Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

"Соатҳои нохуш" бо "Tcell"

Ширкатҳо 31.01.2012 09:58

Uzvi_shahr_boshedБо пайдо шудани ширктаҳои мобилӣ ва ба роҳандозии телефонҳои дастӣ дар ҷаҳони муосир, то андозаи назаррас дар соҳаи коммуникатсия пешравиҳо ба вуҷуд омад. Мардум хуб ба ёд доранд, ки дар 10 соли пеш барои бо дигар давлатҳо ва ҳатто  навоҳӣ ва вилоёти ҷумҳурӣ барои пайваст намудани тамосҳои телефонӣ, то чи ҳад дучори  мушкилот буданд ва дар маҷмӯъ соатҳо вақти гаронмояи хешро дар почтаҳо барҳадар сарф менамуданд. Ва умуман бо пайдо шудани ин ширкатҳо дар ин соҳаи ниҳоят муҳим ва дар ин асри пур аз таҳаввулоти илмӣ пешравиҳое шуд ва аз ҳама муҳим вақти мардум то ҷое сарфа мешавад. Вале суоле, ки боястӣ посухи хешро пайдо кунад, ин аст, ки оё дар баробари осон намудани мушкилоти мардум дар ин раванд, чӣ мушкиле домангири ҷомеа ва мардум аст?!

Истифодаи бешуурона хатарнок аст

Дар тӯли таърих ҳар ихтироъе инсонҳо намуданд, ҳама ба хотири осон намудани мушкилот ва нафъ расонидан ба мардум буд. Ҳатто ихтироъи ҳамин истгоҳҳои ҳастаӣ низ дар баробари он ки хатари ҷиддӣ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дорад, ва ҳар кас инро хуб медонад, агар аз рӯи ақлу хирад аз он истифода шавад, барои иқтисоди ҷаҳон фоидаи зиёде дорад. Агар рафту аз ин ихтироъи ҳастаӣ бешуъурона истифода шавад, ҷаҳонро барҳам мезанад. Дигар мисоли оддӣ барои ҳар кас ин дору аст, агар чи дору даво мебахшад, вале чун зиёд ва бе мавқеъ истифода шавад, ба ҷойи дармон ҳатман зиён хоҳад овард. Яъне ҳар чизро то сарҳади фоида истифода бояд намуд.

Рекломҳои барқӣ ва лотозании "Tcell"

Вале чуноне ки имрӯз ба мушоҳада мерасад, истифода аз телефони мобилӣ дар баробари фоида хисороте ба иқтисоди мардумро низ дар пай дорад. Инро ман худ таҷриба кардам. Аз ин рӯ тавсияи ман ин аст, ки аз телефони мобилӣ бошуурона истифода бояд бурд. Таъкиди бештари ман сари ширкати "Tcell" мебошад, зеро аз аввалин ширкатҳое аст, ки дар фазои Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва инҷониб низ қариб, ки сар аз рӯзи ташкилёбии он аз симкорти ин ширкат истифода менамудам. Мутаассифона, ин ширкат ба ҷойи беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ, баръакс ба рекломпардозӣ ва "ихтироъ"-и таъруфаҳо пардохт. Шояд мардуми бекору овора ва саргардон дар пайи таъмини рӯзгор ва фикри зиндагӣ ин чизро камтар эҳсос менамоянд. Аз ин фурсати барои худ муносиб ва мувофиқ истифода намуда, ин ширкат барои мардум "хидмати хирсона" анҷом медиҳад. Чуноне ки ба мушоҳида мерасад, барои ҷалб сохтани диққати мардум аз анвоъи воситаҳои рекламавӣ ва дигар намуди бозиҳои ба лоторея монанд ва бонусҳо истифода менамоянд. Ин ҳама рекломҳои бо барқу зарқ, ки қариб дар ҳама гӯшаю канори кишвар ва хусусан пойтахт ба чашм мехӯранд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Оё ин ҳама маблағе, ки дар ин рекломҳо сарф мешавад, барои осон сохтани кори мардум аст, ё барои ороиши шаҳрҳо? Фикр мекунам, ки на барои ину на барои он. Ин ҳама рекломбозӣ умуман дар ҷаҳони имрӯз ҷуз назарфиребӣ, гӯл задани мардум ва фоида ба даст овардани ин соҳибони реклом чизи дигаре нест.

