Сайдулло Хайруллоев умре дар хидмати миллат

Дидгоҳ 28.10.2014 10:16

Saydullo khayruloРӯзи 10 - уми августи соли ҷорӣ Ходими намоёни давлатӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, Раиси Комиссияи назорати дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев  70- сола мешавад.

Ӯ ба ҳайси нахустраиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузор ва асосгузори парламенти касбии кишвар маҳсуб мешавад.

Сайдулло Хайруллоев аз зумраи аввалин ҳамсафони содиқу бовафои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки панҷ даъват вакили парлумон ва дар ду даъват Раиси МН буд. Коршиносони масоили сиёсӣ ӯро шахсияти нотакрор номидаанд. Шахсияте, ки дар масири пурпечутоби зиндагӣ обутоб ёфта, дар тамоми кору вазифаҳои масъулу баландпоя таҷриба андӯхтаву заркору гавҳаршинос ва инсони поку комил гардидааст.

Маҳз ҳамин таҷрибаи зиёд ва ниҳоят бузурги вай дар арсаи сиёсат буд, ки дар ҷаласаи МНи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилии ин  чеҳраи муҳими сиёсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ин ҷаласа аз меҳнату заҳмат ва хидматҳои шоистаи Сайдулло Хайруллоев ибрози қадрдонӣ ва таъкид карда буд, ки "Мо аз хидматҳои Сайдулло Хайруллоев дар муҳити сиёсии мамлакат самимона қадрдонӣ менамоем". Ҳамин таҷрибаи баланди корӣ буд, ки имрӯз Сайдулло Хайруллоев ҳатто дар солҳои бознишастагиаш низ раёсати яке аз идораҳои муҳими давлатиро бар уҳда дорад.

Мавсуф ба симати Раиси МН дар рушди устувори бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фархангии кишвар, ки равнақу ривоҷи онҳо аз мавҷуд будани заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобастагии зич доранд, нақши муассир гузоштааст. Маҳз ба шарофати бевоситаи ӯ ва вакилони ҳамонвақтаи МН ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузор ба давраи нави инкишофи парламентаризми муосир дохил шуд. 

Азбаски Хайруллоев то омаданаш ба парлумон обутоби сиёсӣ ёфта буд, ҳангоми фаъолияти касбиаш пешниҳодҳои ҳамаи вакилони МН, сарфи назар аз мансубияташон ба ҳизбҳои сиёсиро ба инобат гирифта, ҳамчунин аз машварату маслиҳатҳои олимон, ҳуқуқдонҳо, донишмандон ва аз таҷрибаи парламентҳои пешрафтаи дунё ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ба таври зарурӣ истифода менамуд. Аз ҷониби дигар, ӯ ба дониш, таҷрибаи корӣ ва давлатдории аксари вакилон, ки меҳнати софдилона мекарданд, такя мекард.               

Ӯ ҳамеша нисбат ба худ ва онҳое, ки ӯро иҳота кардаанд, хеле серталаб аст. Аҷоибаш он буд, ки ба ӯ ба осонӣ муяссар мегардид, ки гиреҳи ҳама гуна мушкилотро кушояд. Ӯ бо ҳама пиру барно забон меёфт. Мӯйсафедон ва хусусан суҳбати пирони барнодилро дӯст медорад. Ӯ, ки худ сабақомӯз аст, ибратомӯзонро мепарварад.

