Ман, ки телфун мекунум; алу…алу… Бег Сабурович!!!

Ширкатҳо 27.02.2012 09:35

Даст ба ҷайби холии мардум набаред

Jamshed_QuvatovЗамони ахир тадриҷан боло бурдани нарху наво қариб, ки дар ҳама бахшҳо, хусусан дар он соҳа ва бахшҳое, ки талаботи мардум ба онҳо ниёз ва бастагии бештаре дорад, ба назар мехӯрад. Акнун шамоли тӯфонҳои бӯҳрони иқтисодиро, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, бар иловаи мутахассисин шояд ҳар як оддитарин фарди қишри ҷомеъа низ, ҳис карда бошанд. Вале муҳимтар аз огоҳӣ ёфтану фаҳмидан, ин тарҳрезӣ намудани барномаҳои мушаххас ва дар амал татбиқ намудани онҳо дар бобати раҳоӣ аз бӯҳрон, барои мардум аст. На бо роҳи боло бурдани нархҳо ва аз ҷайби мардум ситондани пул ва ҷуброн намудани хароҷотҳо.

Магар масъулини ширкату дигар ниҳодҳои хидматрасонӣ бо дастдарозӣ ба кисаи мардум ва ба ин васила мехоҳанд, ки аз касодию бӯҳронҳо ҷилавгирӣ кунанд? Яъне иқтисодчиёну мутахассисони ин бахшҳо "ниҳоят заҳмат кашида ва шабҳо нахуфта" василаҳои халосӣ аз ин вартаро пайдо мекунанд, ва ин васила ҳам аз ҳисоби мардуми дар ботлоқи фақр ғӯтида ба хотири рӯйпӯш намудани хароҷотҳо мебошад. Магар ин тадобир дуруст аст? Боре бояд сар бар гиребони фикр фурӯ бубаранд ва биандешанд, ки мардуми бе ин ҳам камбизоат, он пулеро, ки ин ширкаҳо мехоҳанд барои пӯшонидани хароҷотҳояшон истифода кунанд, аз куҷо меёбанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари мардуми ин Ватан аз дарди бекорӣ азияту ранҷ мекашанд. Шояд хуб медонанд, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон, ҳукуматҳо аз ҳисоби чунин ниҳодҳо, ки даромади бештар доранд, барои мардуми бекор маош ихтисос медиҳанд, яъне то замони пайдо намудани ҷой кор барои мардуми қобилияти корӣ дошта маош медиҳанд. Мусаллам аст, ки барои бекорон ин ҷо касе пул намедиҳад. Вале лоақал мешавад, ки ин мардумро ба ҳоли хеш гузоранд ва барои пӯшонидани хароҷотҳояшон даст ба ҷайби бе ин ҳам тиҳии мардум нахалонанд ва роҳҳои дигарро барои ин ҳадафашон пайдо кунанд.

Ғорати ҳамдигар иштибоҳ аст

Ҳар замон ҳуҷуми лашкари боло бурдани нархҳо мардумро дар ҳарос андохтааст. Балки мудҳиштарин вабо барои мардум ҳамин боло бурдани қимматҳо шудааст. Аз касе, ки дар бобати баланд шудани нархҳо суол шавад, ҳатто аз ронандаи нақлиёти мусофирбар, фақат як ҷавоб аст, ё сӯзишворӣ қимат аст, ё хароҷотҳо зиёданд. Хуб, акнун ки хароҷотҳо зиёданд, ин маъниро дарк намудем, вале аз куҷо ва ба кадом васила хароҷотро мебояд пӯшонид ва пеши роҳи ин бӯҳронро гирифт? Ин аст суоли матраҳ, ки мебояд ба он масъулин ва мутахассисин посух биҷӯянд. Агар воситаи пӯшонидани харҷҳоро масъулон ба воситаи гарон намудани андозҳои мардум бинанд, иштибоҳест сахт. Зеро аз роҳи ғорати ҳамдигар кам кардани хароҷотҳо ҳанӯз салоҳи кор нест. 

2,5 дирам ё 3 дирам = 4 дирам, чанд фисад?

