Мо зиёием…!

Дидгоҳ 05.01.2011 13:28

jonon ikromi

Таърих собит месозад, ки дар марҳилаҳои душвортарини гузаришу сох­тори давлатӣ нақш ва вазифаи зиёиён бас баланд аст. марҳилаи ав­ва­ли давлатдорӣ доир ба вазъи маориф, маданият, адабиёту санъат бо му­бо­ҳисаву талошҳо ва муҳокимарониҳо мегузарад. Аммо марҳилаи дуюм дар ҳолати сохторҳои нави соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохт­монҳои роҳҳо мегузарад, ки акнун ин ҷо фикру мулоҳизаҳои му­та­хас­сисон, зиёиёни соҳаҳои техникӣ ва олимон аҳамияти ҳалкунанда мебозанд.

Ин падида барои ҷомеа

фаҳмо нест

Таърих собит месозад, ки дар марҳилаҳои душвортарини гузаришу сох­тори давлатӣ нақш ва вазифаи зиёиён бас баланд аст. Марҳилаи ав­ва­ли давлатдорӣ доир ба вазъи маориф, маданият, адабиёту санъат бо му­бо­ҳисаву талошҳо ва муҳокимарониҳо мегузарад. Аммо марҳилаи дуюм дар ҳолати сохторҳои нави соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохт­монҳои роҳҳо мегузарад, ки акнун ин ҷо фикру мулоҳизаҳои му­та­хас­сисон, зиёиёни соҳаҳои техникӣ ва олимон аҳамияти ҳалкунанда мебозанд.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ҳамааш бо ҳам омезиш ёфтааст, зиёи­ён дар ҳайратанд. Ҳоло намояндагони сохторҳои давлатӣ ба сафи пеш баромадаанд – ин, албатта, хуб аст, ки арбобони давлат ва соҳиб­ман­сабҳо нақши пешбар доранду зиёиён ба қатори дувум гузаш­та­анд. Возеҳтар бигӯем, зиёӣ дигар пешниҳоде намекунад, роҳ нишон намедиҳад, аз ташаббус нишон додан ҳам барканор гардидааст, вай таври одӣ шоҳиди зиндаи тамоми дигаргуниҳост, ба ҳамаи рӯйдодҳои зиндагӣ аз гӯшае наззора месозад. Зиёӣ беэътиност, заифу беҳаракат аст. бинобар ин вай хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

Ахиран, аввалин шуда шоири маҳбуби мо Мӯъмин Қаноат дигар тоқат карда  натавонист ва дар мусоҳибаи ҳафтаномаи «Миллат» муносибати худро нисбати рӯйдодҳои ҷомеаи мо ба забон овард.

Ман фикр мекунам, аз ин касе бехабар намонд. Тамоми зиёиёнамон бо мароқи зиёд фикру мулоҳизаҳои шоири бузурги (ман аз гуфтани ин сухан ифтихор дорам- муаллиф) мо Мӯъмин Қаноатро бихонд. Албатта, на ҳама бо баъзе гуфтаҳои шоир мувофиқат доштанд. Бисёриҳоро баъзе фикру мулоҳизаҳои оид ба зиёиён гуфтаи шоир таконе дод. Ӯ возеҳу равшан фик­ру мулоҳизаи шахсии худро иброз дошт, ки оид ба рушди маданият, таъ­риху адабиёт, ҳамчунин пешрафти ҷомеа тааллуқ доштанд. Дар он му­соҳиба ҳама чиз ғайриодӣ буд: суол, посух, афкори навину ҷасурона ва су­ханони ифодагари ҷаҳонбинии имрӯзии шоири мо. Бори аввал аст, ки дар солҳои охир, нахустзиёӣ хеле содда, озодона фикру мулоҳизоти худро иб­роз дошт. Аҷаб не, маҳз ҳамин ғайриодӣ, оштинопазирона будан бо маф­ҳумҳои аз ин пеш одат накардаи мо, васеъ будани домони муаммо ва му­ҳокимарониҳо, возеҳу равшанӣ, ба мулоҳизаи дигарон такя наовар­дан­ҳост, ки боиси  парешонхотирии зиёиёни хомӯшу хомӯши мо гардиданд.

