БОЗОР СОБИР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Фарҳанг ва адаб 20.12.2008 15:55

Дер боз мехостам дар бораи устоди бузурги шеъри форсӣ, яке аз саромадони бузурги худшиносии миллӣ, шахсияте, ки шеър ва кору пайкораш аз овони наврасӣ ба камина таъсири сахти равонӣ дорад, Бозор Собир мақолае нависам ва хушам меояд, ки ин навиштаи ночизи банда ба ҷашни мубораки 70 солагии устод рост меояд.

Ба гуфтаи бузургон, ҳар як инсон дар колбади худ бо фикру андешарониҳои худ як ҳокимият, як давлатест ва дар шинохти андеша ва фалсафаи бузургмардони таърих каминаи камтарин чун як тоҷики миллатдӯст ва миллатшинос фикру ақидаи хешро дорам.

Ин андеша зиёда аз 20 сол, аз овони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба мутолиаи адабиёти тоҷику рус ва адабиёти ҷаҳонӣ дар андешаи банда пайдо гаштааст ва фикр мекунам, ки фарзандони худогоҳи миллат низ ин фикри маро тасдиқ мекунанд.

Хулосаи банда аз он давраи пуршӯри бозсозии горбачёвӣ ҳамин ҳаст, ки агар замини Тоҷикистонро ба мизи чорпоя ташбеҳ диҳем, он гоҳ бешубҳа ва бечуну чаро аз ин чаҳорпоя тахтаи болои ҳамвораш замини пур аз кӯҳ (Тоҷикистон 93 фоизаш кӯҳ ва 7 фоизаш ҳамворӣ ҳаст) ва он ин чаҳор пояаш пеш аз ҳама устодони шеъри тоҷикӣ Мӯъминшоҳи Қаноат, Лоиқи равоншод, Бозор Собиру Гулрухсор ҳастанд.

Онҳо буданд, ки ба маротибаи аввал аз ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ бо ашъори соф миллии худ дар васфи Ватан, модар, забони тоҷикӣ, таърихи миллат дар дили хонандаи тоҷик баъди хоби гарони зиёда аз сӣ солаи шахспарастӣ, тарси террору панҷараҳои ГУЛАГ-и Сурх, як шӯру шар, як ҷунбишеро ҷой дода, инқилоби фикриеро бо номи "Ман", ки имрӯз худшиносии миллист, эҳё кардаанд ва бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ин чаҳор тан шоири миллии мо, чаҳор тан шаҳсутуни адабу фарҳанги мо дар зарфи қариб ним аср парчами худшиносии миллиро заковатмандона, бузургворона, пеш - пеши оммаи мардум то кунун бурда истодаанд ва боварӣ дорам, ки боз чандин даҳсолаҳо, то он замоне, ки тоҷик ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, байрақбардорони худшиносии миллии мо онҳо хоҳанд буд.

Устод Бозор Собир аз нахустин шеърҳои худ ва нахустин маҷмӯаи ашъораш "Пайванд" (1972) ба дили хонандаи тоҷик роҳ ёфт ва оҳиста-оҳиста ашъораш дили хонандагон - ҷавонони тоҷикро, солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта тасхир намуд.

Хонандаи тоҷик баъдан ҳар як маҷмӯаи хурд, вале дар айни замон як дунё маъно, як ҷаҳони бузурги маънавиро бо қаноатмандӣ қабул ва мутолиа мекард.

Рӯ овардан ба Бухоро ва хонадони Сомониён, бедор кардани эҳсоси шинохти аввалин Шоҳи тоҷикон Амир Исмоил дар адабиёти шӯравии тоҷик як падидаи наве буд, ки бо иборае Тоҷикистонро ларзонид ва ин ашъори саропо моломоли худшиносии миллӣ, ки дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" бо пуштибонии сардабири вақти рӯзнома, бонуи воқеан мубориз Бӯринисо Бердиева (рӯҳаш шод бод!) соли 1981 рӯи чопро дида буд, Кумитаи Марказии фирқаи - коммунистии Тоҷикистонро бо роҳбаронаш ба даҳшат ва қаҳру ғазаб афканд.

Бахусус аз таъсири сахти шеъри "Забони модарӣ"-яш, ки солҳои 70-ум рӯи чоп омад, бояд хотиррасон намоем.

Шоир чи хуш гуфтааст:

"Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою Девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт дод.

