«МЛТ» истифодаи энергияи офтобро роҳандозӣ мекунад!

Ширкатҳо 23.10.2009 19:25
Офтоб-манбаи бузургиқувваи энержӣ, ки бе вуҷуди он инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин имконнопазир аст. Ин пурқувваттарин «акумулятор»-и табиист, ки аз рӯшноию гармӣ тамоми чизи барои инкишофу рушд ва такмил моилро ниру мебахшад. Аз қарни асрҳо инсоният ба маҳали фарогири гармии офтоб рағбат дошт ва бо гузашти айём истифодаи самараноки ин қувваи кайҳониро барои беҳбуди худ омӯхт. «МЛТ» ҳамчун навовари соҳаи технологияи тарақинамудаву олӣ ва дастрас аввалин шуда дар Тоҷикистон лоиҳаи ҷамъиятии мукаммалу мутарақиро дар заминаи қувваи энержии офтобӣ роҳандозӣ менамояд. Аз ин ба баъд ҳар як муштарӣ имкони аз нуқтаҳо ва марказҳои хизматрасонии ин ширкат телефонҳои мобилиеро, ки танҳо бо дар зери шӯъои офтоб мондан ниру мегиранд, дастрас намоянд.
mlt

Бо назардошти ин омили муҳими ҷамъиятӣ ва мақсади бемислу беназир «МЛТ» ба ҳама сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон телефонҳои мобилиеро, ки аз нируи дастрас - шӯъои офтоб ниру мегиранд, пешниҳод менамояд. Лоиҳаи мукаммали технологияи мутарақии мазкур ҷиҳати ҳалли вазифаҳои барои ҳаёт муҳими иҷтимоӣ, вобаста ба муошират ва ҳам истифодаи қувваи энержӣ равона шудааст.
«Бо чунин муносибати дар амал нафъовар истифодабарии қувваи барқ нисбати ҷиҳози расмию маъмулӣ коҳиш меёбад, ки ин айни замон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон муҳим нест»- чунин андеша доранд мутахасисони соҳаи технологияи муттарақӣ.
Оид ба махсусият ва афзалияти телефонҳои мобилие, ки дар заминаи қувваи офтоб фаъолият менамоянд, директори генералии   ҶСШП «ТТ мобайл» Қаюмов Г.А чунин мегӯяд:
-Алоқаи мобилӣ ба истифода аз қувваи энержии офтоб шурӯъ менамояд. Ба андешаи ман, ин дар Тоҷикистон навгонии беназири техникӣ буда, то ҳоли ҳозир он дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт…
Имрӯз истифодаи қувваи энержии офтоб дар соҳаи телекомуникатсия дар кишварҳои ғарб васеъ паҳн гардидааст. Қувваи дастраси офтобӣ беназиру қиматбаҳоест, ки дар ҳоли ҳозир олимони ҷаҳон истифодабарии фаъоли онро дар истеҳсолот пайгирӣ доранд. Тоҷикистон бошад, кишвари офтобрӯяест, ки тамоми сол офтоб нурафшонӣ мекунад. Ин аст, ки кишвари моро боғи бузурги ҳамешасабз меноманд. Мо дар ин маврид хеле муваффақем ва моро мебояд, ки дуруст истифода намудани ин сарвати табииро омӯзем. «МЛТ» аввалин оператори байналмилалии алоқаи мобилист, ки бо лоиҳаи хусусияти иҷтимоидошта дар бозор арзи вуҷуд кардааст ва дар фазои телекомуникатсионии Осиёи марказӣ беҳамто мебошад. Ин комёбӣ барои тамоми сокинони Ҷумҳурӣ ғайричашмдошт аст. «Батарейка»-и офтобии телефони мобилӣ барои ашхоси ба муоширати бардавом ва босифат эҳтиёҷотдошта воситаи бемисл мебошад».
Қимати дастраси чунин телефони ҳамроҳ 46$ бо ААИ (НДС) буда, онро ба ҳамаи муштариён муфид мегардонад, ки дар навбати худ, сарфи аҳолиро ба алоқаи шабакавӣ хеле камтар мекунад. Мо талаботи иҷтимоии мардумро ба назар гирифтем ва мехоҳем, ки ин пешниҳоди шабакаи «МЛТ» дар амал сатҳи зиндагӣ ва сифати тамосҳои телефониро хубтар намояд. Ва дар навбати дувум; чуноне ки амалия нишон медиҳад, на дар ҳама манотиқи кишвар масоили марбут ба қувваи барқ ҳалли мусбати худро ёфтааст.
Дар робита ба ин фоидаи иҷтимоӣ-ҷамъиятии лоиҳаи мазкур возеҳу равшан аст: муштариёнро лозим мешавад, ки танҳо амалиёти одиро иҷро кунанд, яъне телефонҳои ҳамроҳи худро (дар мавриди набудани нируи барқ) аз манбаъи табиӣ - офтоб - қувва диҳанд», - мегӯяд Сардори шуъба оид ба таҷҳизоти нав ва хидматҳои иловагии «МЛТ» Бобоалиев Ҷамшед. Беҳбудии калони чунин телефонҳои мукаммал дар он аст, ки гӯянда, масалан, вақте телефонро дар даст нигоҳ медораду ҳамзамон дар тамос аст, дар як вақт онро қувва медиҳад, чунки шууои офтоб дар ин вақт ба ботридон мерасанд. Барои мо муҳим аст, ки муштариёнамон бо истифода аз хидматгузориҳои пешқадами мо ҳамеша бурд кунанд. Чунин телефонҳои муосити иноватсионӣ - боз як исботи возеҳу арзандаи ин аст. Чунки тавассути ин технологияи муфид ва навгонии техникаи мобилӣ муштариён осон нируи сарфнамудаи ботриҳояшонро аз ҳисоби гармӣ ва равшанӣ ҷуброн мекунад. Мо дар баробари замони муосир қадам мезанем ва бозори хушсифати ватаниро бо бозорҳои ҳамгуни хориҷӣ ва русиягӣ муқоиса мекунем. Нируи офтобро истифода карда, «МЛТ» дар соҳаи рушду тараққии ин фикри илмӣ нахустин гомро гузошта пешоҳанг мешавад. Дар замони наздик сокинони Тоҷикистон метавонанд тарафҳои мусбату судманди чунин телефонҳоро ба таври пурра баҳо бидиҳанд.

Хадамоти матбуотии ҶСП «ТТ мобайл»
Манбаъ: www.mlt.tj


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97