Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ҚОДИЁНӢ – ДАЪВОГАРИ ДУРӮҒИНИ ПАЁМБАРӢ

Фарҳанг ва адаб 28.12.2008 15:02

Қодиён номи деҳе дар иёлати Панҷоби Ҳиндустон аст. Аз он ҷо яке аз муддаиёни дурӯғини нубувват дар охири аср бо номи Мирзо Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ ба дунё омада ва имрӯз ҳам маркази фаъолияти пайравони ӯ ба ҳисоб меравад. Пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад ба "қодиёнӣ" машҳуранд ва ойине, ки ӯ ба он даъват мекард, таҳти унвони "қодиёният" шинохта мешавад.

Пеш аз он, ки ба муаррифии шахсияти ин муддаии дурӯғини нубувват бипардозем, нигоҳи кӯтоҳе ба мавзӯи хотамияти паёмбари Ислом Муҳаммад (с) хоҳем пардохт.

ХОТАМИЯТИ ПАЁМБАРӢ

Биъсати паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ҳамоно бузургтарин неъмати маънавии илоҳӣ аст. Ин неъмати илоҳӣ бо сифот ва вижагиҳои барҷаста, рисолату биъсати хотами паёмбаронро бар нубуввату рисолати анбиё (а) мақоми бартару болотар бахшидааст. Яке аз бузургтарин вижагиҳои биъсати Муҳаммад (с) ин "хотамият" аст. Васфи хотамияти Муҳаммад (с) гарчи масъулияти уламоро сангин мекунад, чаро ки даъвату роҳнамоии гурӯҳи инсонҳо, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, ислоҳи ҷомеа ва ҷойнишинӣ аз паёмбар (с) бар ӯҳдаи онҳо гузошта шуда, аз ҳамин ҷиҳат ин уммат аз уматҳои гузашта фазилат ёфтааст. Бояд хабар кард, ки васфи "хотамият" дар муқобили тамоми дағдағаҳои фикрӣ, баҳсҳои фалсафию васвасаҳои шайтонӣ, ҳуҷҷати балиғ ва садди бузург аст. Бидуни шак, агар ҳар фарди мусалмоне "ақидаи хатми нубувват"-ро комилан дарк кунаду бифаҳмад, баъд аз он даъвати ҳеч инсони муддаии нубувват бар ӯ таъсир нахоҳад кард. Агар як фарди Даҷҷолу фиребкор ба дурӯғ даъвои нубуввату рисолат кунад, ин бовар ба ақидаи хотамияти Муҳаммад (с) иҷозат намедиҳад, ки даъвои ӯро бовар карда, ҳатто аз ӯ муъҷизае талаб кунад. Барои як мусулмони бохирад айб аст, ки ба суханони чунин шахс гӯш фаро диҳад, балки ӯ бо ҷавоби сода, дур аз баҳсҳои фалсафию мантиқӣ аз канораш дур мешавад ва мегӯяд: "Ман ақида дорам, ки баъд аз Муҳаммад (с) ҳеч набию расули барҳақе нахоҳад омад". Ба таври хулоса, ақидаи хотамияти Муҳаммад (с) як масъалаи ақидавӣ, шаръиву иҷмоӣ аст. Уламои ислом дар сарчашмаҳои илмию таҳқиқӣ ба тафсили далелҳо онро баён кардаанд, ки зикри тафсили онҳо аз ҳавсалаи ин мақола берун аст. Ҷиҳати равшан шудани мушкилот ишораи кӯтоҳе хоҳем кард. Хотамияти рисолати Муҳаммад (с) дар ояти 40-уми сураи "Аҳзоб" ошкоро баён шудааст: "Муҳаммад (с) падари ҳеҷ яке аз мардони шумо нест, балки расули Худо ва хотами паёмбарон аст". Ҳамчунин дар ҳадисҳои набавӣ бо ин калимаҳои равшан баён гардидааст: "Ман охирин паёмбар ҳастам ва баъд аз ман паёмбаре нест". Дар бораи Муҳаммад (с) дар баъзе ҳадисҳо хабар доданд, ки дурӯғгӯёне дар уммати эшон хоҳанд омад ва даъвои паёмбарӣ хоҳанд кард: "Савбон (р) мегӯяд, ки паёмбар (с) фармуданд: "Дар уммати ман 30-то дурӯғгӯ меоянд, ки ҳар кадоми онҳо гумон мебараду даъво мекунад, ки ӯ паёмбар аст; ҳол он ки ман охирини паёмбарон ҳастам ва баъд аз ман паёмбаре нест". Дар ҳадиси зикр гардида Муҳаммад (с) аз омадани 30-то муддаии дурӯғгӯи нубувват хабар додаанд. Уламо дар шарҳи ин ҳадис ду матлабро баён кардаанд: "Мурод аз 30 адади мушаххас нест, балки баёни бисёрии онҳост, яъне хелеҳо бо дурӯғу ҳуққабозӣ даъвои нубувват мекунанд". "30 нафар аз онҳо ном ва мақом касб мекунанд. Зеро бесаводу ҷоҳил бинобар ғаразҳои шахсӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд". Дар таърихи ислом бахусус баъд аз вафоти паёмбар (с) то асри ҳозир гурӯҳи зиёде бештар аз 30 нафар даъвои паёмбарӣ карданд. Албатта ба гуфтаи баъзе муаррихон, аз Мусайламаи Каззоб дар Ямома гирифта, то каззоби Қодиёнӣ ҳанӯз ҳам адади машҳуртарин ва маккортарини онҳо ба 30 нафар нарасидааст. Гарчи ба таври умум адади онҳо бо лақабҳои Маҳдӣ, Масеҳ, ал-Қоим, Ҳуҷҷатуллоҳ, ҷойнишини Худо ва ғайра аз садҳо гузаштааст.