Ман ин ҷо аз шахсият, нотакрорӣ ва ё беназирии шоир воқиф гардидам. Вай ба сарчашмаҳои барои умум маълум муроҷиате накард, барои исботи фикраш иқтибосе наовард, аз классикон, аз арбобони бузурги давлатӣ. Кӯмак нахост, вале шахсияти худро намоён кард, тозагии ниҳоди худро нишон дод. Ин буд фардияту симо. Барои ҳар як шахси босавод ба хубӣ маълум аст, ки яке аз беҳтарин сифати инсон-ҳамин фардияту симост. Вай баробари таваллуди одам меояд, вай қимат аст, нумӯ мекунад, бо самимияту меҳрубонӣ тавъам аст: дар ҳама ҳолат бо худ будан аст, - аз ин­тихоби касбу ҳунар то тарзи сухан гуфтан, фикр кардану тарзи рафтор-қадаммонӣ. Самимӣ будан, ҳақро гуфтан, виҷдон доштани ҳар шахс ба тарбият вобаста будааст, ки ҳар як шахсияти бузург дорои ин хислатҳост.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мо бори нахуст суханони самими ва ширини инсонро, ки чизеро пинҳон накард ва ошкоро гуфт, шунидем. Вай он су­ха­нон­ро дар сӯҳбати чанд тан аз наздиконаш не, балки кушоду рӯшан дар пеш­рӯи ҳама – ҳам дӯстон ва ҳам рақибон бигуфт. Бидуни шак, ман бори ди­гар шоҳиди он гардидам, ки шоири маъруф ва арбоби ҷамъиятӣ доманаи васеи донишу фазилат оид ба адабиёт, таъриху фалсафа ва ҳатто сиёсат дорад.

Ин дафъа садои ӯ садои ҳақиқии як зиёӣ буд

Аз Хуҷанд низ садое баланд гардид, ки ҷавоби адабиётшиноси маъруф, олими намоён Атахон Сайфуллоев (Адабиёт ва санъат, №47, 25 ноябри соли 2010) буд. Ӯ мувофиқи табъи оташбори худ, аз рӯи дониши ҳамаҷонибаи адабиёти муосир ва таърихи он, мулоҳизаҳои худро оид ба афкори устод Мӯъмин Қаноат иброз дошт. Олими шӯҳратманди мо метавонист мушаххас  фикру мулоҳизаи худро баён намояд, мисолҳои мухтасари раднопазире оварад. Маълум, ки А. Сайфуллоев хеле зиёд не­рӯ сарф кардааст: баъзе ноаниқиҳоро ёфтааст, далелҳои таърихӣ оварда­аст, аз эҷоди худи шоир ҳам порчаҳо барои исботи афкори хеш оварда­аст, хуллас сайри таърихие дар илму адаби ҳозирзамони мо кардааст. Дар ҳоле ки шоир бидуни кадом тайёрӣ, тарзи шифоҳӣ, бадо­ҳа­тан бо муҳаррири «Миллат» сӯҳбат оростааст, ки ногузир баъзе нофаҳмию ға­лат роҳ ёфтан ҳам мумкин аст.

Ман фикр мекунам, ки дар чунин ҳолат ду тараф дар вазъи нобаробар қарор доштанд. Яке фикру мулоҳизаи худро ба тариқи сӯҳбат ифшо кардааст, дигаре рӯ ба сарчашмаҳо оварда, аз адабиёти мавҷуда васеъ истифода бурда, орому ноором, ба рӯзнома нигариста, ҷавоби пур аз далелу бурҳонҳоро ба мардум эҳдо кардааст. Охир, бубинед, ки тафовут аз куҷо то ба куҷост? Барои ҳамин ҳам, посухи Толибшоҳ Саидзода дар саҳифаҳои «Мил­лат»-ро («Миллат», №47, 24 ноябри соли 2010) ба навиштаи тунду те­зи Атахон Сайфуллоев интизор шудан як амри табиӣ буд.

Фикр мекунам, маншаи асосии ин навишта аз муҳаббат ва садоқат нисбати шоир Мӯъмин Қаноат, эҳтиёҷоту бузургии ӯ, маъруфияти ӯ дар миёни мардумон ва дӯстдори назми воло ангеза мегирифт. Вай бидуни истиҳола, ҷилави сухан сар дода, хостааст, ки адабиётшиноси намоён, профессори маъруфро «дар ҷояш бинишонад» ва баъзе гуноҳҳои вақти сарвари Кумитаи радио ва телевизион буданаш содиршударо низ ба инони қалам додааст, ки он замон ҳукмронон қудрате надоштанду қонуният дар ин ҷо ба ҳар ду по мелангид.

Бояд гуфт, ки Атахон Сайфуллоев, хеле ҳам беҷо ба ёди хонанда овардааст, ки дар он вақт, бисёре аз зиёиёни мо: олимон, шоиру нависандаҳоямон маҷбур буданд бо Ватан алвидоъ гуфта, барои худ маскани муваққатӣ меҷустанд, ба мамолики дигар мерафтанд, ки байни онҳо устод Мӯъмин Қаноат низ буд. Вале вай ба зудӣ пас аз сари қудрат омадани Ҳукумати қонунӣ бозгашта ва тамоми қувваю нерӯи худро баҳри сохтори давлати наву демократӣ ба харҷ дод.

