3500 $ насиби кӣ гардид?

Хабари хуб 22.04.2010 14:49

Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон, устоди дараҷаи байналмилалӣ Тоҳир Маҳмадшоев дар нахустин ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар масофаи 21 км 0,97 м ғолиб гардида, бо дипломи шаҳри Душанбе ва 3500 доллари амрикоӣ сарфароз гардид. Дар байни занҳо бошад зинаи аввал бо маблағи 3500 доллари амрикоӣ насиби намояндаи шаҳри Москваи Федератсияи Русия Надежда Поваляева гардид.

Зинаи дуюми мусобиқаро бо маблағи 3000 долари ИМА намояндагони Русия Юрий Чигин ва Мария Малишева мушарраф гардиданд. Ҷойи сеюмро намояндагони Русия ва Чин Александр Картович ва Ранг Ронг бо маблағи 2500 доллари ИМА бо ҳам диданд. Зинаи чоруми мусобиқа бо маблағи 2000 доллари ИМА насиби Денис Багреев (Қирғизистон) ва Надима Мирзоева (Тоҷикистон) шуд. Сотиболдӣ Ҳатов ва Хосият Тошева ҳар ду аз Тоҷикистон зинаи 5-уми мусобиқаро соҳиб шуда, бо 1800 доллари ИМА сарфароз гардиданд. Зинаи шашуми мусобиқа насиби намояндаи шаҳри Шерози Эрон Муслим Ниёзпур ва Нодира Мирзоева (Тоҷикистон) бо 1500 доллари ИМА гардид.

Бояд зикр кард, ки дар нахсутин ниммарафони байналмилалӣ намояндагони барордаршаҳрҳои Душанбе аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Чин, Амрико, Фаронса ва Канада, инчунин варзишгарон ва дӯстодорони варзиш аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта, ширкат намуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97