Ё дар ҷои дигар меоварад:

"Дар миёни тангчашмоне, ки

чашми тангашонро,

Ҳеҷ ганҷе пур намекард,

Ҳафт хони Рустамашро

барҳадар густурд.

Ҳафт ганҷи қиммати Афросиёбашро,

Барҳадар рехт,

Ҳафт мулкашро фидо кард!

Барои чунин сатрҳои ҷонсӯз ва ошкорогӯӣ дили шерона бояд дошт ва воқеан устод Бозор Собири миллатдӯст ҳамин гуна шердилу ғаюр ҳаст.

Ёд дорам, замоне, ки шогирди мактаби миёна будем ва соли 1980 ҷашни 1000 солагии Шайхуррраис Абӯалӣ Сино бо сарпарастии Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд, дар Тоҷикистон низ ба ин муносибат ҷашни бузурге барпо гашт ва расонаҳои хабарии кишвар шеърҳои зиёди шоирони тоҷикро бахшида ба ин ҷашн чоп намуда буданд, дар ин миён шеъри ба тозагӣ навиштаи устод "Теғи Сино" дар байни шеърҳои чопгашта мавқеи асосӣ дошт ва ду сатри охири он:

"Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,

Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт."

Чун сархат бо ҳарфҳои калони сиёҳ дар ҳарду саҳифаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп гашта буданд ва чун чашми хонанда ба ин сатрҳо меафтод, ӯро беихтиёр як ҳиссиёти аҷиби ифтихори миллӣ, ифтихор аз фарзанди фарзонаи миллат ва ифтихор аз тоҷик будан фаро мегирифт.

Ҳамон давра ба мани шонздаҳсола ин пораи шеър ҳамон гуна таъсири сахт расонида бд, ҳамчунин достони "Гаҳвораи Сино"-и устод Мӯъминшоҳи Қаноат, «Шинохти Сино» шеъри ба Шайхурраис бахшидаи шодравон, устод Лоиқ маро водор ба он сохтанд, ки он сол китобу мақолаҳои зиёдеро бо диққат дар бораи пури Сино хонам, ки китобҳое аз қабили "Пири ҳакимони Машриқзамин", "Сурат ва сирати Сино", "Пирӯзинома" ва ғайраҳо аз ин қабиланд.

Устод Бозор Собир дар шеърҳои лирикии худ ба замми он, ки табиати зебои диёрро хуб тасвир менамояд, ба ҳамин монанд воқеъаҳои таърихӣ, дарду доғи миллати басо ҷафокашидаи худро бо ҷумла, калима ва ибораҳои суфта ва зебо, равон ва шоирона ифода менамояд, ки чунин тасвирҳои пурсӯз беихтиёр шахсро ба риққат оварда, ба фикр намудан маҷбур месозад.

Оё чунин сатрҳои шеъриеро ба мисли:

Халқи тоҷик,

Халқи ормон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хаш,

Чун асирон.

Аз Ватан то бар кафан, ҳар буду нобуде, ки дошт

Бар Ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод.

- ро метавон бе эҳсосу ҳаяҷон ва бефикр қироат намуд? Фикр мекунам, ки он касе, ки тоҷики "хасакӣ" нест ва барояш дарду доғи ин миллати ҷигарсӯхта ва тӯли садсолаҳо дардкашида бефарқ нест, ҳеҷ гоҳ чунин сатрҳои ҷонсӯзро наметавонад ором ва бе шӯру эҳсоси ботинӣ бихонад.

Шоир тасвири мардони таърихӣ ва кору пайкори онҳоро чун рассоми мониқалам тасвир мекунад.

Масалан, дар шеъри Фирдавсӣ мегӯяд:

Ин ровии қаламраси Сосониёни вақт,

Ин шоири қаламрави Сомониёни вақт.

Дар маркази замин қалами тези хешро,

Чун яккамех, кӯфта лангар намудааст,

Бо лангари забони дарӣРахши шеърро.

Бо чунин услуб ӯ рӯзгор, хидмат ва фоҷиаи устод Айнӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро пурра ва возеҳу равшан баён сохтааст.

Шоири бузурги миллии мо аз ҳодисаҳои таърихии даврони бозсозии Шӯравӣ ва давраи пасошӯравӣ чун як узви ҷомеа ҳеҷ гоҳ дар канор ва бетараф набуда, ҳодисаҳои хунини Тоҷикистон, чун баҳманмоҳи хунуни соли 1990, воқеаҳои ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дили поки ӯро ба дард оварда, боиси инъикоси ин мавзӯъҳо дар асарҳои баъдияш гардидаанд.