Масхарасозии забони давлатӣ дар таблуҳои таблиғотӣ

Ва аз ҳама бадтар дар ин таблуҳои таблиғотӣ барои фарди огоҳ ибораҳо ва ҷумлаҳои ғалату носуфтае бо забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфи ниҳоят калон, ки бо таври таҳтул-лафзӣ ва нусхашуда аз забони русӣ тарҷума шудаанд, мебошад, ки ин масхарасозии забони тоҷикиро наметавон ба ҳеҷ фоидае ҷуброн кард. Чизи дигаре, ки ба мушоҳида мерасад, ин "ихтироъ" -и ҳар лаҳза намудҳои гуногуни таъруфаҳо мебошад ва бе ин ҳам сари калобаи мардумро боз гум кардан. Аз роҳандозони ин таъруфаҳо суол мешавад, ки ин ҳама "ихтироъкорӣ" ба хотири чист? Ба ҷойи беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ аз чи бошад, бештар роҳҳо ва воситаҳои фоида ҷустанро дар сар доранд. Агарчи дар замони сармоядорӣ мақсади ташкили ҳар ширкат ба даст овардани фоида аст, вале ин фоида ҷустанҳо низ бояд дар доираи ақл бошад ва манофеъ ва имкониятҳои молии мардум низ ба назар гирифта шавад. Аз сатҳи пасти фаҳмиши ҷомеъа суъистифода набояд кард, балки роҳҳоеро, ки барои огоҳии мардум заруранд бояд ҳамвор сохт.

Қиморбозии "Tcell"

Жарфтар агар кас андеша намояд, ин роҳу усули пешгирифтаи ширкат хело шабоҳат ба қиморбозӣ дорад, яъне бар ҳар роҳу восита аз мардуми бе ин ҳам камбизоат кашида гирифтани охирон пайсаашон мебошад. Ба қавле аз "мурда кафан" талаб доранд. Тазаккури ин нуқтаро барои раҳбарон ва муассисони муҳтарами ин ширкат ба ҷо медонам. Ин аст, ки шумо корхона ва ширкате нестед, ки ба тавлиди молу коло машғул бошед, яъне шумо на истеҳсолкунанда, балки истеъмолкунанда маҳсуб мешавед. Ва набояд аз он тафохур намудан, ки ба шумо унвони беҳтарин андозсупорандаи солро раво медоранд. Каме андеша кофист, ки манбаъ ва маншаъи ин андозҳо аз куҷост. Аз ҷумла ман низ яке аз истифодабарандаи ин таъруфаҳо мебошам ва дар ин андозҳо саҳми худро дорам. Дигар ин ки бо супоридани андоз набояд фахр намуд ва унвони беҳтарин андозсупорандаро гирифт. Ин манзараро, яъне супоридани унвони беҳтарин андозсупорандаи солро ба ширкати "Tcell"  мушоҳида намудам ва аз бо як салобату фахр гирифтани ин унвонро, гӯё, ки қаҳрамоние ба ҷо оварда бошанд, дида, хиҷолат кашидам. Зеро супоридани андоз ин вазифа ва масъулияти ҳар ширкату корхона мебошад. Касоне, ки мафҳуми иқтисоди бозаргониро каму беш сарфаҳм раванд, ин нуқтаро равшантар хоҳанд донист. Яъне супоридани андоз на ба хоҳиши ин муассисот аст, балки иҷборист ва ҳар кас муваззаф аст, онро иҷро бикунад. Агар ин унвон барои босифатии кори ширкатҳо мебуд, сад бор беҳтар буд. Мутаассифона, сифати хидматрасонии аксари ширкатҳо, чуноне ки бояд бошад, нест. Ин ҳама гуфтаҳо ҳоло танҳо дар бораи ширкати телефони мобилӣ буд. Аз ин агар бигзарем ва гузоре аз фаъолияти дигари муҳимми он дастрас кардани интернет дошта бошем ҳам, ба маврид аст.

