«Арӯси»-и бабри барфӣ

Донишнома 28.08.2019 14:44

 Аз зебоиҳои олами ҳайвонот ва табиати Тоҷикистон якеаш бидуни тардид бабри барфӣ аст. Ҳайвони хокистарранг бо нигоҳҳои тез ва холҳои калони зебо.

 

Бабри барфӣ аз хонаводаи гурбаҳои ваҳшӣ буда, наслаш рӯ ба инқирозу нобудӣ аст. Ба хотири нодир буданаш бабри барфиро дар Китоби сурх дохил кардаанд. Шикораш ғайриқонунист. Дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Бабри барфӣ дар моҳҳои январ – март, 1-5 бачча мезояд. Дар 12 кишвари ҷаҳон ба шумули Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Кӯҳҳои баланду барфпечи Бадахшон, Зарафшон, Рашт, Ҳазрати Шоҳ ва Вахш маҳалли сукунати ин ҳайвони нодир дар кишвари мост.

Дар шабакаи ҷаҳонии интернет хабарҳои ҷолиби хонданӣ роҷеъ ба ин ҳайвони гурбашакли ваҳшӣ ба чашм мехуранд. Ахиран як марди ванҷӣ дар деҳаи Бунайи Ванҷ як бабри барфиро, ки дар талоши ризқ ба деҳаашон ҳамла карда буд, дастгир ва онро дар ҷойи махсус нигаҳдорӣ мекард, ки бо дахолати масъулон ва созмонҳои ҳифзи ҳайвоноти нодир аз банд раҳо шуд.

Дар аҳди шӯравӣ низ як достони пурсару садо ҷанги як марди дарвозӣ бо бабри барфӣ буд. Бобои Саид аз деҳаи Зиғари Дарвоз ба ҷурми қатли як бабри барфӣ ба муддати 2 сол зиндонӣ шуд. Ӯ, ки дар совхоз кор мекарду барои алаф додани говҳо вориди каҳдон шуда буд, бо бабри барфие, ки аз сардиву гуруснагӣ дар каҳдони совхоз паноҳ бурда буд, даст ба гиребон мешаваду дар ниҳоят бабри барфиро мекушад. Агарчӣ ӯ аз худаш дифоъ карда буд, вале ба далели қатли ҳайвони нодир паси панҷара рафт.

Охирин хабари ҷолиб роҷеъ ба бабри барфӣ ин аст, ки дар моҳи декабри соли 2018 як бабри барфии модина аз Тоҷикистон ба Красноярски Руссия «арусӣ» шуд, то насли бабри барфиро дар он минтақа аз нестшавӣ наҷот диҳад.

Теъдоди умумии бабри барфиро дар ҷаҳон 7.5 ҳазор тахмин мезананд, ки боз ҳам бо омори эҳтимолӣ ҳудуди 300 сари он дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ дорад.

Саъдӣ Юсуфӣ

бознашр аз маҷаллаи "Ҳавво"/EVA

№1-2019

 

 

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97