Салими ХАТЛОНӢ: ГУЛРУХСОР БОНУИ ҲАҚГӮ ВА МУБОРИЗ

Фарҳанг ва адаб 27.12.2008 13:56

Ё шоире, ки шеъраш дар сароҳати камол ва

ба маънавиёти ҷомеъа созгор аст

Сӯҳбати пажуҳишгари кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Бимукаррама Насруллоева бо шоир Салими Хатлонӣ

ГУЛЗОР БЕ ХОР НЕСТ…

-Солҳои 70-80 асри гузашта як зумра адибону шоирон ва қаламкашонро ба арсаи адабиёт овард, ки дар пешрафти адабиёти муосири тоҷик нақши босазое гузоштаанд. Гулрухсор аз зумраи он устодони сухан аст, ки доди суханро дода, назари шумо дар ин маврид чи аст?

- Дуруст зикр кардед, солҳои 70-80- и асри гузашта як зумра нависандагон ва адибон ба арсаи адабиёт ворид шуданд ва ин зумрае буданд, ки ба таҳаввули шеър, умуман ба таҳаввулоти адабиёт даст зада буданд ва Гулрухсор низ дар миёни ин адибон мақоми махсус дорад. Модом, ки таҳаввулоти шеър мегӯем, бояд пеш аз ҳама далел дошта бошем, ки ин адибон чӣ таҳаввулотеро ба бор оварда буданд. Беҳтар мебуд агар мегуфтем, ки солҳои 60- ум нахустсилсиладори ин таҳаввулот устод Мӯъмин Қаноат буд ва дар асли дигар Аминҷон Шукӯҳӣ омада то чанд тани дигар амсоли Лоиқу Бозор ва дар ҳамин силсила Гулрухсор низ бо ашъори тоза ва орӣ аз ситоиши шахсиятҳову ҳизби яккатоз бо истиснои чанд порчабайтҳои замонасоз низ ворид мешаванд. Ҳарчанд назифу латиф мегӯяд, дар ҳар маврид суханро бисёр ҷаззоб ва мардона ба мақсад мерасонад. Ва чунон ки аз таҳаввулоти шеъри асри гузашта ёд овардем ва Гулрухсорро аз зумраи он адибон номбар кардем, ба маврид аст, ки китоби нахустини Гулрухсорро, ки бо номи "Бунафша" интишор шуда буд, ёд оварем ва бубинем чӣ гуна суратро дар ҳарфу ҳиҷояш таҷассум мекунад ва чӣ гуна ибрози ақидаву баён дорад. Шеъри Гулрухсор саропо ғарқи ояҳои ишқ ва тасвирҳои зебоӣ мебошад ва бубинем, ки аз нахустин ҳарфу ҳиҷои ин китобаш чӣ рангеро мебинад ва чӣ накҳатеро эҳсос мекунад. Ҳанӯз дар солҳои 70, ки мо хеле ҷавон будем, нахустин бор шеъри Гулрухсорро тариқи маҷмӯаи "Бунафша" хонда бошем ҳам, онро тариқи садои овозхонон низ эҳсос мекардем ва моро бештар шояд ин суруде, ки бо "Меравам, ҳаргиз намеоям дигар" муаррифӣ гардида ва онро овозхони ширинадо Ҷӯрабек Назриев суруда буд, ба шеъри Гулрухсор бештар шайдо ва дилбаставу ошно кард ва маҳбубияти ӯро чунон боло бурд, ки дар он рӯзҳо назир надошт ва гӯяндаи ин шеър майле дошт, ки акнун шӯҳрат касб менамуд. Ҳаводорони шеъри воло ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки шеъри Гулрухсорро дар маҷҷала ё рӯзномаҳо хонанд, вале ҳарчӣ бештар интизори нашри китоби тозаи Гулрухсор буданд. Ва ҳамин китоби "Бунафша", ки нахустин бор Гулрухсорро ба ҳаводоронаш шиносонда буд, оғози роҳ буд ва аз ояндаи дурахшони як шоири навҷӯ ва сареҳназар хабар медод. Вале он шеър, ки болотар номбар кардем ва аллакай тарона шуда буд, овозаи шоирии Гулрухсор буд, ки акнун ӯро муаррифӣ менамуд ва тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамин сурудро бо ҳарфу ҳиҷояш дӯст медоштанд.

Меравам, ҳаргиз намеоям дигар,

Ҳамраҳу пушту паноҳам ёди ту,

Меравам то ин, ки баъди рафтанам,

Тинҷ бошад хонаи ободи ту.

