерасад, ки бархе аз намояндагони журналистикаи тоҷик имрӯз ба масъулияти касбии худ сар-сарӣ назар мекунанд. Матбуоти имрӯза бештар ҳангомахоҳ аст.
БУБАХШЕД, ДУТОР ЧАНД ТОР ДОРАД?
Ба он ҳамкасбе, ки сӯҳбати худро бо устод Бозор Собир рӯи чоп овард ва сарнавишти ӯро бори дигар мавриди ҳангомаи матбуот қарор дод, гуфтаниям, ки агар аз дунёи шеър бохабар мебудед, хуб медонистед, ки он қадар васфу ситоише, ки устод Бозор Тоҷикистонро ва ин диёрро намудааст, нафари дигаре аз аҳли адабиёт хеле кам кардааст. Ва он қадар ашке, ки ӯ барои ин хоку ин замин рехтааст, ману шумо ва мо баринҳо дар ду зиндагиамон низ қудрати ин амалро надорем.Чунки агар, росту бепарда бигӯем, муҳаббатамон нисбат ба ин хок начандон қавист. Мову шумо дар оғӯши гарми диёр суруди "Ҷон Тоҷикистон!" месароем, аммо самимиятамон воқеан заъифтар аст. Худи ҳамин рӯз агар, моро берунтар аз Ватан ҷои кори сердаромадтаре ваъда кунанд, медавем, ва ҳатто ба пасамон наменигарем. Ва бештари рафтагон ҳамин рафторро карданд, ҳатто ёди модар, хоҳар ва зану фарзандро накарданд. Ҷавонеро медонам, ки модар бо нони пурмашаққати "бевагӣ" ӯро бо умед ба воя расонид, ин ҷавон бо ваъдаҳои бузург ба модару ба Ватан ба Русия мардикорӣ рафт ва дигар ҳамаро фаромӯш кард. Ними умри модар ба хотири бузург шудани ӯ бо оби дида сарф шуд, ними дигари умраш ба хотири омадани ӯ бо оби дида сарф мешавад… Ва ин гуна далелҳо кам нестанд. Он ҳазорон ҷавонмардоне, ки дар ғурбат имрӯз белу каланду занбари русӣ ба даст доранд, ва ё онҳое, ки рӯзашонро бо баршумурдани долларҳои шараққосии амрикоӣ дар хориҷ бар сар мекунанд, гумон доред, шабу рӯз боифтихор суруди "Ватан" дар лабанд? Пас чӣ ҳосил дар ҳар сӯҳбат аз Бозор Собир аз хусуси Тоҷикистон пурсидан? Пурсидани як мазмун: "Тоҷикистон барои шумо чӣ маънӣ дорад, ва ё фикри шумо дар бораи Тоҷикистон чӣ аст?" Ин гуна пурсишҳо суолдиҳии як рӯзноманигори нимсаводеро ба хотирам меорад, ки аз мутриби чирадасте мепурсид: "Бубахшед, мегуфтед, ки дутор чанд тор дорад?"
КУ ИНСОФ?
Ба мавзӯи Ватан ва муҳаббати он устод кайҳо ҷавоб гуфтааст ва садҳо маротиба гуфтааст. Ва имрӯз низ дар ғурбат бо ёди Ватан ашки сӯзон мерезад. Ба ёди ҳамин Ватани мову шумо. Воқеан гоҳо аз рафтори ҳамкасбони худ ҳайрон мешавам, аз он ки гармиву нармии ин Ватанро ку мову шумо баҳра мебарем, аз лаззати оби мусаффои чашмаҳояш ва ҳавои беҳамтояш, инчунин сояи ғафси чанорҳояш мову шумо ниру мегирем, пас чаро Бозор Собири ғарибафтодаи аз дуди нақлиёти дар кӯчаҳои Амрико нафасгирро водор месозем, ки васфи Ватани мову шуморо бикунад? Мову шумо бояд васф кунем ин Ватанро!.. Ҳамчунин илова бояд кард, ки ҳама ашъори Бозор ҷавоб аст ба суолҳои шумо ва ҳампешагони шумо! Аз он чи ки шумо мавриди зиндагии дар ғурбат доштаи Бозор Собир менависед, аз ин боз ҳам шумо роҳат доред, ҳаққи қалам мегиреду нони гарми тоҷикиро бо чои Ватан нарм карда мехӯред, аммо боз ҳам устод Бозор аз ин навиштаҳои шумо санги маломат мехӯрад. Ку инсоф?
ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАНРО АЗ БОЗОР ОМӮЗЕД!