Дигар муваффақияти Сайдулло Хайруллоев дар МН он буд, ки ӯ тавонист муддати 10-сол бо палатаи болоии парлумони кишвар - Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки сарварии онро сиёсатмадори шинохта Маҳмадсаид Убайдуллоев ба зима дорад, ҳамкории судманд дошта бошад. Муддати солҳои тӯлонӣ байни ин ду палатаи мақоми олии қонунбарор ягон мушкилие вуҷуд надошт. Якдигарфаҳмии вакилони МН ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар сатҳи аъло буд. Сарварони ҳарду палата якдигарро хуб мешинохтанд, мефаҳмиданд ва эҳтиром мекарданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки ҳар қонуне, ки қабул карда мешавад, пеш аз ҳама, бояд манофеи миллии кишварро ҳимоя намояд. Дар он рӯзҳо буданд қувваҳое, ки намехостанд ин ду палата дар якҷоягӣ фаъолияти муассир дошта бошанд. Ба воситаи матбуот ва дигар роҳҳо кӯшиш мекарданд, ки дар сурати эҳтимоли пеш омадани ин ё он масъалаҳои баҳснок онҳо ҳалли худро наёбанд. Вале тавассути роҳбарии оқилонаи сарварони ҳарду палата ва таҷрибаи бойи онҳо парламент тавонист, дар муддати начандон тӯлонӣ, дар миёни ҷомеа мавқеи хоса пайдо намояд. Дар муддати ин солҳо қонунҳои муфиди зиёде қабул шуд, ки ҳоло мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Сайдулло Хайруллоев хуб мефаҳмид, ки самаранок фаъолият намудани ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ роҳи ба эътидол овардани назму низом дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа пурра таъмин менамояд. Бинобар ин, пайваста мекӯшид, ки ин се шохаи ҳокимият дар якҷоягӣ ҳамкории судманд дошта бошанд.

Мо, - мегуфт ӯ, бояд тамоми фаъолиятамонро ба он равона созем, ки демократия ва риояи қонун барои ҳама баробар татбиқ гардад. Қонуну қонуниятро дар ҷумҳурӣ амалӣ намоем ва ҳама гуна қонунвайронкуниро бартараф созем.

Маданияти баланди сарварӣ, инсондустӣ, меҳрубонӣ, софдилӣ, хушмуомилагӣ, самимӣ будан аз шумори он хислатҳоеанд,  ки Сайдулло Хайруллоевро инсони комил гардонидаанд. Ҳангоми ҷаласаҳо ҳамеша кӯшиш менамуд, ки ҳалли дурусти масъала ва ё муҳокимарониро аз роҳи ҳақиқат ва андешаи солим дарёбад. На ҳар кас метавонист мисли ӯ дар ин вазифа фикри мухолиф ё ақидаи дигарро гӯш  кунад. Вале ӯ баръакс иштиёқманди шунидани андешаи мухолифи солим буд. Корафтодагони зиёде ба ӯ ба МН муроҷиат мекарданд. Вай ба ниёзҳои ҳама расидагӣ мекард.

Дар МН Сайдулло Хайруллоев обрӯи хоса дошт, ки аз тафаккури баланду ҳисси олии масъулиятшиносиаш дарак медод. Дар ҷаласаҳо андешаҳояшро хеле бомулоҳиза, вале моҳирона иброз менамуд. Ҳамкасбонаш бо ҳисси эҳтироми зиёд ба мулоҳизаронияш таваҷҷуҳ мекарданд. Ӯ кам мегуфт, вале хуб мегуфт. Доимо ба нишон, ба мақсадаш, мерасид. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки барои халқу ватанаш софдилона ва фидокорона хидмат кардааст.

… Сайдулло Хайруллоеве, ки ҳама бори гарони зиндагиро ҷавонмардона фурӯ бурд. Ӯ кор гуфта, дар айни камолот ба бистари беморӣ афтид. Бемор шуду боре сир бой надод. Соли чоруми фаъолияташ ба ҳайси Раиси МН буд. Парламенти касбӣ акнун қадамҳои устувор монданро мисли кӯдаки чорсола аз худ мекард. Ӯ ҳамаро мебоист мисли падари ғамхор дар оила сарварӣ мекард. Аксари вакилони МН аз вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи давлатӣ ба ин мақоми олии қонунбарор омада буданд. Қисми дигар хеле ҷавон буданд. Ба ҳамаи онҳо дил ёфта, кор кардан лозим буд. Аксари ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар парлумон намояндагии худро доштанд, кӯшиш мекарданд аз минбари муносиб истифода карда, мардумро ба сӯи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин ҳамон вақт роҳбарӣ кардани аввалин парлумони касбии мамлакат кори осон набуд…