Шояд дар замони бӯҳрони молӣ даъвои бархе аз корхонаҳое, ки каму беш ба истеҳсолот, ё дигар фаъолиятҳои истеҳсолӣ сару кор доранд, то ҷое асос дошта бошад, чун онҳо барои харидории ашёи хом ва дигар намудҳои сӯзишворӣ харҷҳое мекунанд. Вале фикр мекунам, ки боло бурдани нархҳо дар ширкатҳои мухобиротӣ, он ҳам ба якборагӣ бо фисади зиёд чандон ба маврид нест. Инро ҳатто ҳар фарди оддӣ низ дарк мекунад, ки ширкатҳои мухобиротӣ то он дараҷае, ки воҳима мекунанд, хароҷот надоранд.

Билохира баланд кардани нархҳо дар ширкатҳои мухобиротӣ, ба хусус амалкарди ахири "Тоҷиктелеком", ки нархи зангҳоро аз телефонҳои хонагӣ ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дучанд афзудааст, боиси таассуф аст. Тавре дар боло тадриҷан боло бурдани нархҳоро зикр намудем, вале ин ширкат на тадриҷан, балки ба якборагӣ (ба гуфти русҳо "сразу") чанд маротиба зиёд арзишро боло бурд. Лоақал на бо фисади камтаре.

Акнун тибқи нархгузории нави "Тоҷиктелеком" нархи як дақиқаи гуфтугӯ аз телефонҳои хонагӣ ба телефонҳои мобилӣ 4 дирамро ташкил медиҳад, ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир 2,5 дирам (ба гузориши баъзе манбаъҳо), вале ба гуфти масъули ин ширкат 3 дирамро ташкил медод. Алибек Бекназаров, сардори раёсати иттилоотӣ ва ба ҳисобгирии ширкати "Тоҷиктелеком" дар суҳбат бо хабарнигори "Миллат" иброз дошт, ки нархи як дақиқаи гуфтугӯ аз телефонҳои хонагӣ ба мобил, ки пештар 3 дирамро ташкил медод, алъон ба 4 дирам афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамагӣ 33,3 фисадро ташкил медиҳад.

Вале тибқи дигар манбаъҳои гузоришӣ, пештар нархи як дақиқаи гуфтугӯ аз телефонҳои хонагӣ ба мобил 2,5 дирам буд, ки ин гӯё 70 фисадро ташкил медода бошад (дар сурати 1,5 дирам боло бурдани нарх на 70 фисад, балки ба 60 фисад баробар аст). Сардори раёсати иттилоотӣ ва ба ҳисобгирии ширкати "Тоҷиктелеком" сабаби боло бурдани нархҳоро ба иллати зиёд шудани хароҷот маънидод мекунад. Ӯ ба хотири тақвияти ин иддаъояш мегӯяд, ки аз камбудии нируи барқ дар баъзе манотиқ, мо маҷбурем, то аз дизелҳо истифода намоем ва дизелҳо ба воситаи сӯзишворӣ кор мекунанд ва дар сурати ба кор наандохтани дизелҳо аккумуляторҳо корношоям хоҳанд шуд.

Харҷи 1 миллион муштарӣ аз кисаи мардум?!

Beg_ZuHUROVVVДар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, раиси ҷумҳур ба раҳбари Хадамоти алоқаи кишвар Бег Зуҳуров амр кард, ки то Наврӯзи соли равон як миллион хонаводаро бо телефонҳои хонагӣ таъмин намояд ва инчунин таъкид бар ин дошт, ки ин хонаводаҳо барои як моҳ аз ин телефонҳо ҳаққи хидмат пардохт нанамоянд.

Аммо ин ки ин фармони раиси ҷумҳур, ки тариқи телевизион аз он қариб тамоми аҳолии ҷумҳурӣ бохабар шуд, то куҷо иҷро шуданашро дар Наврӯз хоҳем огаҳӣ пайдо кард.

Аз ин пештар ҳам раиси ҷумҳур роҷеъ ба зарар доштани телефонҳои мобилӣ ва харҷи зиёди мардум ба василаи ин телефонҳо таъкидҳое низ дошт. Дар сурате ки ҳукумат аз боби зиён ва харҷи зиёди мардум изҳори нигаронӣ мекунад, пас чаро ширкатҳои мухобиротӣ, ба хусус ширкати "Тоҷиктелеком" ба боло бурдани нархҳо шурӯъ мекунанд, ва он ҳам бо фисади зиёде. Маҳз бо ҳамин фоизи зиёд боло бурдани нарх касро ба фикр водор месозад. Зеро боло бурдани  нарх низ бояд меъёр ва андозаи хосро дошта бошад, ҳадди ақал ин боло бурдан то 30 дар сад мебуд, шояд каме инсоф риоят мешуд.