Ва ин шеър аз ҳузн ҳарф мезад ва дар дили хонанда як тарзи фурқату фироқро ба бор оварда, як ҳолати ранҷи ошиқро нишон медод. Ҳар касе, ки ин сурудро мешунид, медонист, ки ин шеъри Гулрухсор аст. Баъдан маҷмӯаи кӯчаке дигар бо номи "Илҳом" аз ин шоир ба дасти чоп расид, ки дар солҳои 70- уми асри гузашта чунин силсила ба табъ мерасид ва ҳоло бо тағйироти авзои замон чопи ин силсила аз миён бардошта шуд, вале беҳтарин силсилае буд, ки дар он даврон аз Гулрухсор, аз устод Лоиқ дар ҳамин силсила нашр шудаанд ва Гулрухсор аз зумраи адибоне буд, ки шояд аз ҳамон рӯзгор беҳтарини шеърҳояш дар ин силсила ба табъ расида буданд. Ва баъдан паи ҳам осори Гулрухсор интишор меёфтанд ва аз ҳамон силсила китоби "Шабнам" ба бор омад ва дар ин китоб беҳтарин ашъори дар ҳамон давра эҷод намудаи Гулрухсор фароҳам омада ва ҳамон шеъри :

То ҳаст ҷоҳиле...

низ дар саҳифаҳои ҳамин китоб дарҷ гардида буд.

Гулрухсор ҳамеша рӯирост ва бовиқор чунин суханонро бар зидди беадолатиҳо мегуфт ва баъзан андеша мекунем, ки дар он давроне масалан, даврони шӯравӣ буду мо ҳамеша осоиштагиву зебоиву озодии инсонро тараннум мекардем, чаро Гулрухсор дар ҳамон шабу рӯз "то ҳаст қотиле", "то ҳаст ҷоҳиле" мегӯяд ва имрӯз ҳам дар доираи ҳамин мавзӯъ кӯшиш мекунад ҳарфе гӯяд ва аз ҳамин ҳам истифода мекунад то ин сухан ифодагари мақсади Гулрухсор бошад. Ин сухан ҳатман ифодагари он аст, ки Гулрухсор дар ҳама давр осудагии ҳамешагии инсонро мехоҳад.

Дар кадом ҷамъияте, ки бошад, зеро чунон, ки мегӯяд "гулзор бехор нест" ва дар ҳар ҷомеа ҳатман кӯшишҳое бояд ба харҷ равад барои тарбияи хулқи инсон. Шеъри Гулрухсор ин сифатҳоро дорост ва ҳама ҳарфу ҳиҷояш ба сароҳати камол баён шуда ва барои маънавияти аҳли ҷомеа созгор афтодааст ва ҳамин шеър ҳам ки аз ҳамон рӯзҳо дар хотири мо мондааст:

То ҳаст ҷоҳиле ман дард мекашам,

То ҳаст қотиле ман заҳр мечашам.

То ҳаст худфурӯш аз шарм сархамам,

То ҳаст ҷосусе аз сояам рамам.

Ки ба ҳолати таълими маърифат ва ҳушдори одам ва шинохти худи худ ва дорои неку бад иншо гардидаанд.

ДУХТАРИ ВАТАН

-Тавре, ки маълум аст дар эҷодиёти Гулрухсор васфи Ватан, Тоҷикистон ва кору зиндагии мардуми меҳнатқарини кишвар инъикос ёфтааст. Шоир ҳамеша ҷонфидои халқи заҳматкаши Ватани хеш аст ва то имрӯз ин борро бар дӯш дорад.

- Бале, баъдан дар ин миёна китобҳои зиёде аз Гулрухсор чоп шуд, масалан чӣ дар назму чӣ дар наср мисли он, ки дертар ҳам бошад китоби "Занони Сабзбаҳор" буд ва дар ин дунё китобе, ки бештар Гулрухсорро ба мардуми мо шиносонд, наздиктар муаррифӣ кард, ин китоби "Дунёи дил" буд, ки Гулрухсор дар он бештар ба мавзӯи Ватан ва ишқ даст зада буд. Ҳарчанд ки ҳамеша дар ҳамаи сурудаҳояш зебоии сирату сурати инсонро васф мекард шояд суоле ба миён ояд, ки чаро Гулрухсор дар ин маҷмӯа бештар аз мавзӯи Ватан комгорӣ меҷӯяд. Гулрухсор як мақсад дорад, яъне бо сурудани шеъри ватан пеш аз ҳама ба хонанда моҳияти аслии ватан ва ватандорӣ ва худшиносии миллиро нишон диҳад. Ҳар фаҳм ба тарзи эҳсоси хеш қабул мекунад, вале Гулрухсор ҳарфи матонатро мегӯяд, ки барои саодати ватан мо ҳамеша ҷонфидо бошем. Фарде нест, ки барои саодати ватани хеш ҷонфидо набошад, бо бартарии он ки ҳар касе дар муҳите ба воя мерасад ва он муҳитро гиромӣ медорад. Аммо аз сухани Гулрухсор бештар бояд ватанро онро ки Тоҷикистон аст, муқаддас дорем ва онро ба оламиён шиносонем. Вале чӣ гуна мо онро мешиносонем? Гулрухсор пеш аз ҳама шоир аст ва шоири бисёр бо эҳсосоти баланд аст ва ҳар ки шоир аст бояд пеш аз ҳама эҳсосоти ватандорияш баланд бошад ва Гулрухсор ин эҳсосотро пеш аз ҳама муқаддам медонад ва эҳтиром мекунад ва хонандаро низ ба он талқин менамояд, ки сарсупурдаву ҷоннисор бошад. Дар ашъори "Дунёи дил" аз ин лиҳоз васфи ишқу ҷавониву ватан мекунад. Ӯ бо он ки инсони асил аст дар ин маврид ҳатто ба рақиби хеш хайрхоҳӣ мекунад. Масалан, шеъри "Рақиби ман", ки бисёр дар ҳамон шабу рӯз аз ашъори маъмул буд, мегӯяд:

