Марди хирад ва маърифати воло

Дидгоҳ 19.01.2016 12:34

gggggg

 

Бо амри тақдир банда зиёда аз 10 сол бо марҳум Суҳроб Шарифов ҳамкорӣ доштам, ҳаммаром будем ва аз ҳамкорӣ ва ҳаммаромиамон бо зиндаёд Суҳроб Шарифов хурсанд будам, ҳастам ва хоҳам монд. Зеро ин гуна шахсони кушодадил, самимӣ, ростгӯй, ростқавлро дар ҷомеа кам дарёфтам. Ҳанӯз дар солҳои устодиам дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод С. Айнӣ бо падари марҳум Суҳроб Шарифов устод Иброн Шарифович ҳамкор будам ва эшонро ба ҳайси як инсони олиму ориф мешинохтам ва эҳтиром мекардам. Аз ин гуна инсони хуб албатта ҳамин гуна шахси закӣ ба дунё омадааст, ки идомадиҳандаи кори нек ва номи неки падар буд.

Дар дидорбиниҳо ҳамеша бо лаби хандон ва чеҳраи кушода вохӯрӣ мекард, ки он лаҳзаҳо аз хотири кас дур намешаванд. Дар маҳфилҳо ва мизҳои гирд суҳбаташро асоснок ва бо далелҳои раднопазир тақвият медод... Яке аз хислатҳои хуби марҳум Суҳроб Ибронович ҳамин буд, ки ӯ худашро ҳамеша бо мардум, бо ҷомеа ҳамнафас медид ва лаҳзае аз дарду мушкилиҳои ҷомеа дур гардида наметавонист. Ҳамеша мекӯшид, ки донишу малака, таҷрибаю ҷаҳонбиниашро дар роҳи ҳақ, сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа истифода барад. Дар кадом сатҳе, ки бошад, сухани ҳаққашро мегуфт. Суҳроб Шарифов донишманди хуби таъриху фарҳанг, фалсафаю ҷомеашиносӣ буд. Ҷаҳонбинӣ ва доираи назараш васеъ, фикру ақидааш равшан, сатҳи тафаккураш боло буд. Олими сермутолиа ва сермаҳсул буд, ки аз худ китобу мақолаҳои зиёд боқӣ гузоштааст. Дар байни зиёиёни тоҷик эътибори хуб дошт, тавре ки ҳикмати халқ ишора кардааст: Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. Зиндагӣ ончунон будааст, мисли корвони равон ҳамеша шитоб дорад ва моро ҳам бо худ мебарад, сӯи фардо. Омадану рафтанҳо ба ҳукми ҳамин зиндагии даргузар ва табиати афсункор будааст. Ҳаким Умари Хайём ин нуктаро олимона ва орифона хеле хуб ифода кардааст: Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд, Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд. В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, Рафтанду равему боз оянду раванд. Хуш ба ҳоли одамоне, ки пас аз падрӯд гуфтани ин ҷаҳони фонӣ шиносону рафиқонашон зикри хайрашон мекунанд, дуои некашон мегӯянд. Дуо мекунем, ки ҳамеша рӯҳи Суҳроб шод бошад. Ҳеч кунҷе бе даду бе дом нест, Ҷуз ба хилватгоҳи ҳақ ором нест.

 

 

Мавлон Мухторов, дӯсти наздики маҳрум

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97