Байкерҳои тоҷик Ғарбро бо иртиботи «МегаФон Тоҷикистон» тасхир месозанд

Ширкатҳо 24.04.2017 16:14

Як тими иборат аз шаш нафар байкери тоҷик қарор аст, таҳти шиори «Мо тоҷикем-3. Роҳ ба сӯи Ғарб», рӯзи 10 май бо оғози роҳпаймоии мототсиклронии байналмилалӣ, масофаи 10000 км-ро аз 12 иёлоти ИМА тай кунанд. Бо роҳе аз уқёнуси Атлантика ба соҳилҳои уқёнуси Ороми ҳудуди Амрико, аъзои тим метавонанд аз баракати алоқаи боэътимоди «МегаФон Тоҷикистон» ба наздикони худ занг бизананд ва таасуроти хешро шарик бисозанд.

 Мототсиклронҳои тоҷик зимни ин сафар аз Вашингтон ва Ню-Йорк, Детройт ва Чикаго, шаршараи Ниагара ва Гранд-Канон, Лос-Анҷелес ва Санта-Барбара, ин ва бештар аз ин ҷойҳое дидан хоҳанд кард, ки қисмати аслӣ бо роҳи афсонавии 66 мегузарад. Роҳ ба сӯи Ғарб 30 рӯзро дар бар мегирад ва тамоми ин муддат тими байкерҳо, бо хонаи худ аз тариқи иртиботи «МегаФон Тоҷикистон» дар тамос хоҳанд буд.

Операт дорои нархномаи муфиде барои тамос бо ИМА аст: Зангҳои даромад аз Амрико 2,5 сомонӣ барои ҳар дақиқаи гуфтугу, барои тамос ба Тоҷикистон барои ҳар дақиқаи гуфтугӯ 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Дақиқаи даъват аз кишвари мо ба ИМА ҳамагӣ 50 дирам аст.

Алоқаи овозӣ ва интернет байкерҳоро «барои фаъолият» низ ба кор меояд – дар миёни байкерҳо хабарнигори телевизиони «Варзиш Спорт» низ шомил аст, ки мақсад дорад аз ин масир гузориши онлайн анҷом бидиҳад.

«Барои сокинони Тоҷикистон ИМА – кишваре «аз қораи дигар» аст. Аммо «МегаФон» беҳуда намегӯяд, ки он барои тамос бо хона аст. Ҳатто дар охирин нуктаи замин низ муштариёни «МегаФон» метавонанд муошират кунанд ва бо азизон ва наздикони худ дар тамос бошанд. Мутмаинем, ки ширкаткунандагони мусобиқаи мототсиклронӣ гуфтаниҳои зиёде аз ҳаёти ИМА доранд ва ҳадафи аслии худмуаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар миёни сокинони Амрикоро бароварда месозанд,»мегӯяд мудири тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий СЕМЁНОВ.

Барои аз наздик ошно сохтани кишварамон ба мардумони бештар, дар тамоми масир ин тими байкерҳо бо байрақи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат хоҳанд кард. Хоҳишмандон метавонанд дар сомонаи www.irbis.tj бубинанд, ки ин сафар чи гуна сурат хоҳад гирифт ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷое, ки хабари мототсиклронӣ бо хештеги #мытаджики ва #мотопробегмытаджики пайдо хоҳад шуд.

Шарикони роҳпаймоии мототсиклронии байналмиллалии «Мо тоҷикем-3. Роҳ ба сӯи Ғарб»:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар ҶТ.

Шарикони иттилоотӣ: «Варзиш-Спорт», медиахолдинги «Азия Плюс», ТВ «Сафина» ва «Синамо», ТРК «МИР», радиои «Ватан», рӯзномаи «Вечерний Душанбе».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97