ОМИЛҲО ВА АНГЕЗАҲОИ ДАЪВОИ НУБУВВАТ

Агар бо таҳқиқи илмӣ ба таърихи гузаштаву ҳозира назар афканем, омилҳои гуногунро мебинем, ки онҳоро барои чунин дурӯғу ҷиноят омода сохтааст ва нафарони соддалавҳу бе дониш ба онҳо ҳамроҳ шудаанд: "Огоҳ набудан аз ақидаи хотамият ва бепарвоӣ дар хусуси он". Аз баррасию таҳлили ҳодисаҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки бузургтарин омили чунин ҷуръат ва ҷиноят огоҳ набудану саҳлангорӣ дар ақидаи "хотамият" дар тӯли таърих будааст. Чӣ басо, ки шахси муддаъӣ огоҳӣ ва шинохти кофӣ дар заминаи ақидаи хотамияти Муҳаммад (с) надошта бошад ва бо таъвилҳои худсохтаву шайтонӣ нафаронеро гумроҳу мунҳариф созад. Аз зуҳури як муддаии дурӯғини нубувват гурӯҳе аз мардум, ҳатто нафароне аз табақаи таҳсилкардагон ва уламо, аз он муддаиёни дурӯғгӯ муъҷиза талаб карда, суханони бемаънову номафҳуми онҳоро бо каломи илоҳӣ муқоиса кардаанд. Дар сурате, ки ин амал чунончи пештар ба он ишора шуд, бо ақидаи "хотамият" комилан зиддият дорад. Дар навишта ва рӯйдодҳои марбут ба "каззоби Қодиён" пешвои гурӯҳи Аҳмадия ё худ фирқаи қодиёнӣ бештар мебинем, ки гурӯҳе аз мардум аз вай муъҷиза талаб мекарданд ё ӯ ба гумони худ дар бораи чизе пешгӯӣ мекард, бисёре аз мардум дар қабул шудани ростӣ ва ё дурӯғии даъвои он чашминтизор буданд. Чунин интизорӣ, ки агар амалӣ шавад ӯ ростгӯ ва агар на дуруғгӯст, худ саросар иштибоҳу гумроҳист, бисёре аз мардум дар ин роҳ аз пайи ӯ рафта, гумроҳ шудаанд.

