Дидгоҳ

Сухани рӯз 12.04.2019 11:52 Сухани рӯз
Адабиёт шуморо ба майдони набард меафканад. Навиштан, навъе хостани озодӣ аст. Агар даст ба кори он шавед, чи бихоҳед, чи нахоҳед, даргир ва мултазамед.

Сухани рӯз 06.04.2019 12:58
Ҳар кас мебояд дар тули рӯз, овозе гӯш кунад, шеъре бихонад; тасвире зебо бубинад ва агар мумкин бошад чанд калом ҳарфи оқилона ҳам бизанад...                                                      ....
Сухани рӯз 05.04.2019 09:57
Афлотунро гуфтанд: Чаро ҳаргиз ғамгин намешавӣ? Гуфт, дил бар он чи намемонад, намебандам.
Сухани рӯз 04.04.2019 09:25
Фаҳми табиъӣ метавонад ҷойи тақрибан ҳар дараҷае аз тарбияти ақлиро бигирад, аммо ҳеч тарбияте наметавонад ҷойи фаҳми табиъиро бигирад.
Сухани рӯз 03.04.2019 09:26
Наосоед, зиндагӣ даргузар аст. Биравед ва далерӣ кунед, пеш аз ин ки бимиред, чизе неруманд ва воло аз худ бар ҷой бигзоред, то бар замон чира шавед.
Гулгаштҳои боғи “Хоҷа Камоли Хуҷандӣ” 02.04.2019 11:44
Омодагӣ ба ҷашнвораи "Гули лола", ки қарор аст, имрӯз 2 апрел соати 12:00 баргузор гардад. Акс аз Иброҳим Шариф, ш.Хуҷанд. Барои сафҳаи “Хабарнигорони мардумӣ”- и маҷаллаи онлайнии “Ҳавво”.  
Сухани рӯз 02.04.2019 07:02
Фарқе намекунад 20 сола ҳастед ё 80 сола; ҳар кас омӯхтанро мутаваққиф кунад, пир хоҳад шуд. Ҳар кас пайваста биомӯзад, ҷавон хоҳад монд. Муҳимтарин чиз дар зиндагӣ, ҷавон нигоҳ доштани зеҳн аст.                                         ....
Наврӯз муборак! 21.03.2019 18:09
Об занед роҳро, ҳине нигор мерасад, Мужда диҳед боғро, бӯйи баҳор мерасад.
Шоҳкории табиъат 14.01.2019 13:58
Ягона дарахти яхпуши назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Акс аз Зарин Давлатзода, барои маҷаллаи онлайнии “Ҳавво”  
Мутахассис тасмими дуруст мегирад 17.01.2017 09:46
 Дар ҳар сари сол мардум мунтазири тағйироти кадрӣҳастанд, ба умеди он ки беҳбуде дар кишвар ва раванди зиндагии онҳо рух бидиҳад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем то тайи як назархоҳӣ хушномтарин роҳбари мутахассисро аз нигоҳи мардум бишносем. Аз 30 нафар корбарони шабакаи Фейсбук хостем то хушномтарин мансабдори кишварро ном ....
Сандуқ ё бонк? 16.12.2016 12:31
Суоли рӯз: Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон иддао дорад, ки сарфи назар аз мушкилоти молии бархе бонкҳои тиҷорӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар рӯ ба афзоиш аст. Оё дар воқеъ чунин аст? Ва худи Шумо пасандозатонро дар кадом бонк нигаҳ медоред?
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97