Қадрдонии «МегаФон» аз беҳтарин истифодабарандагони интернет дар Суғд

Ширкатҳо 08.10.2016 13:13

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон», беҳтарин истифодабарандагони интернети худро дар вилояти Суғд бо интернети баландсуръат қадр кард. Туҳфаҳоро барои муштариёне, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2016 бештар аз дигарон дохили Шабака шудаанд, сардори шуъбаи тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд, Ҷамшед Нишонбоев тақдим кард.

 Барандагони хушбахти модеми 4Gаз ҷониби «Мегафон», истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон Радион Черних ва истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Манзура Мақсудова гардиданд, ки метавонанд зиёда аз 3 сол интернети баландсуръатро аз ширкати «Мегафон» истифода бубаранд. Дар нимсолаи аввал онҳо зиёда аз 100 Гб трафикаи мобилӣ гирифтаанд.

«Ман сифатро дӯст медорам, аз ин хотир танҳо филм ва мусиқиҳои «вазнин»-ро мегирам – интернет аз «Мегафон» ин имкониятро медиҳад. Асосан нусхаҳои пурраи коргардонии филм ё кинолентаҳо бо сифати ND-ро интихоб менамоям. Ба ҳамин мақсад модемро аз офиси хидматрасонии ширкат харидам. Интернет ҳоло барои ман ҷойи телевизорро пурра иваз кардааст. Ҳама ахборро дар ҳама ҳолатҳои бароям муносиб ба воситаи смартфон ё модем мегирам», мегӯяд Радион Черних.

То поёни соли 2016, боз як рекордсмени дигар – барандаи номенатсияи «Беҳтарин муштарии дидадаро» («Самый общительный абонент») муаян мешавад. Барои интихоби пешгом, танҳо зангҳои баромад ба назар гирифта мешавад.

«Муштариёне, ки дар шабакаи мо рекорди мобилӣ мегузоранд, туҳфаҳои махсус мегиранд. Вале мо аз ҳамаи муштариёнамон минатдорем. Аз ин хотир ҳар касе «Мегафон»-ро ба ҳайси оператори худ интихоб мекунад, метавонад мукофти худро дастрас кунад. Барои ин мо як барномаи махсуси «Раҳмат» дорем. Усули он хеле сода аст; агар шумо телефони мобилии бо ширкати мо пайваст доред, холҳои бонусиро ҷамъ кунед, метавонед онҳоро бо хидматрасонии алоқа ё пешниҳодҳои муфид иваз намоед. Холҳо «худ аз худ» ҷамъ ва ҳар моҳ дода мешаванд. Бовар дорам, ин барнома дар гузоштани рекорди тамоси шахсии худ ба ҳар як муштарӣ кумак мекунад ва дар тамос чизеро бештар сарф нахоҳед кард!» мегӯяд, Фирдавс ЗЕВАРОВ, сардори раёсати минтақавии «МегаФон» дар вилояти Суғд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97