Ёд дорам, зимни сафарҳо бо ӯ ба ноҳияҳои кӯҳистон, мардум ҳамеша аз кору  рафтор ва кирдори некаш ёдоварӣ мекарданд. Қисми зиёди мӯйсафедон сохтмони канал, обанборҳои хурд, роҳу пудҳоро ба давраи роҳбарии ӯ дар сатҳи ноҳия ва ё вилоят мансуб медонистанд. Ӯ қариб, ки ҳамаро ном ба ном мешинохт. Ана ин бобои Саидбек аз ноҳияи Ҷиргатол, ана инаш бобои Раҳмонқул аз ноҳияи Совет аст, -  мегуфт ӯ. Мӯйсафедони кӯҳистон нақл карданд, ки Сайдулло Хайруллоев ҳангоми сарвариаш дар ноҳия нафақат талаб мекард, ки ин ва ё он корро иҷро намоем, балки мегуфт, ки рафта боз ба фалонӣ ёрӣ расонед. Хеле ҷиддию серталаб буд. Мо ба маҳорати роҳбарӣ, кордонӣ ва одамшиносии ӯ қоил будем…

Дигар хислати хуби Хайруллоев он аст, ки ӯ каломи бадеъро дӯст медорад. Ашъори  Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ, Ҷомӣ, Фирдавсӣ ва ашъори адибони муосирро бештар мутолиа менамояд. Меҳмонхонааш баъди кор доимо сермеҳмон аст. Дар қатори Гулназар Келдию Сорбон боз меҳмонони зиёде аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба суроғаш меоянд. Дар ҳалқаи меҳмонон ӯ ғазали машҳури "Эй сорбон оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад"- ро хонда, ҳаловат  мебарад…

Сайдулло Хайруллоев яке аз он нафаронест, ки беҳтарин хислатҳои инсони комил, аз ҷумла имон ба Худо ва ҳодии роҳи рост, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар замираш  нуҳуфта буд. Соли 2012 -ум ин ангеза боиси ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудани вай гардид…

Дар бораи ин сиёсатмадор, дар ҳақиқат чизе навиштан хеле душвор аст. Ӯ аз зумраи он роҳбаронест, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт суханашро ба ҳаво напартофтааст. Орому ботамкин аст. Вале дар ин оромӣ туғёне ҳамеша ниҳон аст. Ӯро зиёда аз 20-сол боз мешиносам. Вале барои шинохтани ӯ 20-сол кам аст. Ӯ ба парлумони касбӣ, яъне ба МН рост омаду рост рафт. Назди касе сар хам накард.

Ёд дорам, 27 марти соли 2000 -ум дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми МН даъвати дуюм бо ҷонибдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ба вазифаи Раиси МН ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ ва шахсияти шинохтаи кишвар Сайдулло Хайруллоев интихоб шуда буд. Ӯ ҳамон рӯз хоксорона гуфт: "Агар Шумо маро ба вазифаи масъулиятноки Раиси МН сазовор донед, тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи кории  худро ба он равона мекунам, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ёрии бевоситаи Шумо, вакилони гиромӣ, ҷиҳати мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати кишвар, ободии ватани ягонаамон-Тоҷикистони азиз, самимона хидмат менамоям". Хайруллоев ба ваъдааш вафо кард.

МН дар тӯли солҳои раисии Сайдулло Хайруллоев, ки ба нафъи халқу ватан хидмат карданро мақсади асосии худ қарор дода буд, ба як мақоми шоиста, боэътимод ва устувори қонуният ва адолати мамлакат табдил ёфта, вазифаҳои масъуле, ки ба зима дошт, бо сарбаландӣ иҷро кард.