Толибшоҳ Саидзода дар навбати худ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки Сайфуллоев ҳам, дар вақташ аз пойтахт, ки ҷангиён бедодгарӣ мекарданд, рӯ ба фирор оварда, ба Хуҷанд расид ва он ҷо оромакак бо эҷоди асарҳояш машғул гардид. Ин гуна таънаҳоро аз ҳар ду тараф ҳам чашмдор набудам, ки ба якдигар раво донистаанд.

- Журналисти намоён бо табъи хурӯшон ба бисёре аз эроду гуфтаҳои А. Сайфуллоев хурдагирӣ намудааст. Ӯ ҳатто овардааст, ки писари 12 солаи вай Абулқосим Фирдавсиро назар ба олими куҳансоли ҷумҳурии мо бисёртар медонад.

Саидзода суханони номатлуб истифода накардааст, вале оҳанги суханаш, ки ба профессор Сайфуллоев муроҷиат мекунад, хеле хайрхоҳона бояд мебуд. Ман мақсади таҳлили баромадҳои ин намояндагони мӯҳтарами фаъолони адабиёт ва маданиятро надорам. Ҳатто забонам намегардад, ки роҷеъ ба ғалатҳои дар ин баҳсу мунозира ҷойдошта фикр баён намоям. Мехоҳам, ки бевосита дар асоси ин далелҳо оид ба вазъи зиёиён фикри шахсии худро иброз дорам. Мӯъмин Қаноат метавонад фикри худашро бигӯяд. Вай ба ин ҳуқуқ дорад ҳамчун инсони шариф, обрӯманду боэътибори ҷумҳурӣ ва ҷомеа.

Атохон Сайфуллоев ҳам метавонист доир ба мубоҳисаи шоир бо муҳаррир, ки камбудиҳо дар он роҳ ёфтаанд, фикрашро бигӯяд. Вале Саидзода набояд ба ин тезутундӣ дар бораи он норасоиҳо фикр баён мекард. Охир, маълум буд, ки шоир он ҳама мулоҳизаҳояшро шифоҳӣ, дар сӯҳбат бо сардабир иброз доштааст, ки гуфтем, бидуни омодагӣ, дар омади гап, бадоҳатан, бидуни ҳар гуна пардози сухан. Мӯъмин Қаноат дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳам чун шоир маълуму маъруф аст, ба ҳимояту дастгирии ҳеҷ кас эҳтиёҷ ҳам надорад. Ӯ худ метавонист ба Сайфуллоев посух диҳад.

Вале лутфан гӯем, барои шоир ҳимоягар (адвокат) ва ё узрхоҳӣ аз ҷониби худаш ҳеҷ зарурате надорад. Ӯ сухани худро гуфт, А. Сайфуллоев низ сухани худро. Бигузор дигарон ҳам нотарсона баромад намоянд, бигузор ҳар фикри солиме, ки гуфтанӣ бошанд, бигӯянд. Оё мавҷудоти баҳсталаб кам аст дар мо, дар олам?..

Мӯъмин Қаноат зиёиёни ғанабрафтаро бедор кард, ҳама чашм во намуда, ба фикр рафтанд. Хуб, акнун навбати кӣ? Боз кӣ метавонад ҷомеаи орому хоболуди моро таконе бидиҳад? Ман ҷонибдори мубоҳисаву мунозираҳое ҳастам, ки барои ҷомеаи мо нафъе оваранд. Маҳз бо роҳи мубоҳисаҳо, муҳокимаҳои ҷиддии ҳамаи муаммоҳо (онҳо кам нестанд) метавонем ба хулосаи муфиде биёем, то ки минбаъд миллати моро ба ҳам боз бештар муттаҳид гардонад, хостаҳои ӯро ба масири дуруст равона созад, ки ҳоло мо дар ҷараёни баҳри пуртуғёни даҳшату воҳимаҳои сиёсӣ ва тундравони мафкуравӣ қарор дорем. Дар ин арса ба мо таърихи Ватан, тамаддуни он, адабиёт ва миллати сарбаландамон кӯмак мерасонанд.

Мӯъмин Қаноат – ба маънои томи сухан зиёист. Зиёӣ будани ӯро ашъ­ораш, суханрониҳояш, фаъолияти иҷтимоияш, муносибати оли­ҷанобонааш нисбати одамон ва бо хурду калон як рақам собит месозанд.

