Ифтитоҳи толори нави “МегаФон” дар водии Зарафшон

Ширкатҳо 04.01.2017 17:19

Толори нави фирмавии ширкати “МегаФон” рӯзи 31 декабри соли 2016 дар ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент кушода шуд. Сокинони яке аз ҷамоатҳои дурдасттарин имкони истифодабарии хидматрасониҳои баландсифати операторро ба даст оварданд.

 Дар толори нави фирмавӣ интихоби васеи дастгоҳҳои мобилӣ ва имконияти пайвасткунии тамоми хидзматрасониҳои пешниҳодсохтаи оператори мобилӣ пешкаш мешавад. Дар ин макон метавон доир ба хидматрасониҳои алоқа, нархномаву опсияҳо машварати зарурӣ гирифта рақами “зебо”-ро интихоб кард ё SIM-кортро иваз намуд.

Муштариёни толорҳои “МегаФон”-ро иқдомҳои гуногуне интизор хоҳанд буд, ки буҷаи шахсӣ ва оилавиро сарфа менамоянд. Масалан, ҳангоми пайвасткунии нархномаи “Ҳамааш дохил аст М” мизоҷи оператор имкон пайдо мекунад, ки бар ивази 39 сомонӣ бастаи иборат аз 400 дақиқаи даъватҳои овозӣ, 400 SMS ва 800 Мб трафики мобилии интернетро ба даст оварад.

“Барои мо муҳим аст, ки хидматрасонии ҳар як мизоҷ дар сатҳи баланд сурат гирад, бинобар ин, дар толорҳои мо ба сифати хидматгузорӣ диққати махсус дода мешавад. Мутахассисони ширкат дар ҳалли масъалаҳои дилхоҳ – аз интихоби тарофаи муносиб то танзимкунии таҷҳизот кумак менамоянд. Айни ҳол барои муштариёни толорҳои алоқаи вилояти Суғд нархномаи навкардашудаи “Ҳамааш дохил аст XS+” аз ҳама маъмул ба ҳисоб меравад, мувофиқи шартҳои он даъватҳо ба рақамҳои “МегаФон” пардохт карда нашуда, интернети мобилӣ бошад, бо нархҳои дастрас пешниҳод карда мешавад. Акнун сокинони Моғиён низ имкон пайдо мекунанд, ки бо ёрии мушовирони мо маҳз он вариантҳоеро интихоб кунанд, ки ба онҳо аз рӯйи нарх ва бастаҳои пайвастшгудаи хидматрасониҳо барои онҳо муносибанд”, мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар вилояти Суғд Фирдавс ЗЕВАРОВ.

Васеъшавии шабакаи толори фирмавӣ ба оператор имкон медиҳад, ки яке аз вазифаҳои муҳим – наздикшавӣ ба теъдоди ҳарчи бештари мизоҷон ба иҷро расонида шавад. Танҳо дар давоми соли 2016 “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 5 толори нави фирмавиро кушод, ки аҳолии деҳаву ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғдро бо хидматрасониҳои босифат таъмин намояд.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97