Ёд бояд овард, ки ману шумо кӯдак будем, ки устод Бозор васфи Ватан мекарду хун мехӯрд. Ё ба андешаи шумо он Ватан дигар Ватан буд? Замоне ягон нафар аз аҳли шеър қаблтар аз Бозор бо ифтихор худро қиш¬лоқӣ намегуфт ва васфи зебоиҳои деҳ намекард.
Аз қишлоқӣ будан меҳаросиданд. Он айём қишлоқӣ будан дар назари аҳли шаҳрнишин сифати одамони "замонавӣ" маҳсуб намеёфт. Бархе аз аҳли зиё ҳамин солҳои ахир иқрор шуданд, ки дар деҳа зода шудаанд. Аммо Бозор кори худро мекард, соҳибандеша, ки буд, ба гапи мардуми кӯчаи шаҳр парвое надошт. Ин зебоиро аввалин шуда Бозор Собир дид, баъд дигарон(!):
Ҳамхандаи ман гули сияҳгӯши ту буд,
Ҳамгиряи ман чашмаи хаспӯши ту буд.
Эй гумшуда қишлоқаки тиллоии ман,
Дорӯи ман оби шӯраки ҷӯши ту буд.
Ё, мегӯед деҳа Ватан нест? Ман дар кулли ашъори шуарои ғарбу шарқ надида будам, ки девори гилину похсагини қишлоқ ин қадар зебо таҷаллӣ ёфта бошад. Аввалин шуда ба ману шумо ин зебоиро ӯ нишон дод:
Гар ба девори каҷаш каҷ менишинам, бок нест,
Роҳати ҷон як дами даргоҳи Файзободи ман.
Ё ки навиштаи айёми ҷавонии ӯ:
Аз Ватан дур гарчӣ бисёр аст
Зиндаю мурдаи ба ному нишон,
Лек осон набуду осон нест
Аз Ватан дур мурдани мардон…
…Мехазам синамол сӯи Ватан
Бо сару дасту пойи хунрезон,
Қитъа бар қитъа мекашам хати сурх
Аз паям то канори кӯҳистон.
ХАТОИ АТО ВА ДОҒҲОИ "САДСОЛА"
Хуб, ана ҳамин хел ҳамкасби азиз, бо он як ду сӯҳбати шумо ва ҷавобияи мӯҳтарам Ато Мирхоҷаву боз хоҳишмандони дигар, мавзӯи Бозор Собир ба охир намерасад ва заррае ҳам қадри ӯ коста намегардад.Чунки ӯ бебаҳс бузург аст. Ба гуфти устод Гулрухсор: "Барои Бозор чӣ бигӯям, ки Бозор-бозор аст!..." (хотира аз вохӯрии охирини устод Бозор - илоҳӣ, ки охирин набошад-муаллиф дар маҷлисгоҳи Иттифоқи Нависандагони ҷумҳурӣ).
Адиби донишманди мо Ато Мирхоҷа ҳам ҳарчанд мусаллам аст, ки хеле ин миллат ва ин Ватанро дӯст медоранд ва нисбати андешаи рӯзҳои ахир дар рӯзномаҳо нашршудаи устод Бозор дар робита ба Тоҷикистон бетараф буда наметавонистанд, мебоист аз аспи эҳсоси шоириашон поин меомаданд ва андеша мекарданд, ки дар ҳоли аз дастамон коре наомадан ва барои як шоири ғарибу тавонои Ватан чизе накардан, хомӯширо авлотар медонистем беҳтар мебуд ва хуб мебуд, ки устод Бозорро ба ҳоли худаш мегузоштем. Рӯи доғҳои "садсола" ва ҳамзамон ҳанӯз тозаи ӯ намак намепошидем.
ДИГАР АЗ БОЗОР ТОҶИКИСТОНРО НАПУРСЕД!
Дигар аз Бозор дар бораи Тоҷикистон напурсед, ки ӯ худ Ватанро фаротар аз мову шумо мебинад ва ба ёди Ватан бисёр дилсӯхта мегӯяд ва бовиқору тоҷикона мегӯяд :
Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем,
Ҳам вориси қомӯсем, ҳам вориси номӯсем.
Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,
Ҳамшаҳри ба номӯсем, ҳамшаҳри ба иқболем.
Дар коҳи Аҷам кӯҳ аст, дар мӯри Аҷам мир аст,
Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шеъри Аҷам шеър аст,
Шере, ки дар анбӯҳи найзори қалам хоб аст,
Шери нари шеърашро душман натавонад баст.
Моҳсафари Яҳёзод,
журналист