ТААССУБИ НАЖОДӢ ВА ҲИССИ МИЛЛӢ

Омили дуввум ҳисси миллӣ аст ва ин ҳис сабаб мешавад, ки нафароне дар ҷомеа мақом касб кунанд ва гурӯҳи камдонишу содалавҳ, ҳатто нафарони таҳсилкарда бинобар таассуби нажодӣ ва ҳисси миллӣ ба ҳарфҳои онон гӯш дода, ба онҳо имон оваранд. Бузургтарин далелашон ин аст, ки паёмбар (с) аз ҷинси худи онҳо аст ва бо забони онҳо сухан мегӯяд. "Ҳисси миллӣ" чӣ басо инсонҳоро аз ҳаққу ҳақиқат дур нигоҳ дошта, ба ҳаргуна гумроҳӣ мебарад. Ин омил дар гузаштаву ҳозир ангезанда будааст. Чанде пеш аз вафоти Муҳаммад (с) Мусайламаи Каззоб дар Ямома даъвои паёмбарӣ кард. Мегӯянд Талҳа ба мулоқоти ӯ омад ва пурсид: Мусайлама дар куҷост? Посух доданд: Бигӯ расуллулоҳ на Мусайлама! Талҳа гуфт: То ӯро набинам, наметавонам қабул кунам. Вақте бо Мусайлама рӯ ба рӯ шуд, пурсид: Чӣ чизе назди ту меояд? Мусайлама гуфт: Рриҷс. Талҳа пурсид: Дар нур меояд ё дар торикӣ? Гуфт: Дар торикӣ. Баъд аз онТалҳа гуфт: "Гувоҳӣ медиҳам ,ки ту дурӯғгӯ ҳастӣ ва Муҳаммад (с) ростгӯ аст, аммо дурӯғгӯи қавми Рабиа назди мо аз ростгӯи қавми Музар дӯстдоштатар аст." Муҳаммад(с) аз қавми Музар буданд ва Мусайлама аз қавми Рабиа он шахс ҳам рабиӣ буд. Бинобар таассуби қавмӣ ва "ҳисси миллӣ" ба Мусайламаи Каззоб пайваст ва дар ҷанги "Ямома" бо ӯ кушта шуд.

ҚОДИЁНӢ ВА ТААССУБИ НАЖОДИВУ ҲИССИ МИЛЛӢ

Дар ривоҷ додани ойини Қодиёният низ ин омил аз он ҷиҳат, ки Қодиёният як ойини ҳиндӣ буда, муассир воқеъ шудааст. Роҳбар ва доъии он аз худи Ҳинд ва марказаш Қодиён буд. Аз ин рӯ боис гашт, ки гурӯҳе аз мусулмонон ва таҳсилкардагони миллигаро ба ақидаҳои ботили Мирзо Ғулом Аҳмад имон оваранд ва аз ӯ дифоъ намоянд.

Ҳамчунин баъзе аз роҳбарон ва соҳибназарони ҳинду аз ойини Қодиёният дифоъ намуданд, чунки роҳбарон ва фаъолони сиёсии ҳиндумазҳаб дар нимҷазираи Ҳинд ҳамеша аз мусулмонон шикоят доштанд, ки дар онҳо ҳисси меҳанпарастӣ ва миллии ҳиндӣ вуҷуд надорад. Онҳо ҳамеша эрод мегирифтанд, ки мусулмонон дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд, аммо чашми онҳо ба Нимҷазираи Араб - Макка ва Мадина дӯхта шудааст. Аз ин рӯ васфи онҳо аз Қодиёният ба унвони як ойин ва мазҳаби ҳиндӣ ҳимоят мекарданд, ошкоро мегуфтанд, ки Қодиёният як фирқаи исломӣ нест, балки як дину мазҳаби мустақил аст, ки бар появу асоси фарҳанги ҳиндӣ, ҷомиаи навинеро ташкил медиҳад. Яке аз ҳаводорон дар ин хусус мегӯяд: "Мушкилии бузурге, ки мо бар он рӯ ба рӯ ҳастем, чи гуна дар мусалмонони Ҳиндустон эҳсосоти меҳанпарастӣ ва миллигароёна пайдо кунем, чаро ки ҳарчанд бо онҳо созиш мекунем суде надорад. Мусулмонони Ҳиндустон худашонро як қавму миллати мустақил мепиндоранд, шабу рӯз таронаҳои арабиро мехонанд ва агар битавонанд номи Ҳиндустонро Ҳиндустони араб хоҳанд гузошт. Дар ин фазои торику навмедӣ танҳо барои миллигароёну меҳанпарастони Ҳиндустон фақат як умед боқӣ аст ва он эҳёи Аҳмадия (қодиёниҳо) аст. Ҳарчи мусулмонон ба сӯи Аҳмадият бештар ҷалб шаванд, равиши онҳо аз Макка ба сӯи Қодиён бештар тарғиб хоҳад ёфт ва саранҷом аз ҳаводороу меҳанпарастони Ҳинд қарор хоҳанд гирифт. Аммо дар чунин ҳолати имрӯзӣ, ки дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба Ислом ҳаст, мардуми боҳуш ҳаргиз Қодиёниятро пазиро нахоҳанд шуд.


Муҳаммадзарифи АБДУЛМАҶИД,
устоди ДМТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97