Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

“МегаФон Тоҷикистон” бо муштариёнаш ҳамоҳанг аст

Ширкатҳо 12.02.2018 12:30

Дар маркази савдои “Меҳргон” дар Душанбе идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард. Нуқтаи тиҷоратии оператор ба ин ҷой аз назди бозори Шоҳмансур ба думболи муштариёни худ тағйири макон намуд. Аллакай дар толори воқеъ дар ҷойи нав муштариён метавонанд масъалаҳои “мобилӣ”-и худро ҳангоми анҷоми харидҳо ҳал кунанд.

 “МегаФон Тоҷикистон” идораҳои хизматрасониро дар маконҳои барои муштариён қулай мекушояд. Ба чунин маконҳо маркази шаҳру деҳот, мачмааҳои маъмули тиҷоратию фароғатӣ , бозорҳои калон дохил мешаванд. Чунин ҷойгиршавӣ ба теъдоди зиёди муштариён имкон медиҳад, ки дар аснои роҳи худ ҳаққи хизматрасониҳои алоқаро пардохт карда муфидро пайваст намоянд ё барои кӯмак дар танзимоти дастгоҳҳои мобилӣ ба мушовирони “МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат кунанд.

“Мо вазъиятро бо диққат пайгирӣ менамоем ва талаботи муштариёнамонро ба назар мегирем – масалан, вақте бозор ба ноҳияи дигари пойтахт гузаронида мешавад – идораи “МегаФон” ба думболи мизоҷони худ меравад”, мегӯяд Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Парвиз ДАВЛАТОВ.

Идораи воқеъ дар МС “Меҳргон” бе истироҳат ҳафтаи пурра фаъолият мекунад. Суроғаи дақиқ шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, к.Меҳнат 4.

 

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97