Ҷойи таъкид аст, ки боло бурдани нархҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки президенти кишвар барои беҳбудии вазъи иҷтимоъии мардум чунин як таъкиде кардааст. Дар сурати боло бурдани нархҳо, пас оё вазъи иҷтимоии мардум беҳбуд хоҳад ёфт ва оё аз рӯйи мантиқ ба ин сиёсати ҳукумат мухолиф нахоҳад буд ?

Бозори гарми мухобирот ва масъулони ғайрикасбӣ

Бо вуҷуди таъкиди раиси ҷумҳур дар мавриди сарфаҷӯйӣ аз ҳисоби гуфтугӯҳои телефонӣ дар дунёи муосири зудҳаракаткунанда инсон бештар ба муошират эҳтиёҷ дорад. Истифода аз телефон метавонад вақтро барои одамон сарфа кунад. Ба хусус барои тоҷирон ва соҳибкорон, ки дар ҷомеаи бозори иқтисодӣ дар ҳоли афзудан аст. Барои мардуми оддӣ низ ҳар рӯз болоравии қиматҳо дар нақлиёт ва дар бозор боз ҳам зарурати истифода аз телефонро барои аҳволи наздиконро гирифтан, бештар кардааст. Доштани телефон барои хонаводаи муҳоҷирон, ки барои дарозмуддат аз ҳамдигар дур ҳастанд, ягона воситаи камхарҷу дастрас барои барқарор кардани робита ба шумор меравад. Аммо болоравии қиматҳо дар кишвар, ба хусус дар соҳаи мухобирот муҳоҷирон ва хонаводаи онҳоро бештар гирифтори мушкил мекунад.

Умари Давлат, як муштарии ширкати "Тоҷиктелеком", ки бо сабаби рӯзафзун болоравии қиммати хидматрасониҳои барқу обу телефон ногузир ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори мо ва шунидани хабари боз ҳам боло бурдани нархи гуфтугӯӣ телефонӣ арз дошт: "Бозори мухобирот имрӯз дар дунё гармтарин бозор аст ва рақобатхо хеле зиёданд. Ҳама ширкатҳои рақобаткунандаи ин бозор ба хотири ҳам маблағ ба даст овардану ҳам муштариро аз даст надодан, кӯшиш мекунанд хидматрасониро беҳтару соддатару дастрастар кунанд, дар сурати ғайр ин бозори гарму сердаромадро аз даст хоҳанд дод. Вале намедонам чаро, дар мо акси ҳол ба мушоҳада мерасад. Қимат кардани нарх роҳи сарватманд шудан нест. Қимат кардан яке аз нишонаҳоест, ки корхона муфлисшавиро эҳсос мекунад ва наҷоташро дар қимат кардани маҳсулот ва ё хидматрасонияш мебинад, ки ин мунтаҳо хатост. Барои сарватманд шудан идеяҳои нав ва хидматрасонихои нав кашф кардан лозим. "Точиктелеком" нисбат ба дигар ширкатҳои коммуникатсионӣ имкониятҳои бештарро дар ихтиёр дорад, то бо рақобати солим маблағҳои бештар ба даст биорад. Метавонад хеле хидматрасониҳоеро роҳандозӣ кунад, ки аз дигар ширкатҳо беҳтару хушсифат ва бо  қимати поёнтар бошад, чаро ки ин имкониятҳоро бештар аз ҳама ширкатҳо "Точиктелеком"дорад, аммо бадбахтона, ё дар ин ширкат ҳирфаият ( касбият) мавҷуд нест ё масъулият". Мушовирҳои молӣ ва иқтисодии ин ширкат хеле заъиф менамоянд. Вагарна барои ҷалби бештари муштариён ва истифода аз телефонҳои хонагӣ ба мобилӣ ба хотири маблағ ба даст овардани корхона ва муштариёнро гурезон накардан, беҳтар мебуд, "Тоҷиктелеком" сифати хидматрасониро бехтару нархҳоро дар ҳолати пешина мемонд."

