Вазорати маориф фасодзада нест

Хабари хуб 12.08.2010 15:14

Ҳафтаи сипаришуда раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Фаттоҳ Саидов зимни нишасти хабарӣ ниҳодҳои давлатиеро, ки дар ин ниҳодҳо ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ҳама бештар содир шудаанд, эълом кард, ки дар ин руйхат Вазорати маориф дар ҷойи аввал буд. Аз ҷумла баъзе аз расонаҳо ин ниҳодро фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ унвон карданд. Дар робита ба ин Вазорати маорифи кишвар мавқейи худро баён намуда, чунин радия фиристодааст:

«Вазорати маориф «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро таъмин намуда, дар ин маврид низ чорабиниҳои мушаххасеро андешидааст.

Аз ҷумла, дар Вазорати маориф «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи маориф барои солҳои 2009-2012» таҳия гардида, амалӣ шуда истодааст. Дар асоси барномаи мазкур дар воҳидҳои сохтории вазорат ва тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барномаҳо ва нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ доир ба мубориза бо коррупсия таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба фаҳмонидан ва омӯзиши асосҳои мубориза бо коррупсия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ 10 соат дарсҳои факултативӣ роҳандозӣ шудааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Вазорати маориф дар масъалаи мубориза бо коррупсия дар кишвар бетараф нест. Боиси таъкид аст, ки дар худи Вазорати маориф бошад, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои изофанависӣ ва ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳо шӯъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисони он пурра ба иҷрои вазифаҳои номбаргардида машғуланд.

Имсол бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фасод дар мавсими қабул ситоди доимамалкунанда таъсис дода шудааст. Боиси таассуф аст, ки ба чораҳои андешида нигоҳ накарда, дар рӯзҳои охир якчанд ҳолатҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандони соҳаи маориф ошкор гардиданд. Ҳамаи ин масъулини Вазорати маорифро водор месозад, ки фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд. Ҳамзамон, таҳлили ҳолатҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки теъдоде аз боздоштшудагон ба кори комиссияҳои қабул робитае надошта, бо роҳҳои гуногун ба боварии шахсони алоҳида даромада, даст ба чунин амал задаанд. Маълум мегардад, ки иддае аз шаҳрвандон низ барои сар задани ин амалҳои номатлуб мусоидат менамоянд.

Муайян намудани омилҳои ҷой доштани фасод, махсусан дар соҳаи маориф хеле муҳим аст, зеро ин соҳа зиёда аз чор ҳазор муассисаи таълимӣ, яксаду бист ҳазор устоду омӯзгор ва ду миллион хонандаву донишҷӯро дар бар мегирад. Бо назардошти ин миқдори бузург ва амали номатлуби якчанд нафаре, ки фаъолияти пурсамари соҳаи маорифро доғдор намудаанд, со¬ҳаи маорифро «фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ» қаламдод намудан метавонад ба иззати нафси даҳҳо ҳазорон устодону омӯзгорони фидоии соҳа расад. Вазорати маориф бо чунин баҳогузорӣ муқобил буда, иброз менамояд, ки ошкор гардидани камбудиҳои ҷузъӣ маънии онро надорад, ки тамоми соҳа «фасодзада» бошад. Аз ҷониби дигар, камбудии муаассисаҳои мушаххасро бо номи Вазорати маориф алоқаманд кардан, аз рӯи адолат нест».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97