Зиёӣ будан хусусияту вижагиҳои хоси худро дорад, вай бо саводнокӣ, соҳиби мансаб будан, вазифаи муҳимро иҷро кардан, таҷрибаю дониш вобастагӣ ҳам дораду ҳам надорад. Академик Д. Лихачев чунин таъриф додааст: «Одамро аз ҳамаи донишу хушсаводияш маҳрум созед, ақлу фаросаташро барҳам занед, вале пас аз ҳамаи ин ҳам ӯ хушзеҳнияшро нисбат ба қудратҳои ахлоқӣ муҳаббат барои ба даст овардани дониш, шавқу рағбат нисбат ба таърих, эҳтиром ба фарҳанги гузаштагон малакаро одами тарбиятдида, ҳисси масъулиятро нисбати ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ ва ғановат, хуб до­нис­тани забони худ – чӣ шифоҳӣ ва чӣ хаттӣ, ана инҳо худ зиёӣ будан аст». (Лишите человека всех его знаний, образованности, лишите его самой памяти, но если при всем этом он сохранит восприимчивость к интеллектуальным ценностям, любовь к приобретению знаний, интерес к истории, вкус в искусстве, уважение к культуре  прошлого, навеки воспитанного человека, ответственность в решении нравственных вопросов и богатство и точность своего языка – разговорного и письменного – вот это и будет интеллигентность)

Шоири мӯҳтарам Мӯъмин Қаноат аз баҳси дар атрофи мусоҳибааш бархоста канор намонд. Вай дар шумораи дигари «Миллат» (№48, 1 декабри соли 2010) дар бораи гуфтаҳои худ оид ба забон ва эҷодиёти Садриддин Айнии бузург баёнияе ба чоп расонд. Вале ман дар ин бора гап заданӣ нестам. Д. Лихачев дар ҷавоби суоли як мактабхон, ки аз ӯ пурсида буд: «Оё дар бораи ғалатҳои одамони бузург навиштан мумкин аст?». Таври зайл ҷавоб дода буд: «... натанҳо навиштан мумкин, балки дар бораи ғалатҳои одамони бузург навиштан зарур аст, зеро одам бузург аст на барои он ки ғалате содир накардааст. Касе беғалат буда наметавонад дар зиндагии мо, дар зиндагии мураккаби мо».

   Бо «Миллат» мувофиқам

Ман бо хулосаи идораи «Миллат» пурра розӣ ҳастам, ки гуфтааст: «Устод Айнӣ мисли ҳамаи нобиғагони ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, як инсони хокӣ буд ва мусаллам аст, ки инсони хокӣ наметавонад берун аз саҳву хато бошад. Ин ҳеҷ имкон надорад! Ва ашъори устод Қаноат низ бе камиву костӣ ва бе саҳву хато нест. Агар нуқсу ғалатҳои осори устод Айниро имрӯз устод Қаноат намегуфт, фардо каси дигаре мегуфт. Аз ин рӯ аз он ки як шоири номвари миллат андешаҳои хешро холис ва дӯстона дар бораи забони асарҳои устод Айнӣ гуфтааст, набояд онро чун фоҷиаи миллӣ талақӣ бикунем ва сияҳномаҳо бар алайҳи ӯ иншо намоем». («Миллат», №48, 1 декабри соли 2010).

Мӯъмин Қаноат метавонад ва муваззаф аст, фикри худро иброз дорад ва ӯ дар мақолаи ҷавобии худ, худсафедсозӣ накарда, ҷаҳонфаҳмию идроки хешро талқин кардааст. Ҳеҷ зарурате нест, ки як теъдод аз ҷомеа аз вай домангир бошанд, танҳо барои он ки афкори шахсии худро дар бораи эҷодиёти  Айнии бузургвор ошкоро гуфтааст. Вай шаъну шарафи худро ҳимоят кардааст. Тавре ки халқ мегӯяд, шоир наметавонад бо виҷдони доғдоре бошад, зеро шахсияти шоир – шарафи назми ӯст. Виҷдон дар назди худаш ва ҷомеа пок аст. Ва ҳақ ба ҷониби Д. Лихачев аст, ки дар китоби хотираҳояш навиштааст: «Шарафу номус, хушахлоқӣ, виҷдон – инҳо сифатҳоеанд, ки онҳоро эҳтиёт бояд намуд, мисли он ки мо сиҳатии худро эҳтиёт мекунем, зеро бидуни ин сифатҳо одам-одам нест».

Ҳар як инсон фикру ақидаи худро дорост ва бояд сари он истодагарӣ намояд. Мо муваззаф нестем, ки ҳамаро даруни як чорчӯбаи умумии қонунҳо ҷо диҳем. Вале он одам аст, ки бояд аз каси дигар тафовуте дошта бошад, таври худ фикр бикунад, вагарна пешравӣ намешуд ва мо дар ҷомеаи ибтидоӣ мемондем: бо даҳони боз танҳо ба гуфтаҳои доҳӣ гӯш медодему бас. Ҳеҷ чиз дар ин олам дар як ҷо шах шуда намемонад, ягон чизи доимӣ устувор вуҷуд надорад. Инсон ҳар қадар бештар бидонад, ҳамон қадар дониши нав ҳосил мекунад.