Нақши Ӯ дар ташаккули парлумонсолорӣ ва дипломатияи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят муассир аст. Вай  тавонист дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ парламенти касбии доимоамалкунандаи мамлакатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Худаш шахсан кам сафар мекард, вале тавонист намояндагони аксари парламентҳои калонтарини дунёро ба Тоҷикистон ҷалб намояд.

Нафаре, ки тамоми умри бобаракати худ ва ҳастии худро ба ин давлату меҳану миллати сарбаландаш бахшидааст. Ва дар ивазаш чизе нахост. Ӯ тамоми умр бо ҳамин миллати сарбаланду боору номуси хеш буд. Рӯзҳои хеле вазнинро дар ин 70-сол аз сар гузаронд. Ба ҷонаш борҳо сӯиқасд карда буданд.  Вале ӯ мисли кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистонаш хомӯш аст.

…Соли 1994 буд,- мегӯяд Сайдулло Хайруллоев.  - Соли хеле вазнин.  Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Тамоми қувваҳои зиддиҳукуматӣ аз пойтахт фирор карда, дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон паноҳ бурда буданд. Дар яке аз рӯзҳои ҳамон солҳо Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон маро ба наздаш даъват карда,  кӯтоҳ гуфт:. - Вазъи сиёсии кишвар хеле ноором аст. Ба сари миллат бадбахтии калоне омадааст. Баъзе қувваҳо аз беруни кишвар низ манфиатдоранд, то миллату давлати  моро аз байн баранд. Истиклолияти моро намехоҳанд. Бинобар ин, ман аз Шумо муҳтарам Сайдулло Хайруллоев, боварии калон дорам. Шуморо ба ҷойи хеле мушкилу вазнин мефиристам. Боварӣ дорам Шумо бо он донишу заковат ва ақлу фаросате, ки доред вазъияти ноҳияи Раштро ба эътидол оварда метавонед. Онҷо ҳар кор шуданаш мумкин аст. Хоҳиш мекунам худатонро эҳтиёт намоед,- гуфт ҳангоми хайру хуш Эмомалӣ Рахмон, - ба ёд меорад Сайдулло Хайруллоев.

Ҳамон солҳо мо акнун дуюмин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро дар мамлакат ҷашн мегирифтем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо, раисони ноҳияҳо, пеш аз ҳама, халқро дар атрофи ҳукумати қонунӣ муттаҳид намудан буд. Мо бояд ҷонибдорӣ аз қувваҳои солимфикри ҷомеа мекардем. Танҳо ба заковату хирадмандии мардумамон такя кардан лозим буд.

Ҳукумат барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишварамон чораҳои эарурӣ меандешид. Вале ин ба осонӣ муяссар намешуд. Чаро ки вазъ дар сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Исломии Афғонистон ҳанӯз ҳам ором набуд. Бар зами ин, масъалаи гурезаҳо низ ба вазъи сиёсии кишварамон таъсири худро мегузошт. Аз ин вазъияти душвори баамаломада қувваҳои носолими зидди ҳукуматӣ мехостанд ба ҳар воситае истифода баранд. Пеш аз ҳама, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зада, мехостанд боварии мардумро аз ҳукумати қонунӣ дур кунанд. Худи ман бевосита шоҳиди чунин воқеа гардида будам.

Субҳи барвақт ҳамчун раиси ноҳияи Рашт ба утоқи кориам даромадам. Тамоми кӯчаву хиёбонҳои ноҳия сокиту ором буд. Ногаҳон хомӯшии тӯлониро ду нафар сарбозе, ки либоси низомӣ доштанд, халалдор намуданд.

"- Муҳтарам Раис иҷозат диҳед вориди утоқатон шавем, - гуфтанд онҳо бо як нармии хоси ҷавонони ҳамонвақта.

- Ман Шуморо гӯш мекунам, -гуфтам ба онҳо.

- Вазъият хеле ҷиддӣ аст. Гурӯҳи силоҳбадасте иборат аз 12 нафар 10 нафар талабагони мактаб-интернати ноҳияро дар минтақаи "Полигон" ба асорат гирифта, талаб доранд, ки мо силоҳбадастони ба асорат гирифтаи онҳоро озод намоем. Ҳамчунин тақозо доранд, ки  раиси ноҳия ҳатман ба наздашон ояд.

