ШАРАФ ГАР НАКУНАД ФАҲМИ СУХАН…

Фарҳанг ва адаб 22.12.2008 13:57

Нигоштаҳои Шарафи Абубакр, сокини шаҳри Кӯлоб бо номи "Муҳаққиқ дар таҳқиқ беғараз бош" - ро бо эҳтиром мутолиа намудам, ки номбурда баъди дебочаи худ ба фасонагӯӣ, таҳқир ва умумигӯйӣ пардохтааст.

Ва иддао дорад, ки мақолаи "Воъизон ҳай ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд" бо супориши гурӯҳи махсус ва аз рӯи кина, нафрат ва ҳасрат нигошта шудааст ва гӯё ба қавли Шараф касе ҳаст, ки мехоҳад мулои рақами Як дар Кӯлоб шавад ва ё довталабе ҳасту намехоҳад, ки Ҳоҷӣ Мирзо барин ҳамтову ҳарифи худро дошта бошад.

Шарафи Абубакр дар боби "Мавзӯъкобӣ ё саҳви саввум" -и мақолаи худ зикр мекунад, ки Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар баррасии иштибоҳоти Ҳоҷӣ Мирзо ҳамчун як мусалмон дидгоҳи таҳлилӣ надорад, яъне Муҳаққиқ аз ҷумлаи мусалмонҳо нест.

Пас дарёфтем, ки зарфияти беилмӣ, тундии хашм, ифрот дар баҳодиҳӣ, пайравӣ аз туғёни ҳасад, бурун рафтан аз роҳи рост ва таффакури хароб мар Шарафи Абубакрро фаро гирифтааст, ва ҳамин аст, ки ба дарки мавзӯъ нарасидааст:

Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,

Муддаъӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ; сару хишт.

ШАРАФ, ҲИДОЯТ АЗ ҶОНИБИ АЛЛОҲ АСТ

Шараф аз он нигаронӣ мекунад, ки Муҳаққиқ афзалиятҳои Ҳоҷӣ Мирзоро нодида мегирад ва ӯ Ҳоҷиро сиёҳ намуда, аз зери нохун чирк кофтааст.

Абдулоҳи Муҳаққиқ, яъне банда дар ибтидои мақола зикр намудаам, ки тақсирот ва иштибоҳоти Ҳоҷиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, зеро аз байн бурдани иштибоҳот ва ё лағжишҳои Ҳоҷӣ Мирзо амри зарурӣ ва пур аз манфиат аст, ҳам барои воъизи мӯҳтарам ва ҳам барои ҷомеъа. Ҳоҷии гиромӣ танҳо барои худ ва аҳли байти худ "амри маъруф" накардааст, балки сабти навори мавъизаҳояш, ки тавре Шараф зикр мекунад, ҳатто дар манотиқи Русия интишор гаштааст.

Дар амрҳои шаръӣ ва Қуръонӣ нафаре наметавонад хато ва нодуруст масъалаеро банду баст ва маънидод намояд, зеро ба муҷарради чанд соле заминаҳои фитна ва ошӯбҳои мазҳабӣ рух медиҳад, ки ин ба амнияти ҳар як хонаводаи мусалмони тоҷик ва амнияту бехатарии кишвар хеле хатарнок аст.

Воқеан, меъёр, ҳудуд, ҳад ва арзишҳои имонӣ ва ахлоқӣ дар Қуръон ва суннатуннабӣ ба пуррагӣ инъикос гаштааст. Фуқаҳои бузург, аз ҷумла Имоми Аъзам (р) дар ташреҳ ва баёни масъалаҳо дар асоси Қуръон ва суннат беназир аст.

Аз мақолаи "Воъизон…" бармеояд, ки Абдуллоҳи Муҳаққиқ дар ягон нуқта нисбати Ҳоҷӣ Мирзо беэҳтиромӣ накардааст, ба мақому мартабаи воъизии ӯ кина ва ҳасад наварзидааст, балки ҳамчун як фарди мусалмон мавъизаҳои ӯро таҳлил намудааст.

Афзалият ва мартабаи ҳар киро Худованд баланд кунад, башар наметавонад қадр ва қиммати ӯро коста гардонад.

Дар ин ҷо Шараф қадам фарохтар гузошта мегӯяд, ки Муҳаққиқ баъди тамошои наворҳои Ҳоҷӣ Мирзо аз неъмати ҳидоят бебаҳра мондааст.

Аввалан ҷумлаи зикрнамудаи Шараф, ки гӯё Муҳаққиқ аз неъмати ҳидояти Худованд бенасиб мондааст, хилофи оятҳои Қуръонӣ ва аҳодисӣ набавӣ мебошад, зеро инсонро танҳо Худованд ҳидоят мекунад, на мулло, на воъиз, на олим ва на мансабдору лашкаркаши ҷаррор.