Ва мо шоҳиди афкори навин гардидем, мафҳумҳои нав эҳё шуданд, ки онҳоро ба мо шоири шаҳири давру замони навин пешниҳод намуд. Мо набояд он афкорро бар сари найза кашем. Барои одами зиёӣ насаб маҳс хушсавод будан зеб дорад ва аҳамияти барҷаста касб мекунад. Ҳар қадар инсон ба зиё майл намояд, ҳамон андоза ба маърифатомӯзӣ такя месозад. Ана ин ҷо як хосияти ба вижа муҳими хушсаводӣ рӯ мегирад: Ҳар андоза, ки одам дониш дошта бошад, ҳамон андоза барои ҳосил кардани дониши нав мепардозад.

Вале мо набояд дар қолаби сахту оҳанине ворид шуда, худ аз навигариҳои ҳаёт бебаҳра бимонем, ки аз ақидаҳои кӯҳна берун омада натавонем. Донишҳои нав дар қолаби таассуротҳои кӯҳна ба осонӣ ҷойгузин шуда метавонанд. Ҳар андоза, ки одам дониш дошта бошад, ҳамон андоза ба осонӣ дониши навро қабул мекунад. Ман боз ҳам ба Д. Лихачев муроҷиат мекунам: «Қобилият ҷиҳати ҳосил кардани дониш – ин ҳам аз аҳли зиё будан аст. Зиёӣ – ин одамест аз қолаби махсус – дорои сабру тоқат, хушвохӯрд дар доираи ахлоқи ҳамида берун аз хурофоту мавҳумот». Моро мошини мафкураи шӯравӣ чандин даҳсола имкони қолабшиканӣ намедод, ба сафсаттафурӯшӣ (авомфиребӣ) одат кунонда буд, имкон намедод, ки ақидаи худро возеҳу равшан ба забон орем. Ана ҳамин раванд то ҳол дар ниҳоди бисёре аз зиёиёни куҳансол боқӣ мондааст. Ба вижа ин дар ниҳоди онҳое ҳам, ки дар замони ҳукуматдории навин ин ё он вазифаи роҳбариро ба ӯҳда дорад. «Ба даҳон об гирифта биншин!»-ҳамин аст шиори ботинии онҳо. Шояд аз ҳамин боис аст, ки ба қабули ҳеҷ яке аз вазиру вузаро даромадан ба осонӣ муяссар намешавад. Ва худи он вазиру вузаро – амалдорон, роҳбарони муассисот наметавонанд озодона, фикру мулоҳизаҳои пурқимате иброз доранд, ягон муамморо ба сари худ ҳал намекунанд. Бисёриҳо фикр мекунад, модоме, ки онҳо зебо либос мепӯшанд, чавкӣ (курсӣ)-ро банд кардаанд, бо ҳамин аллакай аз атрофиёнашон фарқ доранд, на бояд дар назди ҳеҷ кас сар хам намоянд. Бо ҳамин аз дигарон бояд фарқ карда бошанд. Ва шояд ҳам онҳо худро зиёӣ меҳисобанд? Не, онҳо аз доираи мафҳуми зиёӣ фарсахҳо дуранд. Худро зиёӣ гуфта наметавонанд. Аҷаб не худро одами раҳмдил, босаховат вонамуд созанд, ҳатто худро равшанзамиру донишманд тарошанд ҳам, ҳаргиз зиёӣ (зиёбахт) шуда наметавонанд!

Ба тасаввури ман ҳар як инсон бояд самимияте дошта бошад. Дар он сурат дар ниҳоди вай нишонаҳои тарбия, маърифатнокӣ падид меоянд. Вақте ки одам ба риёкорӣ (сохтакорӣ) роҳ медиҳад, вай ба хӯса (манекен) мубаддал мегардад, вай сифати табиии одамияти худро, виҷдонашро аз даст медиҳад, ҳарчанд худ фикр мекунад, ки бо мағруриву дастнорас будани худ ба обрӯю иззат соҳиб мешавад ва каси мӯътабар мегардад. Не. Ҳамааш ғалат аст! Вай сирату сифати инсонияшро гум мекунад, ба як ришвахор ва кассе, ки симои инсонияшро аз даст додааст мубаддал мешавад.