- Ман ҳатман сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва сардори шуъбаи амнияти ноҳияро супориш медиҳам, то ки онҳо ба ҷои воқеа ҳозир шаванд,- гуфт ба онҳо Сайдулло Хайруллоев.

-Раис,  мо ҳоло бояд ҳатман биравем.

Ман ба онҳо бовар карда, ба мошини тамғаи жигулиашон  нишастам. Минтақаи "Полигон"-и гуфтагии онҳоро хуб медонистам. Мошин бо суръат пеш мерафт. Аз сарам чандин хаёлҳо мегузашт. Ҳой номардон, -  мегуфтам худ ба худ. Наход, ки кӯдакони бегуноҳро  ба ин корҳои ношоистаатон  шомил кунед. Ҳамин тавр бо андешаҳои гуногун, ки ҳамон лаҳзаҳо ба сарам меомад, чӣ тавр минтақаи "Полигон"-ро  гузаштаем, ба ёдам нест.

- О бародарҳо мо минтақаи "Полигон"-и гуфтагиатонро гузаштем. Ку силоҳбадастони гуфтагии Шумо?. Дар куҷо киро асир гирифтаанд? Акнун бараъло ҳис кардам, ки онҳо дурӯғ гуфта,  маро барои мақсадҳои нопокашонро иҷро кардан бо роҳи фиреб ба ин ҷо овардаанд.

- Раис, акнун даври раисиатон ба охир расид. Калима арза кунед, - гуфтанд бо таҳқир силоҳбадастон.

Ногаҳ чашмам ба автомати "Калашников", ки дар паҳлуи силоҳбадасти ронанда хобида буд, афтид. Ба як чолокӣ онро ба даст гирифтаму ба гӯши ронанда рост мондам.

- Ку ба қафо гардед. Рост ба ҳукумати ноҳия меравем,- гуфтам ба силоҳбадастон. Бо дасти чапам як мушти обдор ба сари силоҳбадасти дуюм задам, ки дар қафо менишаст. Аммо ҳангоми бозгашт силоҳбадасти дар қафои мошин нишаста, дари мошинро кушоду худро ба дарёи Хингоб андохт.

- Ба ҳар ҳол як силоҳбадасташро оварда, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия супурдам, - мегӯяд Сайдулло Хайруллоев. Баъди пурсупоси зиёд аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия маълум шуд, ки ин ду нафар силоҳбадаст аз хоҷагони берунаи худ супориш гирифтаанд, ки маро ба ҳар роҳе, ки бошад бояд аз байн бубаранд. Вале тирашон хок хӯрд. Ана ҳамин хел Худованд ба ман умри дубора бахшид, -мегӯяд Сайдулло Хайруллоев.

Ӯ таърихи зиндаи миллати тоҷик аст. Таърихе, ки озодагию покиро мепарварад. Ӯ худ покдилу ростқавлу қавиирода аст. Бинобар ин ҳамеша покдилонро мепарварад.

Сайдулло Хайруллоев нисбати таъриху фарҳанг ва мероси адабии бузургони адабиётамон ҳамеша бо дилсӯзи муносибат менамояд. Бо дастгирии бевоситаи ӯ "Гулшани тавҳид"-и Мавлавӣ Шоҳидии Раштӣ, "Мазҳари кулл"-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ ба табъ расидаанд. Китоби гаронбаҳо ва беҳамтои "Вакилони халқ", ки барои рушди ҷомеа ва пешрафти он қимати беандоза дорад, бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи Сайдулло Хайруллоев рӯи чоп омадааст.

