Деҳоти ноҳияи Айниро сел шуст

Хабари хуб 07.09.2010 18:33

23 августи соли равон соати 14. 30 борони сахт дар 15-20 дақиқа манзилҳои беш аз 90 хонаводаи рустоҳои Сангистон, Зосун, Томин ва Путхини ноҳияи Айниро хароб намуд. Аз ин шумора 22 хонаро куллан шуста, ба 6,3 километр роҳҳои мошингузар, 5 пул, 2 километр хатҳои интиқоли барқ, 70 километр лӯлаҳои обкашӣ, ҷӯйю селпартовҳо, 240 гектар замини кишти зироат зиёни сахт расидааст.

Дар тӯли 20 дақиқа сел ба миқдори 1млн.134 ҳазору 920 сомонӣ танҳо ба як ҷамоати Айнии ин ноҳия хисорот ворид намуд.

Ба суоли мо дар мавриди он ки оё корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сурат гирифта буд ва чи миқдор мабла? барои ин корҳо сарф шудааст, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Зафар Мирзобошиев чунин изҳори андеша намуд:

«Аз ҷониби ширкати «Мисия Восток» дар деҳае, ки аз ҳама зиёд офат дидааст, яъне Путхин барои гирифтани пеши роҳи селоб ҷӯй сохта буданд, аммо сел онро шуста бурдааст ва ҳатто селпартовҳоро низ канда ва ҷӯйе, ки аз байни деҳа равон аст, обаш хеле кам буд, сел онро то 4 метр ҷуқур кофтааст.»

Сел як нафар кушта ба ҷо гузошта, ки он сокини ҳамин деҳа Бобоева Муяссар мебошад.

Муродова Марямой, сокини рустои Путхин, ки сел ҳама сарвату ҷиҳозашро шуста бурдааст, зимни сӯҳбат гуфт, ки бо харҷи 25 ҳазор сомонӣ нав хона сохта будам ва бурёкӯбон накарда, ки сел онро вайрону валангор кард. Сандуқамро, ки пури молу матоъ буд, сел бурда ба дарё партофт, кӯрпаву кӯрпачаҳо ва болиштҳоям, ки ҳамаро нав дӯхта будам дар даруни сел пур аз лою санг дида аз алам гиря кардам. Молу ҷиҳози хонаам дар даҳ дақиқа ба коми сел рафт. Шукр Худоро, ки бачаҳоям дар хона набуданд, вагарна рӯзам сиёҳ мешуд.»

Таҳхонаҳои манзили Каримов Аҳмадро бошад, сел пурра зер кардааст. Мо аз сабаби салқин будани таҳхона ҳама анвоъи ғизоиро он ҷо гузошта будем, орду рӯғану чою шакар ҳама зери сел монд. Акнун аз ҳисоби ҳамсояҳо мехӯрем.

Мӯйсафеди 83 сола мегӯяд, ки ин бори аввал аст, ки чунин офатро дар тӯли ҳаётам мебинам. «Ҳатто аз бобову бибиям ҳам нашунида будам, ки боре чунин сели калон омада бошад. Сел меомад, аммо хисорти ночизе мерасонид.»

Хушбахтона ин ҳодиса рӯзона рух дод, агар Худое нахоста он шабона сар мезад, мардумро ғофилгир мекард ва фоҷиаи Кӯлоб ин ҷо такрор мешуд. Чун ба рӯди пуртуғёни Зарафшон он лаҳзаҳо дида дӯхтам дидам, ки рӯйи мавҷҳои он гову бузу гӯсфанд, яхдону кӯрпаву сандуқ, чӯбу тахтаву дарзаҳои коҳи мардум бозӣ мекард.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97