Баъзеҳо шояд ҳам фикр мекунанд, ки онҳо худ дигар зиёӣ мебошанд ва умре зиёӣ мемонанд. Ин ҳам ғалат аст! Модоме ки машъали зиёиро дар дил фурӯзон месозед, онро то ба охир фурӯзон нигоҳ доред. Барои ин муҳити мусоъид хеле зарур аст, ки одам он ҷо обу тоб меёбад. Муҳит таъсир дорад, тарбият мекунад, сайқал медиҳад, зеб мебахшад. Одами ноустувор, чаласаводу бетарбия, ба муҳити мусоде афтода бимонад, ба зудӣ дигаргун мешавад, ба шаклу усули фарогир мувофиқ мегардад.

Миллат бидуни зиёӣ

маҳкум ба марг аст

Барои он ки одам худро як рақам нигоҳ дошта тавонист, маданияти ниҳод ва мардонавории худро пос дорад, ӯ бояд бисёр бихонад, таври доимӣ бихонад ва чиро интихобан хондани худро биомӯзад. Рости гап, хондан - роҳи ягонаи зиёӣ будан нест, ки ӯро ба сифати зиёӣ тарбият намояд. Ин танҳо яке аз нишонаҳои зиёӣ будан аст. Зиёӣ будан – вазифаи баланд ва муҳими шаҳрванди мамлакат будан аст. Вай инсонро ба бисёр чизҳо водор месозад. Борҳо шудааст, ки зиёӣ касро бо як рафтору гуфтори ношоиста дар ҳайрат мегузорад. Ин аллакай зиёӣ будан не, ҳатто нимзиёӣ будан ҳам нест. Одами чаласавод дорои маданияти воло шуда наметавонад, вале дар ноомади кор ногаҳон ба мансабе соҳиб мегардад, ки ин ҳанӯз зиёӣ будан, нишонаҳои зиёӣ доштан нест. Зиёӣ будан мушкил аст. Солҳо лозим аст, ки як зиёӣ тарбият ёфта ба камол бирасад. Зиёӣ – ин дастовардест барои миллат. Ва ман мувофиқам бо Д. Лихачев, ки мегӯяд: «Миллате, ки зиёиёнро қадр намекунад, маҳкум ба марг аст».

Одамоне, ки дар зинаҳои поёнии пешрафти иҷтимоию маданӣ қарор доранд, ҳамчунин мағзе доранд, мисли онҳое, ки дорулфунунҳои Оксфорд ё Кембриджро хатм кардаанд. Вазифаи асосии зиёиён – дараҷаи дониши дигаронро ба дараҷаи дониши худ баробар сохтан аст.

Зиёии ҳақиқӣ мушоҳидагари бефаъолияту ҷаҳолатпешаи ҷомеаи мо шуда наметавонад. Маънои вуҷуди худ ва саҳми худро дар назди миллат бисёре аз мутафаккирони халқи мо дар он дидаанд, ки дониши хешро то ба одамони одӣ расонад, онҳоро тарбият намояд ва дараҷаи маданиятнокиашонро боло баранд.

Бисёр роҳбароне дорем, ки худро дар халли масъалаҳо сарвар меҳисобанд, вале онҳо қодир нестанд, ки фикру мулоҳизаи мутахассисро бишнавад, ӯро ба ҳимояти худ гиранд ва худро нуқтаи охирин меҳисобанд. Ҳамсӯҳбати худро аз рӯи одоб, суханашро набурида гӯш кардан, ба ҳар инсон имкони гап задан додаю фикри ӯро фаҳмидан, ақидаи шахсии худро ба гардани касе бор накардан, ин ҳам – яке аз нуқтаҳои муҳимест барои зиёиён. Масалан, ман дар овони ҷавонӣ борҳо устодони бузург Айнӣ ва Лоҳутиро дидаам. Ҳамаи вохӯриҳоямро бо ин шахсиятҳои бузург дар ёд дорам. Устод Айнӣ аксар хомӯш менишастанд, он кас бодиққат, гоҳе бо маҳзунӣ абрӯ дар ҳам кашида ба сухани мусоҳибашон гӯш медоданд, гапашро намебуриданд ва агар хеле зарурат пайдо шавад, фикри худ ба забон меоварданд.

Аммо инсони базеб, шоири беҳамто Абулқосим Лоҳутӣ ҳамеша бо табассум, бо сарҷунбонӣ ҳамсӯҳбати худро пешакӣ огоҳ намуда, сухане мегуфт ва ё бисёр бо эҳтиром ин ё он суханро ислоҳ менамуданд. Ҳамоно табассум чеҳраи он касро тарк намекард.