Борҳо ҳамроҳаш ба хориҷи кишвар ва ё дохили кишвар сафарҳои корӣ намудаам.  Хислати аҷоиб ва хулқу атвори рангин дорад, Сайдулло Хайруллоев. Дар бораи ин шахсият ман бо ҳавас менависам. Ҳол он ки ҳангоми ҳамроҳаш кор кардан аз ҳама бисёр маро сарзаниш мекард. Вале медонистам, ки ба фоидаи кор маро сарзаниш мекунад…

Дилаш ба ҳама чиз месӯзад. Ҳама медонистанд, ки аз нисф зиёд маоши кориашро ба дармондагону камбизоатон тақсим карда медод. Бо гузашти айём, ҳатто ҳузурбошҳояш (телехҳояш) ӯро бо некӣ ёдоварӣ мекунанд…

То ҷое ман иттилоъ дорам, Сайдулло Хайруллоев дар зиндагӣ дӯстони зиёде надорад. Дар гирду атрофаш онҳое ҷамъ шудаанд, ки пеш бо онҳо кору фаъолият намудааст. Яъне ҳама дӯстони қадимиву озмудашуда мебошанд. Яке аз ин гуна дӯстони самимии ӯ марҳум Зафар Нозим буд. Сайдулло Хайруллоев дар кӯчаҳо бо ӯ якҷоя қадам заданро хеле дӯст медошт. Шодравон Зафар Нозимов хеле марди чақ-чақӣ буд. Таҷрибаи бойи зиндагӣ дошт. Бинобар ин Хайруллоев бисёр ӯро дӯст медошт ва эҳтиром менамуд. Ӯро ҳамроҳаш ба мошинаш шинонида, ба маъракаҳо низ мебурд. Каме аз дӯстони Хайруллоев бо ин илтифоти баланд муяссар мегардиданд. Онҳое, ки Сайдулло Хайруллоевро солҳои сол мешиносанд, хуб мефаҳмиданд, ки дӯстӣ бо ин сиёсатмадор чӣ маънӣ дорад. Дӯстӣ бо Сайдулло Хайруллоев дӯстӣ бо оташ аст.  Ин оташ метавонад ҳар лаҳза пару боли Шуморо сӯзонад, агар Шумо ба ин гуна дӯстӣ омода набошед. Ӯ ба маънои томаш табиби дилу ҷони инсонҳои комил аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ чашм ба дасти дигарон надошт. Ҳамеша дили кушоду равшан  дорад.

 Шогирдону дастпарварони ӯ, ки худашон ҳоло ба дараҷаи камолот ва устодӣ расидаанд, устодашонро бо эҳтиром ба ёд меоранд ва корномаи ӯро идома медиҳанд.

"- Ман хеле хушбахтам, ки якҷоя бо Сайдулло Хайруллоев дар МН фаъолият намудаам, - мегӯяд  собиқ вакили парламент Шавкат Исмоилов. 

 -Сайдулло Хайруллоев ба маънии томаш тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ӯ аз зумраи он сиёсатмадорони шинохтаи кишварамон аст, ки дар солҳои хеле вазнин барои ҷумҳурӣ, махсусан солҳои  аввали истиқлолият,  ба ҷуз ин Ватан ҷои дигаре саҷда накардааст. Ӯ аз оғоз то кунун ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафаси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар қатори беҳтарин сарсупурдагони миллат  амнияту осудагии кишварамонро таъмин намуд. Вай ҳамеша дар сиёсат роҳи мушкилашро меҷӯяд. Аз ҳама муҳимаш ифтихори миллӣ ватану ватандӯстиро аз ҳама арзишҳо боло мегузорад. Ман кам касонро мисли ин марди  хирадманд дидаам.

Ёд дорам солеро, ки  муҳлати раъйпурсӣ  оид ба Сарқонун ва интихоби Президент  муайян шуда буд. Ҳамон солҳои вазнин фишороварии сиёсӣ ба халқу ҳукумат авҷ гирифта буд. Ана ҳамон солҳои вазнин ман бори аввал баромади Сайдулло Хайруллоевро дар назди мардуми кӯҳистон дидам.

