Зарифӣ дар Тошканд масъалаи вагонҳоро баррасӣ кард

Хабари хуб 12.08.2010 15:15

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии кишварамон, дар ҳошияи нишасти "Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" дар Тошканд, бо Владимир Норов, вазири хориҷии Узбакистон дидор ва масъалаи интиқоли вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистонро дар миён гузоштааст.

Масъулини вазорати хориҷии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки як масъалаи аслии мулоқоти Зарифӣ ва Норов баррасии мушкили мавҷуд дар убуру мурури вагонҳои Тоҷикистон аз ҳудуди Узбакистон будааст.

Вазирони хориҷии ду кишвар ҳамчунин авзоъи Қирғизистон ва Афғонистон ва дар маҷмӯъ амнияти минтақаиро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Узбакистон бештар аз 800 вагони молу колои Тоҷикистон раҳбанд мондаанд. Узбакистон бо сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун мухолиф аст ва маводи сохтмонии марбут ба ин неругоҳро аз қаламрави худ иҷозаи убур намедиҳад.

Аммо Тоҷикистон иддаъо дорад, ки на танҳо дар интиқоли маводи марбут ба сохтмони Роғун, балки дар ҳаракати ҳар молу колои дигари Тоҷикистон аз ҳудуди Узбакистон низ мушкилот вуҷуд дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97