Ман ҳоло устоди бузурги худ, академик Танаевро ёдовар мешавам. Ӯ низ одати дигаронро бодиққат гӯш кардан дошт. Агар ҳамсӯҳбаташ ноҳақ бошад, вай босаброна гӯш медод, сухане ба забон намеовард ва мехесту мерафт. Агар гапи ҳамсӯҳбаташ маъқул бошад, он гоҳ зуд ба сӯҳбат ҳамроҳ мешуд ва онро дар савияи баланд ба охир мерасонид. Аммо президенти Академияи илмҳои СССР, академик Несмеянов умуман хеле камгап буда, оҳиставу ором сухан мегуфт, эҳтиром ба ҷо меовард ва асло гапи ҳамсӯҳбаташро намебурид. Аммо эътироз ё пешниҳод дошта бошад, қатъӣ, аниқ ва фаҳмо сухан мекард.

Як сол зиёдтар гузашт, ки академик Б.Литвинский тавассути интернет баромад карда, фикри худро дар бораи Бобоҷон Ғафуров ва асари ӯ «Тоҷикон» баён дошт. Баромадаш ҷомеаи моро ба ташвиш овард. Ман ба олимони намоён муроҷиат кардам, вале онҳо эҳтиёткорӣ доштанд, хомӯширо афзал донистанд. Баромади ман ин гуна ном дошт: «Посухи ман ба Борис Литвинский». Баъдтар журналистҳо ва баъзе олимон овоз баланд карданд, аммо хулосаи онро Акбар Турсунов анҷом дод, аз Филаделфия. Вай бо мақолаи калон тамоми паҳлӯҳои баромади Б.Литвинскийро титу пора кард.

Дар ин маврид ором нишастан мумкин набуд. Б.Литвинский таври оммавӣ бо оҳанги таҳқир дар бораи роҳбари барҷастаи мамлакат сухан кард ва таҳрифкорона дар бораи пайдоиши асари машҳури Б.Ғафуров изҳори маънӣ кард. Вай акнун танҳо фикри шахсии ӯ набуд, балки беҳурматие буд нисбат ба инсоне, ки хизматҳои бузургтарине барои халқи тоҷик анҷом додаасту, қаҳрамони ин халқ ба шумор меравад. Дар он марҳила бо баромадҳои дӯстона ва якдилона посухи ин гуна академики куҳансоли бадхашмро додан зарур ва саривақтӣ буд.

Мо дар асри XXI

зиндагӣ дорем

Ҳоло боз биёем ба сари матлаби устод Мӯъмин Қаноат. Ин ҷо тамоман гап дигару кор дигар аст. Шоири бузург фикру ақидаи дар ақлу дил доштаи худро рӯи каф овардааст. Вай метавонист он чиро, ки фикр мекард, бигӯяд ва он чиро, ки дили ӯро ба ҷӯш овардааст. Вай як сӯҳбате буд, чӣ тавре ки дар боло гуфтем, на ин ки мақолаи фикр кардаву бо омодагии зиёд ҳозиршуда. Набояд ҷавоби манфӣ дод, набояд ба ҳар як суханаш нуктагирӣ кард, набояд аз паша фил сохтанд. Вай ба вазни осори назми пурмӯҳтавояш, ба хидматҳои беназиру бисёрсолаи фаъолияташ дар соҳаи адабиёт такя оварда, барҳақ дилсӯзона фикри воло ва нав иброз доштаст. Боз мегӯям, ки бигузор дигарон ҳам баромад намоянд, баҳс бикунанд. Фикрҳои баланд пеш­ниҳод намоянд. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки дар мубоҳисаҳо ҳақиқат рӯи об меояд. Мо дар асри ХХI зиндагӣ дорем. Вақташ расидааст, ки мо бо ҳамдигар забони умумӣ пайдо намоем, худро фаҳмидаю шинохта, эҳтиром ба ҷо оварда, ба фикрҳои дигарон низ оромона гӯш диҳем.

Гӯш карда ҷавоб диҳем, таҳқир насозем, ба иззати нафс ва асаби ҳамсӯҳбат набояд расид, ба вижа ба инсоне мисли Мӯъмин Қаноат.

Мӯъмин Қаноат бори дигар баромад карда, дар назди бузургии устод Саддридин Айнӣ дар назди хидматҳои азимаш чун сардафтари адабиёти навин сари таъзим фуруд овард, аз номаҳои устод ба номи А.Лоҳутӣ мисол овард, ки мехоҳам бо он ин ҷо фикри худ музайян созам: «Акнун ман намедонам, ки бо ин роҳбарони забони тоҷикӣ чи кор кунам. Инҳо забони адабии классикиро надонанд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки «чизе навис, ки ман фаҳмам». Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монанди ман».

 

ғуломӣ бас аст!