Рақиби ман, ҳамеша зинда бошӣ,

Ки умри ман надорад бе ту маъно.

Намебудӣ ту гар дар паҳлӯи ман,

Намедидам гуноҳу айби худро.

Аз бади ту неки худро метавонам ошно бошам ва бишносам ва бо он ки афзудем, Ватанро васф мекунад ва мувофиқ аст, ки аз ҳамин китоби "Дунёи дил" як шеъри ба ватан бахшидаашро намуна дошта бошем:

Оташам, ишқам, умедам, ҳарчӣ дорам моли туст, эй Ватан,

Ҳастӣ, ки ҳастӣ бароям хуррам аст

Бо диёре мисли ту ободу хушрӯю бузург

Аз барои зиндагӣ сад умри инсонӣ кам аст.

Гулрухсор ватанро аз ҳама чиз боло мегузорад. Зеро шоир аст ва шоир бояд эҳсосоти ватандориро аз ҳама чиз бартару болотар бигзорад ва Гулрухсор шояд аз зумраи пешоҳангоне бошад, ки эҳсосоти ватандориро аз ҳар чизи дигар муқаддам донистааст.

ГУЛРУХСОР ВА ҶАНГ

- Маҷмӯаи Гулрухсор "Зан ва ҷанг" муносибати воқеъбинона ва як саҳифаи тозае дар публитсистика аст. Назари Шумо ба ин асар?

- Агар Гулрухсор бо эҳсосоти баланде дар бораи ватану ватандории мо ҳарфе гуфта бошад, ҳар касе ки ба кадом маъное, ки ин гуфтаи ӯро чӣ гуна дарк кардаву қабул намуда бошад, ихтиёр дорад. Гулрухсор танҳо як ҳарф дорад, чунон ки якрӯву матин аст, мегӯяд, ки яъне ватани мо бояд ватани обод ва пешрафта бошад, мисли кишварҳои пешрафтаи дунё ва ин комгории шоир аст ва дар ҳар нафас шоир ин чизро бояд эҳсос кунад ва ҳуқуқи комил дорад, ки аз чунин иқдом тарғиб намояд ва маҷмӯъаи шеъри Гулрухсор "Зан ва ҷанг" дар ҳамин мавзӯи доғи рӯз, албатта маҳсули хотироти овони бесарусомониҳои кишвари мо буд, ва шукри Худованд, ки мо имрӯз ба як сулҳи комил расидаем ва Гулрухсор дар ин маҷмӯа аз истиқлолу камоли маънавии мардуми кишварамон истиқбол менамояд. Ӯ чӣ дар насру чӣ дар назми ин маҷмӯа рӯзгори гузаштаи мардуми моро, рӯзгори нобасомониҳои аз сар гузаронидаи мардуми моро васф кардааст ва аз он рӯзгор хостааст хотироте ба ёдгор дар мисраъҳои шеърии худ гузорад ва чуноне ки мебинем, номи ин маҷмӯа "Зан ва ҷанг" аст. Гулрухсор ҳамчу шоир дар танҳоии хеш аслан аз номи инсон ва таҷаммуъ нидо мекунад. Аз номи модар нидо мекунад. Аз номи як зане, ки ҷигарбандашро аз даст медиҳад, нидо мекунад. Ва чуноне, ки дар боло гуфта гузаштем, ҳеч инсоне хоҳони ҷангу хоҳони фаро расидани хусумату бадие миёни инсонҳо нест ва ин ҷо асоси орзуҳои Гулрухсор дар фоҷиаи қаҳрамони номии миллати тоҷик, қаҳрамони ору номус ва номбардори миллати мо, ки бори таърихи моро бар дӯш мекашад, Рустам ва Сӯҳроб нақш бастааст, вале басанда аст, ки садои Таҳминаро ба хотир биёрем. Ӯ ин моҷароро на бар ҳоли фарзандаш, ки қурбонии дасти падар мешавад, балки бар ҳоли тамоми ҷигарбандони одам, ки дар ин ҷанг қурбон мешаванд, сару садо баланд мекунад, ки

