“МегаФон” аз макони қароргирии наздикону ҳамкорон шуморо бохабар месозад

Ширкатҳо 19.12.2016 11:40

Ширкати “МегаФон” ба мизоҷони худ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – хидматрасонии нави “Навигатор”-ро пешкаш намуд. Ин хидматгузории геолокатсионӣ имкон медиҳад, ки макони қароргирии назикдон ё кормандони корхонаи Шумо аниқ карда шавад. Макони қароргирии муштарии дигар дар харита қайд шуда, истифодабарандаи хидматрасонӣ имкон пайдо мекунад, ки онро дар компютери доимӣ ё экрани смартфони худ бубинад.

 Хидматгузории “Навигатор” дар ҳолатҳои мухталиф судманд буда метавонад. Масалан, бо ёрии он метавон муайян кард, ки кӯдаки Шумо дар хона аст ё дар меҳмонӣ – инро метавон аз рӯйи харита ва суроғае, ки дар дастгоҳи истифодабарандаи хидматрасонӣ инъикос мегардад, муайян намуд. “Навигатор” инчунин барои ҷустуҷӯи калонсолҳо, махсусан онҳое, ки кору фаъолият ва истироҳаташон бо рафтуомади зиёд ё будубош дар маконҳое, ки он ҷой кумакашон зарур меояд, фоидабахш хоҳад буд. Ҳамин тавр, агар мошини хешу табори Шумо, ки ба шикор баромадаааст дар роҳи кӯҳӣ аз кор барояд, Шумо метавонед ӯро дарёфт намоед ва дар баргаштани номбурда ба хона кумак расонед. Муайянкунии макони қароргирии муштарии дигар танҳо дар он ҳолате имконпазир аст, ки агар ӯ ба SMS-и дахлдор посухи марбута ирсол карда, розигии худро бидиҳад.

Хидматрасонии “Навигатор” тавассути USSD-дархости *250# пайваст карда мешавад. Пас аз рақамчинии ин дархост дар экрани муштарӣ матн бо шартҳои пешниҳоди хидматрасонӣ бо тавсифи амалҳои минбаъдаи лозимӣ инъикос карда мешавад. Пардохти асосии ҳафтаина барои истифодаи “Навигатор” – 35 дирам аст. Бар ивази ин маблағ метавон макони қароргирии ду муштарии дигари “МегаФон”-ро низ муайян кард. Барои ҳар як рақами иловагӣ берун аз меъёри муқарраршуда пардохт дар ҳаҷми 10 дирам дар як рӯз ситонида мешавад.

“Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ бисёр ба амал меояд, қисми назарраси ҳудудро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва дар ин маконҳо ҳангоми рухдиҳии ягон ҳодиса дарёфткунии инсон танҳо ба воситаи технологияҳои муосири мобилӣ имконпазир аст. Сатҳи фарогирии шабакаи “МегаФон” хеле баланд буда, яке аз беҳтаринҳо дар кишвар ба шумор меравад, бинобар ин, хидматгузории “Навигатор” на танҳо дар шаҳрҳо, балки дур аз ҳудуди шаҳрҳо низ бо сифати аъло амал хоҳад кард. Пардохти начандон зиёди маблағи абонентӣ бошад, ба аъзои ҳама гуна оилаҳо навобаста аз сатҳи даромаднокиашон имкон медиҳад, ки аз наздикони худ хотирҷамъ бошанд”, изҳор дошт директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Денис НИКИТИН.

 Истифодабарии хидматрасонии “Навигатор” инчунин барои бизнес-мизоҷони “МегаФон” дастрас аст. Хидматгузорӣ имкон медиҳад, ки макони қароргирии кормандони ташкилот дақиқ муайян карда шавад. Аз сӯйи дигар тавассути ин хидматрсонӣ рафти иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз ҷониби кормандон назорат карда шуда, зарурати зангзанӣ ба онҳо дар ин робита аз байн меравад. Ба феҳристи рақамҳо метавон ҳамаи муштариёни шабакаи корпоративиро дохил кард, дар баробари ин, розигии онҳо барои муайянкунии макони қароргириашон зарур намеояд. Пардохти базавии абонентӣ мавҷуд нест, барои ҳар як рақами дохилшудаи муштарии ҷустуҷӯшаванда 15 сомонӣ дар як моҳ гирифта мешавад.

Бо маълумоти муфассал оид ба хидматрасонии “Навигатор” метавонед дар сомонаи ширкати "МегаФон Тоҷикистон" ошно шавед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97