Дар шеъри "Чашмҳои дурбинҳо кӯр бодо, кӯр!" оид ба воқеаҳои ҷанги таҳмилии тоҷиккуши солҳои 1992-1997 овардааст:

Кокули сабзи наистоне ба чанги мавҷи Омӯ,

Ҳамчу аз гесӯи занҳои "шиновар" мекашад ӯ.

Як наистон нолаам ман, як наистон печу тоб,

Як ҷигар дарёи хунам, як ҷигар дарёи об.

Дар ин сатрҳо, бо пуррагӣ даҳшати ҷанги ба ном шаҳрвандӣ, вале дар асл генотсиди халқи тоҷик бо пуррагӣ тасвири худро ёфтааст.

Бархе аз ашъори шоир чун шеъри миллӣ, ба гимни мардумӣ ва суруди миллии халқи тоҷик табдил ёфтаанд.

Чунончи, ба ин шеъри бисёр маъруфи "Исмоили Сомонӣ - девори Бухоро буд", мисол шуда метавонад, ки тариқи садо ва симо қариб ҳаррӯз такрор гашта, ба дӯстдоштатарин, маҳбубтарин шеъри ҳар як хонадони тоҷик табдил ёфтааст.

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем,

Ҳамсоли "Авасто"-ем, ҳам оташи Зардуштем,

Мо оташи Зардуштӣ, нокушта намекуштем.

* * *

Исмоили Сомонӣ, девори Бухоро буд,

Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд,

Мо ҳам кӯҳи хороем, девориБухороем,

Девори Бухороем, мо ҳам кӯҳихороем.

Оре, чунин ашъори бузург, чунин ашъори пуртаъсир метавонад сарҷамъкунандаи миллат бошад ва ҳаққо, ки чунин низ ҳаст.

Ҳақ ба ҷониби пешвои миллиамон Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ва доиман оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллати тоҷик дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва вазъи на он қадар хуби сиёсии ҷаҳон ҳарф мезананд.

Оре, дар ин давраи нозуки таърихӣ агар мехоҳем, ки чун миллат боқӣ монем ва пешрав шавем, бояд худшиносии миллиамонро ба ҳадди комил боло бардорем, маҳз наҷоти миллатро ман дар худшиносии миллии комил мебинам.

Дар ин асос адабиёт, таърих ва фарҳанги мо нақши аввалия ва ҳалкунанда дорад ва фикр мекунам, ки ашъори бузурги ватандӯстонаи устод Бозор Собир чун як мактаби бузурги худшиносии миллӣ барои баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллати мо, алалхусус боло бурдани сатҳи маърифату фарҳанги ҷавонону наврасон хизмати бузургеро анҷом дода метавонад.

Мавзӯи ашъори пасошӯравии устод ва алалхусус шеърҳои дар он сӯи ӯқёнус эҷоднамудаи ӯ, ки ҳам аз лиҳози вазн ва ҳам мазмун дар бисёр ҳолатҳо ба чаҳорчӯбаи назми форсӣ намеғунҷанд, аз лиҳози маънӣ ва мақсуд дар сатҳи хеле паст нисбати навиштаҳои даврони ҷавониаш қарор дошта, аз ҳазёне беш нестанд. Фикр мекунам он ҳама дар оянда таҳқиқоти адабӣ ва равонии худро интизор буда, сабабҳои пайдо шудани чунин ашъор омӯхта шуда баҳои худро дар доираи адабиёти навини тоҷик хоҳад гирифт. Ба ҳар ҳол ин навиштаҳои "амрикоӣ" ва аёми пиронасарии ӯ қадру манзалати устодро дар адабиёти худогоҳии тоҷик заррае кам нахоҳад кард ва ӯ чун шоири бузург барои ин миллат аллакай хидмати хешро ба анҷом расонидааст. Вазоратҳои маориф, фарҳанг, иттифоқи нависандагон барои тарғиби ашъори чунин шоирони бузурги миллӣ ва тарзи дурусти таълими эҷодиёти онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, макотиби олӣ бояд чораҳои аввалиндараҷаро андешанд, зеро замон, пешрафти ҷомеа ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳаминро тақозо менамояд. Миллату ақвоми дунёро маҳз бо шуарои бузургу донишмандони саршиносаш мешиносанд ва ба ҳамин маънӣ Аллома Иқболи Лоҳурӣ дуруст фармудаанд, ки:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил.


Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ҳуқуқшинос
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97