"Эй таҳамтан, Рустами фарзандбезор, дар набарди зиндадории фарри ту, модари ту, дилбари ту, хунбаҳои сангари хунофари ту, ман дигар Сӯҳроби қурбонӣ надорам"

Ин ҷо чунон, ки гуфтем, тасвири Гулрухсор тасвири фоҷи¬аҳои як миллат нест, балки тасвири фоҷиаҳое, ки аз сари тамоми наслҳои инсон, аз сари башарият мегузарад, мебошад, вале инҷо Гулрухсор аслан бештар ҳушдор медиҳад ва роҳнамойӣ мекунад, ки яъне роҳи осоиш кадом аст ва роҳи беҳини зиндагӣ кадом аст. Ва одам бояд тариқи ин ҳушдор аз роҳи беҳдошти рӯзгори хеш иқдом варзад.

РАИСИ ҶУМҲУР ВА КИТОБИ ГУЛРУХСОР

- На ҳама эҷодиёти Гулрухсор мавриди таҳлил қарор гирифтааст, ба ғайр аз ду-се мақолаи солҳои охир чопшуда ва дар айни замон Девони Гулрухсор чоп шуд. Назари Шуморо дар мавриди Девони Гулрухсор донистан мехостам?

- Гулрухсор дар миёни дигар осори хеш бо он, ки чандин китобҳо, ки "Зодрӯзи дард"-у "Дар паноҳи сояи худ" ва як қабил китобҳо, ки ба табъ расонда буд, дар ин миёна китоби бисёр ҳам мукаммалтару фарогиртаре ба табъ расонд, ки ин, "Девон"-и ӯ мебошад. Чун рӯ ба девони Гулрухсор меорем дар асл мебинем, ки дар ин миён Гулрухсор чӣ заҳмате ба кор бурдааст ва аз заҳмати хеш чӣ бореро, чӣ шаҳдеро комгор шудааст.

Девони Гулрухсор низ саросар мазмуни ба ваҳдат ҷалб кардани мардумро дорад ва дар ин миёна боз ҳам тараннумгари ишқи Гулрухсор аст. Ишқи Гулрухсор чуноне, ки гуфтем дар оғоз аз Ватан, аз мардуми бофарҳанги мо, аз мардуми тамаддунофари мо сарчашма меҷӯяд ва як появу,як рукни эҷодиёти ӯ чунон, ки гуфтем дар тамоми осораш васфи диёру зебоии он аст. Дар айни замон Гулрухсор китоби дигареро ба дасти чоп дода буд, ки бо мададу дастгирии Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст, бо он силсила, ки дар нашриёти "Адиб" ба чоп мерасад, сазовори ҷоизаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Ва ин китоб дар асл китоби хеле арзанда аст ва ашъори он аз лирикаи баланд ва эҳсосоти баланди шоирии Гулрухсор гувоҳӣ медиҳад ва ҳар кадом аз шеъри ин маҷмӯаро варақ гардон мекунему мехонем, дар ҳама шеър ба маънавияти баланди бадеӣ комгор мегардем, ки шоир ба он мавзӯъ рӯ овардааст ва ҳамеша бар он кӯшидааст, ки шеъри баланди ин китоб мақбули дили хонанда гардад. Шеъри Гулрухсор назм нест ва онро ба тарзе сода қабул кардан амре хатост. Балки мояи тафаккури ӯст, ки шеъраш гуфтанд ва он мояи шуури ӯст. Гулрухсор дар шеъраш калимабозиву ҳарфбозиро намепазирад, балки баръакс шеър мегӯяд самимона, сареҳназарона, балки шоирона. Шеъри Гулрухсор суратеву симое дорад, аммо бар замми ин боз дар бунёди хеш асрори нуҳуфтае дорад, ки онро маънӣ мегӯянд ва хушбахтии Гулрухсор дар он аст, ки тавонист пеш аз ҳама маъниро дар пардаҳои шеъри худ ҳам равшану бараъло ва болопазир инъикос намояд. Шеваи баёнаш таровиши шабнам аз кафи баргро мемонад, ки аз эҳсоси одам, аз шуури одам аз андешаи одам ин таровиш берун меояд ва ин эҳсос ҳарфи каломи гувороро ба бор овардааст. Ва ин зебоӣ таровиши ҳамон шабнам аст, ки аз раги ҳастии гул то кафи бози ҳар барги он ба бор омадааст ва майли хуруҷ, майли болопазирӣ, майли расидан ба офтобро дорад.

-Ташаккур, барои ин сӯҳбати самимӣ.

-Хуш бошед!


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97