Ман аз шоири маҳбуб Мӯъмин Қаноат миннатдорам, ки бори нахуст ба банда ҳам имкон бидод ҳамчунин фикру мулоҳизаи хешро иброз дорам, дар бораи он ки мо ҳам бояд дар ғафлат намонем, сар боло кунем, ва бо ифтихор бигӯем: «Бишнавед! Мо мардуми сарбаландем. Мо фарзандони гузаштагони бузургем! Мо – тоҷиконем! Бас аст ғуломвор пеши дигарон сар фуруд овардан, аққалан худро зарраҳои миллати бузург пиндоред! Бас аст фақру бечорагӣ дар назди дигарон. Далерона сайъ кунед, ба ақиб нанигаред, танҳо ба пеш чашм дӯзед! Шумо бояд ба ҷавонони мо намуна бошед, то ки онҳо аз нигоҳи шумо ибрат гиранд, аз сарбаландии шумо, аз истиқлоли шумо!».

Мо бо Президенти худамон бас ифтихор дорем. Вақте ки ӯ дар форумҳои байналхалқӣ, дар саммитҳо қатори президентҳои мамолики бузург қад афрохта, бо сари баланд, мустақилона аз номи мо сухан оғоз мекунад, бигузор ҷумҳуриамон хеле хурд бошад ҳам, бигузор ҳашт миллион аҳолӣ дошта бошем ҳам, вале мустақилем ва бузургем.

Мо набояд аз мушкилоти иқтисодии имрӯзӣ битарсем, набояд аз оқибатҳои фишороварии бисёрсола барои истиқлолиятамон дар андеша бошему ифтихори миллиамонро фаромӯш насозем, дар назди пантуркистон ва миллатгароён ҳаргиз сархам набошем, маданияти волои зиёӣ, пуртоқатӣ, озодандешӣ шиорамон бошанд, мустақилона ба пеш ба ояндаи дурахшон умед баста бошем!

Хоҳиши ман ин аст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» (№ 45, аз 10 ноябри соли 2010) фикру мулоҳизаҳои тоҷикони ҷавонро бихонед, ки аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон навиштанду бо шоири худ ифтихор доранд, ӯро тасанно мехонанд, кафкӯбӣ мекунанд ба ифтихораш, ки ин гуна озодона ҳарф задааст, фикрҳои солим эрод кардааст. Аммо рӯзнома он ҷо чунин сарлавҳа гузоштааст: «Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо!».

Инаш аламовар аст, ки зиёиёни мо, олимону арбобони ҷамъиятии мо номае нафиристодаанд. Инаш хурсандиовар аст, ки ворисони баақл, со­лиму сарбаланд ба воя мерасанд, аҳволи моро мефаҳманду ҳис мекунанд.

Ман ташаккур изҳор месозам ба «Миллат» барои баромади но­тар­со­на, ҳамаи ҷавононро ташаккур, ки маънои он чиро ки шоири бузурги мо Мӯъмин Қаноат гуфта шуданд, сарфаҳм рафтаанд. Охир, Мӯъмин Қа­ноат ҷомеаи ғанаб рафтаро бедор кард, зиёиёни эҳтиёткорро такон дод.

Хуб, бедор шавед, ба атроф назар бинмоед ва ба ёд оваред, ки мо тоҷиконем, мо – зиёиёнем.

Дар мо аз гузаштагони бузургамон як эҳсоси ҷовиде мерос мондааст – Ишқу муҳаббат ба Ватан, миллат, зиёиниҳодии дар тӯли асрҳо муҷассамгардида.

Наход, ки мо фаҳмида наметавонем, наметавонем дарк бикунем оли­мони ҷавони худро, мутахассисон, хатмкунандагони беҳтарин мактабҳои олии Русия, Амрико, Олмон, Иглистону Фаронсаро? Охир, онҳо ба Ватан омадаанд фикру ақидаҳои худро ошкоро баён медоранд. Онҳо фарзандони ҳазорсолаи сеюманд. Онҳо метавонанд мамлакати моро дар оянда ҳам ба зинаҳои баланд бароранд, касе онҳоро бероҳа карда наметавонад. Онҳоро дастгирию мададрасонӣ мекунанд. Онҳо қодиранд мамлакатро ободтар созанд, ҷомеаи моро ба рӯшанӣ, ба ҳавои тозаю ояндаи дурахшон раҳнамоӣ бикунанд.

Ба қавли Ҳофизи Шерозии бузург:

Бигзарад ин рӯзгори талхтар

                                                     аз заҳр,

Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд!

«Бигузор ҳамеша рӯшноӣ бошад, зулмат барҳам бихӯрад!» - ба қавли бузургони рус.

Бигузор, ҳамин тавр бошад!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97