Марҳилаи аввали барномаи омӯзишии «роуд-шоу» барои донишҷӯён аз суи «МегаФон Тоҷикистон» анҷом ёфт

Ширкатҳо 11.11.2016 13:21

Бештар аз 300 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дар муаррифиии оғози барномаи «Роуд-шоуи омӯзишӣ» ширкат намуданд. Намояндагони ширкати мухобиротӣ дар мавриди он ки чи гуна дониш ва маълумотҳоро метавон дар ҷараёни барнома ва мастер-класс аз худ кард, нақл намуда ба суолҳои сершумори донишҷӯён посух доданд.

 

 

Дар давоми соли таҳсилӣ коршиносони «МегаФон» ва «Хуавей» донишҷӯёнро кумак хоҳанд кард, то бо беҳтарин таҷрибаҳои тиҷорат ва бизнес ошноӣ пайдо кунанд ва тарҳҳои худро омода намоянд, ки дар ҷумҳурии мо амалӣ хоҳанд шуд ва сатҳи донишҳои касбии худро, ки ба соҳаи телекоммуникатсия вобаста мебошад, боло бибаранд. «Технологияҳои пешрафтаи маркетинг», «Комёбиҳо дар технологияҳои информатсионӣ», «Модели молиявии ширкати муваффақ», «Мудирияти истеъдодҳо дар бизнес», «Санъати Public Relations» аз ҷумлаи мавзуъҳои мастер-классҳо мебошанд. Яъне донишҷӯёни ДСРТ донишҳои муҳим роҷеъ ба соҳаҳои ояндадори имрӯзро аз бар хоҳанд кард. Бар иловаи он донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки давраи таҷрибаомӯзии худро дар ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бигузаронанд ва соҳибкасбони ҳақиқӣ шаванд.

Дар ҷараёни муаррифии нахустин тарҳ, роҳбарони «МегаФон» ва «Хуавей» ба донишҷӯён роҷеъ ба барномаи «роуд-шоу» маълумот дода ва ҳато бархе аз нигарониҳои мобилиро рафъ намуданд. Бештар масъалаи рушди минбаъдаи соҳаи телеком мавриди алоқаи донишҷӯён қарор дошт. Намояндагони «МегаФон» ва «Хуавей» дар ин маврид иттифоқи назар доштанд, ки тамоюлҳои асосӣ вобаста ба рушди маҳбубияти интернети мобилӣ ва хидматрасониҳо мебошад, ба мисоли афзудан ба ҳаққонияти бозиҳо. Афзудани суръати дастрасӣ ба интернет ва инкишоф додани технологияҳое монанди 4G дар Тоҷикистон ба ҳамин чиз вобаста мебошад. Донишҷӯён афзалияти интернети телефониро арзёбӣ намуданд ва меҳмонон озмунеро тавассути интернет-серфинг роҳандозӣ карда, пешниҳод намуданд, ки ба суолҳои худ аз сомонаҳои «МегаФон Тоҷикистон» ва «Хуавей» ҷавоб пайдо намоянд.

Донишҷӯён ҳамчунин роҷеъ ба ояндаи кори ин ду ширкат мароқ зоҳир намуданд. Роҳбарони ширкатҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамеша ба мутахассисони ҷавон ниёз доранд ва ба донишҷӯён тавсия намуданд, ки касбҳои мавриди ниёзро ҳарчи фаъолонатар аз худ кунанд.

«Кори мо танҳо аз сохтани шабка ва таъмини алоқаи мобилӣ иборат нест. Дар ширкат ба таври муназзам тарофаҳои нав ҷорӣ мешавад, ҷараёнҳои тиҷорат тағйир меёбанд ва бештар пурсамар мегарданд. Мо фаъолона бо ВАУ ҳамкорӣ мекунем, шаклҳои креативии рекламаро пешниҳод месозем, аксияҳои мухталиф ва ғайри муқаррариро омода ва пешкаш мекунем ва барномаҳои иҷтимоиро ҳимоят менамоем. Ва фикру идеяҳои тозаи шумо ҳар замон метавонад барои самтҳои мухталифи фаъолияти «МегаФон» муфид воқеъ шавад. Иштирок дар ин барнома дар ҳақиқат роҳи шуморо барои як ояндаи бо муваффақият боз мекунад», гуфт директори молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон » Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Аввалин мастер-класси барномаи «Роуд-шоуи омӯзишӣ» 10 ноябр баргузор мешавад. Дар ин мулоқот директори «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий Семенов дар мавзуъи «Маркетинги самарабахш» суҳбат хоҳад кард.

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97