"Соатҳои нохуш" бо "Tcell" 

Аз ҳама дида чизе, ки барои мардуми ин аср ниҳоят зарур аст, ин истифода аз шабакаи интернет мебошад. Дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри ХХ ба ин мафҳум ошно буданд ва сару кор доштанд. Дар ҳоле ки мардуми мо шояд беш аз 10 соли пеш ба ин мафҳум ошноӣ пайдо намуданд. Сатҳи хидматрасонии интернет дар аксари ширкатҳо чандон қобили қабул нест. Ҳатто барои кушодани сайтҳо ва умуман тасвирҳои графикӣ дақиқаҳо мунтазир мебояд буд. Барои кушодан ва тамошо кардани тасвирҳои видеоӣ ҳоҷати гап ҳам нест. То ҷое, ки сабтҳои аудиоиро низ ба таври хуб гӯш кардан намешавад. Худ истифодабарандаи таъруфаи "Соати хуш" аз ширкати мобилии "Tcell" мебошам. Ва ҳангоми истифодабарӣ аз ин таъруфа ҳатман соати истифодабариам нохуш мегузарад. Зеро барои як соат истифода намудан ба таври умумӣ рӯзона 5 сомонӣ бояд пардохт намуд. Бо чунин суръати пасти интернет дар як соат наметавон кореро анҷом дод ва билохира дар як миҷҷа ба ҳам задан аз чанд сомонӣ маҳрум хоҳӣ гашт.

Не "лови удача" "Tcell"!

  Ба ҷойи зиёд намудани таъруфаҳо ва ташкил намудани "лови удача"-ҳо ин ширкатро зарур аст, то сатҳи хидматрасонии мардумро, хусусан дар соҳаи интернет беҳтар намуда, барои омӯзиши беҳтари ҷавонон дар соҳаи барномасозӣ ва ҳади ақал ҷо ба ҷо гузоштани барномаҳои компютерӣ заминаҳои мувофиқ пайдо менамуданд. Зеро ширкатҳои мобилӣ имконияти хуби молӣ доранд. Чуноне ки ба мушоҳада мерасад, донишу малакаи мутахассисоне, ки ба ҷо ба ҷогузории барномаҳои компютерӣ машғуланд, дархӯри замон нест. Барномасозӣ ун тараф истад, аксар ҳатто аз барномаҳои тайёр истифода карда наметавонанд. Он калимоту истилоҳоте, ки дар рекломҳои хеш истифода мебаранд ва гумон мекунам, худи онҳо низ он қадар ба маънии онҳо сарфаҳм нахоҳанд рафт. Хуб мебуд, ин истилоҳотро бо таври возеҳтару мушаххас барои истифодабарандагон пешкаш менамуданд. Чун боре кас вориди барномаи "Google" шавад, ин нуқтаро бештар дарк хоҳад намуд, ки мо дар ин равандҳо ба ҳеҷ пешравие ноил нагаштаем, яъне бо ҳар забоне метавон дар ин барнома, дилхоҳ мавзӯи мавриди назаррро пайдо намуд, ба ҷуз аз забони тоҷикӣ. Шояд ин вазифаи ширкатҳои мобилӣ набошад, вале ин ширкатҳо, ки имконияти молии бештаре доранд, хуб мебуд ба ҷой "ихтироъ"-и усулу роҳҳои ба даст овардани фоида, барои ҷо намудани барномаҳо бо забони тоҷикӣ низ саҳм мегузоштанд. Ва хоҳиши қотеонаи инҷониб аз ширкатҳои мобилӣ ва махсусан ҳамин ширкати "Tcell", ки дар  бештари гӯшаю канори шаҳр рекломҳояшро бо ибораю ҷумлаҳои хатои забони тоҷикӣ овезон намудааст, ин аст, ки бояд ба забони тоҷикӣ арҷ гузошт ва дар тарҷумаи ибораю ҷумлаҳо бо ин забон фориғболиро раво надоранд. Ҳатто сарвазири Русия, Путин барои вайрон намудани қавоиди забони русӣ ҷавобгарии ҷиноиро пешниҳод менамояд. Зеро ин қавлро, ки "марги миллат аз марги забон оғоз мегардад" ҷаноби Путин фаромӯш накардааст.
Мо чӣ?!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97