"Тоҷиктелеком" "гигант"-и беҳунар

 Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, тайи чанд соли охир мо шоҳиди он ҳастем, ки байни "Точиктелеком" ва дигар ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон чандон рақобати солим мавҷуд нест. Ӯ бар тақвияти ин суханаш мегӯяд: " Чанд соли қабл низ ин ширкат қимати хидматрасонияшро ба ширкатҳои мобилӣ боло бурд ва дар пайи вокунишҳои зиёд зуд ин тасмимашро лағв кард. Аммо имрӯз дигар 3 ё 4 соли қабл нест, фазои мухобирот тағйир хӯрдааст. Агар дар чанд соли қабл 15 ё 20 фисади мардум аз телефони мобилӣ истифода мекард, имрӯз ин фисад зиёда аз чор баробар афзудааст. Хидматрасониҳои мобилӣ то ҷое беҳтару қиматаш ҳам поёнтар шудааст. Баъди боло бурдани қимати гуфтугӯи телефонӣ, аз телефони шаҳрӣ ба мобил, муштарӣ ногузир барои сарфаи маблағ аз телефони мобил ба мобил истифода мекунад, то аз телефони маъмулӣ ба мобил. Дар ин ҳол ин тасмими "Точиктелеком" амали акс нишон медиҳад ва то ҷое ба нафъи ширкатҳои мобилӣ меанҷомад. Яъне ҳамон маблағе, ки ин ширкат аз васли телефонҳои шаҳрӣ ба мобил суд мебурд, нисф зиёдашро аз даст хоҳад дод. Ва агар тасмими боло бурдани қимати гуфтугӯ ба хотири рақобат бо ширкатҳои дигар бошад ва "Точиктелеком" дар бозори рақобат эҳсоси заъф карда бошад, набояд сабаби нотавонияшро дар пешрафти дигарҳо бубинад. Инҷо нотавонии хешро пазируфтан даркор.  Гуноҳи нокоромадии хешро дар дигарон ҷустан хатост."

Ширкатҳои мардумии Русия

Дирӯз ба хотири қиёс намудани нархи ширкатҳои телефонии ватанӣ бо ширкатҳои телефонии Русия аз як сайти русӣ мурур кардам. Як чизро он ҷо мушоҳада намудам. Ҳангоми боз намудани сайт бо таври автоматӣ дар поварақ, равзанаи тамос бо масъули ҳамон ширкати телефонӣ низ боз хоҳад шуд ва он иборае ба ҳамин маъно зикр шуда буд, яъне "бо ҳар дархосте метавонед муроҷиат намоед". Фаромӯш набояд кард, ки ин муроҷиат барои муштариёни ширкат аст. Онҳо ин нуқтаро хуб дарк намудаанд, ки дар қарне, ки суръати рушд  қариб ба суръати мобилӣ баробар аст ва аз ҳама муҳим ин ҷо вақт аст. Онҳо барои барҳадар сарф накардани вақти гаронмояи муштариёнашон, маҳз чунин василаеро роҳандозӣ намудаанд ва пайваста дар андешаи офаридани воситаҳои осон намудани хидмат барои муштариёнашон мебошанд.

Мутаассифона дастандаркорони мо камтар сари ин мавзуъҳо фикр мекунанд ва фақат як чизро бешак хуб омӯхтаанд, боло бурдани нархҳоро.