Ҳидоят танҳо аз ҷониби Аллоҳ (ҷ.) мар муттақиёнрост. Ҳар киро Худованд дилсиёҳ ва гумроҳ намояд, сад ҳазор донишманду воъиз дар гӯши чунин ашхос ваъз гӯянд, беҳуда аст, зеро ҳидоят амр ва корест ба зоти Худованд вобастагӣ дорад, на ба авлоди башар.

Воъиз танҳо мубаллиғ ва даъваткунанда аст ба сӯи роҳи дуруст, вале ҳидоят танҳо аз ҷониби Худост.

Иштибоҳоти Ҳоҷӣ Мирзоро ҳамчун як фарди мусалмон, бетамаллуқ ошкор кардан, ки ба манфиати ҷамъият аст, чунин маънӣ надорад, ки Муҳаққиқ аз ҳидояти илоҳӣ бебаҳра мондааст. Аз нияти ғализ ва каромоти дурӯғини Шарафи Абубакр иҷтиноб бояд кард:

Майдони фароху марди майдонӣ не,

Мардони ҷаҳон чунон, ки майдонӣ не.

БА АМАЛ ВА ХУШГӮӢ ҒАРРА МАШАВ

Дар замони муосир ҳар амалеро ва ҳар суханеро аз ҳар донишманд дар мизони шариат ва мазҳаб санҷида қабул намудан барои ҳар мусалмон амрест зарур. Ва ин маънии онро надорад, ки нисбати як шахсият муҳаққиқе ғараз дошта бошад. Андар ин вақт гурӯҳҳои ифротгарову бунёдгаро ва мутаъасиби ғайримуқаллидин афкори муғризонаи худро дар либоси Ислом ба маърази тамошо гузоштаанд:

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ? Биист!,

Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид намоз кард.

Шарафҷон ривоятеро нисбати Султон Маҳмуд нақл мекунад, ки ба баррасиимақолаи "Воъизон…" ҳеч муносибат надорад. Ӯ бад- он ишора мекунад, ки Абдуллоҳи Муҳаққиқ ба мақому мартабаи Ҳоҷӣ Мирзо ҳасад мехӯрад ва кинатуз аст. Дар асл, ғаразу ҳасад дар нигоштаҳои Шараф равшан дида мешавад. Ба ваъз ва фатвоҳои як воъиз чуноне болотар ҳам гуфтам аз нигоҳи таҳқиқ чашм дӯхтан мавриди қабули ақли солим аст.

Чанд мисоле аз зиндагиномаи аҳли шариату тариқат ва машоихи кибор андар ин мавзӯъ ёдрас мешавем, ки айни савоб ва ба манфиати кор аст.

Шайх Боязиди Бостомӣ (р) мегӯяд: "Шӯҳрати мардеро шунидам, ки мегуфтанд, дар зуҳду тақво ва дониш саромади замон аст. Ба дидан ва зиёрати ӯ роғиб шудам, яке аз ёронро гуфтам, маро ба назди ӯ раҳнамоӣ кунад, вақте ба назди хонаи вай расидем, дидем аз хона хориҷ шуд ва ба сӯйи масҷид рафт, ба дунболи ӯ дохили масҷид шудем. Дидем, дар ҳоле ки рӯ ба қибла истода буд, оби даҳон бар замин андохт, ӯро салом нагуфтем. Ба дӯстам гуфтам, баргардем. Гуфт; магар ту ба дидани ин донишманд наомадаӣ? Ҷавоб додам; бале, аммо донишмандро дидам рӯ ба қибла оби даҳон хориҷ кард ва аз одоби Расулуллоҳ (с.) итоат накард… ӯро зоҳид ва донишманди воқеъӣ намедонам. Чи ҳар кас яке аз суннатҳои Паёмбарро (с.) тарк гӯяд, наметавонад иддаъои тақвӣ дошта бошад? Бидуни он, ки ба ӯ сухан бигӯем аз масҷид хориҷ шудем."

Дар ин маврид мебинем, ки Шайх Боязид (р) на танҳо ба чунин донишманд, ки саромади замон буд, эрод гирифт, балки салом доданро лоиқ нашумурд ба хотири он, ки вай хилофи суннати Расулуллоҳ (с.) амал кард.

Чи ҷои он, ки Муҳаққиқ иштибоҳоти Ҳоҷӣ Мирзоро баррасӣ намудааст, то ин ки ӯ ҳарчи зудтар аз паси ислоҳи он иштибоҳот гардад, то гуфторҳои ширини Ҳоҷӣ мутобиқати шариати Муҳаммадӣ ва боз ҳам ширинтар гарданд.

Астаъузубиллоҳ: " Иннамал мӯъминина ихватун фааслиҳу байна ахавайкум.

Ва тақуллоҳ . Лаъаллакум турҳамун - Ба таҳқиқ, мӯъминон бародари якдигаранд. Пас ислоҳ кунед дар миёни бародарони худ. Битарсед аз Худо то ба шумо раҳм карда шавад."

