Ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Душанбе меояд

Хабари хуб 27.08.2010 19:44

Матбуоти Русия хабар додааст, ки ҳафтаи оянда Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин хабар омадааст, солҳои ахир як падида ба назар мерасад, ки баъд аз ба даст омадани ҳар тавофуқ миёни Тоҷикистону Русия ё Амрико намояндагони баландпояи Русия ё Амрико аз Тоҷикистон бодид мекунанд. 18-ӯми августи соли ҷорӣ раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Сочӣ мулоқот доштанд. Дар хабарҳои матбуотӣ гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот раҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия дар фурудгоҳи низомии Айнӣ воқеъ дар 15 километрии ғарби шаҳри Душанбе мустақар мешаванд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97