"- Бузургии мардуми мо дар он аст, - мегуфт Сайдулло Хайруллоев, ки мо ҳеҷ вақту замон ба муқобили халқу миллати дигар сухане нагуфтаем ва ҳеҷ халқро таҳқир ҳам накардаем. Ин хусусият хоси аҷдоди мост. Мо миллати худро дӯст медорем ва ҳамеша эҳтироми миллати дигаронро нигоҳ медорем. Мо забони модарии худ, анъанаҳои миллии мардумамонро бояд эҳтирому пос дорем, суруди миллӣ, парчами худ нишони давлатиамонро азиз дорем. Давлат он вақт зинда мемонад, ки миллату забонаш зинда монад. Ваҳдати миллии мо аз мо тақозо мекунад, ки ҳар гуна кинаву адоватро фаромӯш кунем".

Сайдулло Хайруллоев дар анҷоми вохӯрӣ, - суханашро идома дода мегӯяд Ш. Исмоилов,  ҳамагонро дар муайян кардани муҳтавои Сарқонун ва интихоботи сардори давлат даъват намуд, ки фаъолона иштирок намоянд. Ин кори як ё ду нафар нест, - гуфт ӯ. Ин кори тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки ба сарнавишти худ, таърихи миллати худ овоз медиҳанд.

Ана ҳамин хел ман бори аввал ба халқ аз сидқи дил хидмат карданро, ифтихори миллӣ доштанро, шарафи миллии худро ҳифз намуданро аз устод Сайдулло Хайруллоев омӯхтам. Баъдтар ҳангоми иҷлосияҳои МН ӯ аз минбари баланди парлумон борҳо таъкид доштанд, ки миллате, ки худро дӯст медорад, миллати дигарро паст намезанад, мо сарнавишти миллатамонро бояд худамон муайян кунем. Ӯ барои мо вакилони насли ҷавон як мактаби омӯзиш ва камолоти зиндагӣ буд. Мо ӯро ҳама хурду калон эҳтиром мекардем. Сухани он кас барои мо ҳукми қонунро дошт. Мо ҳамеша аз ғамхориҳои падаронаашон бархӯрдор будем. Дилашон дарё буд.

Сайдулло Хайруллоев ҳамеша ҳангоми фаъолияташон кӯшиш мекарданд, ки масъалаи маҳаллу маҳалгаройӣ аз байн бурда шавад. Мо тоҷикем, мегуфт ӯ. Биёед тоҷикона биандешем. Тоҷикистон Ватани умумии ҳамаи онҳое, ки хуни нофашон дар ин сарзамин рехтааст, ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз забону миллат, мазҳаб, биёед ин анъанаҳои аҷдодиамонро риоя кунем ва ҳифз намоем. Ӯ дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ мавқеашро иваз накардааст. Дар кадом вазифае, ки кор кардааст, ҳамеша ростиву ҳақиқат ва адолатро пеша кардааст. Мавсуф ҳамеша бо илму маърифати хосааш, одаму одамгариаш аз дигарон фарқ карда меистод. Ман албатта аз номи худам ва собиқ вакилони солҳои 2000-2010-ум, онҳое, ки ҳамеша иззату эҳтироми он касро пос медоранд ин сиёсатмадор ва ходими намоёни давлатиро бо ҷашни мубораки 70-солагиашон аз самими қалб табрик менамоям,- мегӯяд собиқ вакили МН, собиқ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Исмоилов.

Чунин хотираҳои некро аз ҳаёт ва фаъолияти шахси бомаърифат ва дорои таҷрибаи бои роҳбарӣ зиёд овардан мумкин аст.

 Сайдулло Хайруллоев ба синни мубораки 70 қадам мондааст, аммо ҳоло ҳам серғайрату   чусту чолок аст. Қомати баландаш росту устувор аст. Зиндадилу шахси хушгап аст.

Ҷашни 70-умин соли умри пурбаракат ба ин марди шариф муборак бод!

Муҳаммадато Султонов

махсус барои рӯзномаи "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97