Дар ҷои дигар Шайх Боязид (р) мефармояд: "Агар "каромоти шахс" ба ҷое расид, ки бар ҳаво бипарад, бад-ин амали ӯ ғарра натавон шудан, то ки таҳқиқ кунем, дар муқобили авомир ва навоҳии шариат чӣ гуна рафтор мекунад" .

Дарёфтем, ки мусалмонон бародари якдигаранд, лозим аст, ки якдигарро ислоҳ намоянд аз хатогиҳо ва ҷурму гуноҳҳо. Дар ин маврид аз Аллоҳ (ҷ.) битарсанд, адолати имониро ба хотири Худо риоя намоянд. Ва нисбати як бародари мусалмон ҳасад ва кина наварзанд.

Ва ё мувофиқи ақидаи Шайх Боязид (р) каромоти шахс ба мақоме расид, ки дар ҳаво парвоз намояд, таъкид мекунад ба ин амали ӯ ғарра машав, яъне ин гуна амалро дар мизони шариат бисанҷ, таҳқиқ намо, баъдан бипазир.

Андар ин маврид Сайид Аҳмади Рифоъӣ (р) чи хуш фармудааст: "Ҳар гоҳмарди мусалмонеро дидӣ, ки соҳибкаромот аст бар ҳаво мепарад ва ё ба рӯйӣ об роҳ меравад, фиреби ӯро нахурӣ, аъмолаш ва гуфтору кирдорашро ба тарозӯйи шаръ бисанҷӣ то мутобиқати Қуръон ва Суннат намояд ва илло дари фитнаҳо кушода мешавад мар пайравони дини ҳанифро".

ҶУМЛАИ ПУРИХТИЛОФ

Шарафи Абубакр менависад: "Навиштаҳои Абдуллоҳи Муҳаққиқро дидам, ки саропо аз ояту ҳадис ва суханони Шайх Аттору бузургони дигар иборат аст. Ҳама аз рӯйи қойида ва қонун. Ҳеҷ камбудӣ нест".

Номбурда таъкид мекунад, ки нигоштаҳои Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҷавобгӯи меъёрҳои исломӣ буда, иштибоҳотеро, ки мавриди баррасӣ қарор додааст, айни муддао аст ва ба иззати нафси нафаре нарасидааст, балки ҳақиқатро баён кардааст, ки масъулият ва вазифаи ҳар як мусалмон аст.

Чӣ тавре, ки Набии Мукаррам (с) фармудааст: "Бигӯед ҳақро агар чанде бошад талх".

Аммо муаллиф аз фикри худ баргашта дар ҷумлаи баъдӣ мегӯяд: "Лек сухан сари тарзи гуфтори Муҳаққиқ меравад ва нияти ӯ, бо муомилаи дурушт Ҳоҷӣ Мирзоро аз боби одоб сухан омӯхтан аст. Агар Муҳаққиқ ин ҳама суханони бузургонро бо дасту дилу нияти пок матраҳ мекард, шояд савоберо дармеёфт. Мо тарафдори баҳси олимона, на пайрави дашному таҳқири ҳамсӯҳбат?

Суханони печ дар печи Шарафи Абубакр, тавре, ки дармеёбем, дар ду ҷабҳа ва сангарҳои муқобилмаъно камин гирифтаанду якдигарро сангборон мекунанд.

Дар ин ҷо ду ақида ва ду фикри мухолифро матраҳ намуда, ки байни худ, пайванди услубӣ, маъноӣ надоранд ва мантиқан муқобилмаъноанд.

Дар қисмати аввали ин бахш мегӯяд: "Навиштаҳои Муҳаққиқ аз ояту ҳадис иборат аст ва баъдан зикр мекунад, ки муомилаи дурушт бо Ҳоҷии гиромӣ кардааст ва ӯро аз боби одоб сухан омӯхтааст?!"

Лекин Шарафи Абубакр ягон ҳуҷҷат ва далел намеорад, ки чӣ гуна таҳқиқкунанда муомилаи дурушт кардааст ва ё нисбати касе дашномро раво дидааст?!

Чун нигоранда саропо ҳангоми таҳлил аз ояту ҳадис истифода бурда бошад, чӣ гуна метавонад бо дасту дили нопок суханони бузургонро ба хотири ғараз баён намояд ва ғараз, кина ва ҳасаде нисбати Ҳоҷӣ Мирзо дошта бошад?!

Дар ин навъи таҳлил ва барномарезӣ мақсади ниҳойӣ ва чеҳраи Шарафи Абубакр чун субҳи дурӯғин ҷилва мекунад. Мухолифи худ сухан гуфтани ӯ, ҳикояти аз ҳаммом омадани уштурро мемонад, ки ин ҷо зикрашро ҷойиз намедонам.

Ва дар охир барои Шарафҷон гуфтаниам, ки:

Бародарҷон, Хуросон аст ин ҷо,

Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо.


Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97