"Муштарӣ" дастнорас аст…, ҳатто дар Хадамоти алоқа

 Барои дар тамос шудан бо масъули матбуотии Хадамоти алоқа чандин зинаҳоро тай намудан лозим омад. Аваллан бо рақами телефоне, ки дар сомонаи ин ширкат дар "зерменю"-и "контакты" навишта шудааст, дар тамос шудем. Гумонам ин буд, ки мустақиман бо масъули матбуотии ин ширкат дар тамос шудем, вале гумонам ботил баромад. Баъдан аз он ҷо ба мо рақами телефони 2510909, ки гӯё аз бахши иқтисодӣ бошад, пешкаш намуданд. Ҳангоми бо ин рақам дар тамос шудан, боз рақами дигареро ба мо арза намуданд, яъне 2213036, ки чанд дафъа кӯшиши дар тамос шуданро намудем, вале бефоида анҷом шуд. Баъдан ба хулосае омадем, ки бо рақами маркази маълумотдиҳӣ, яъне 09 дар тамос шавем ва аз 09 ба мо рақами 2210774 доданд ва аз ин рақам ба мо боз рақами дигар 2217179-ро пешкаш намуданд ва билохира бо ин рақам ҳам дар тамос шуда натавонистем. Хуб, акнун хонандаи азиз, қазоват бар худи шумост. Оё барои гирифтани иттилоот бо як ҷумла шарт аст, ки ин қадар вақтро, бар илова маблағи гуфтугӯи телефониро барҳадар сарф намуд ва дар охир ягон натиҷае ҳосил накард?! Ё бо ин роҳ низ мехоҳем аз муштарӣ маблағи фоида ба даст биорем? Вагарна сомонаҳои ин ширкатҳоро барои чӣ нақше роҳандозӣ кардаанд, дар сурате ки аз ин сомонаҳо ҳеч иттилоъе пайдо кардан наметавон?!

Дар ҳоле, ки дар дигар мамолик сари мавзуъи барҳадар нарафтани вақти муштариён, баланд бардоштаги сатҳи хидматрасонӣ ва сифатнокӣ чораҳо меандешанд, чаро масъулини ширкатҳои мухобироти ватании мо ҷиҳати баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ тарҳҳои нав ба навро ками андар кам пешкаш менамоянд. Аз ҳама бадтар барҳадар сарф шудани вақти мардум аст, чун агар бихоҳӣ роҷеъ ба матлабе ё дархосте маълумот пайдо бикунӣ, шояд дар як рӯз ҳам имконияти дастрасӣ ба онро пайдо накунӣ. Ин дар ҳолест, ки аср асри технологияи навин аст ва суҳбат сари замини пахтаву кони ангишт намеравад, балки суҳбат аз соҳаест, ки бидуни технологияи навин арзи вуҷуди он ғайриимкон аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ин соҳа худро аз мардум канор мегиранд ва боз мехоҳанд ба воситаи ҳамин мардум хароҷотҳояшонро бипӯшонанд.

Билохира, ба мо муяссар шуд, ки чанд лаҳзае қабл аз чопи ин мақола дар мавриди ин ки оё амри Президен дар мавриди таъмини 1 миллион нафар бо телефонҳои хонагӣ то Наврӯз иҷро хоҳад шуд, иттилое ба даст биорем. Илҳом Раҳмонов, сардори фаннии ширкати "Тоҷиктелеком" дар як сухбати телефонӣ ба хабарнигори мо иброз дошт; "Дар ин самт корҳо рафта истодаанд, пеш аз он ки ин амрро иҷро намоем. Дар ҳоли ҳозир ҳама корҳо дар бобати таъмини ҳамон хонаводаҳои камбизоат тайёр шудаанд ва то Наврӯз онро ба анҷом хоҳем расонид."

Ба суоли ин ки теъдоди ин оилаҳои камбизоат чи қадарро ташкил медиҳад, ин масъули "Тоҷиктелеком" гуфт, ки мувофиқи рӯйхате, ки аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ба мо пешкаш намудаанд, 142 ҳазор оиларо ташкил медиҳанд. Мо ҳамаашро иҷро хоҳем намуд ва фақат дар навбати аввал оилаҳои камбизоатро бо дастгоҳҳои телефонии ройгон ва ба муҳлати як моҳ бе ҳаққи пардохт таъмин хоҳем кард.

Аммо номбурда ба ин суол, ки нархи як дақиқаи гуфтугӯ аз телефонҳои хонагӣ ба мобил чанд аст, нахост телефонӣ суҳбат кунад. Ӯ гуфт: "Ин масъаларо корхона биёед, нишаста суҳбат мекунем."

Чун вақти иҷрои супориши идораи нашрия ба поён расида буд ва фурсати дигарбора  рафтан ба ин корхонаро вақт аз мо гирифта буд, дидорро бо ин масъул барои мақолае дигар мавқуф мегузорем. Шояд то Наврӯз, пас аз иҷрои амри раиси ҷумҳур ва таъмини 1 миллион нафар бо телефони хонагӣ  

  Бо умеди мардумӣ ва дастрас шудани ширкати "Тоҷиктелеком", муштарии ширкат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97