Боқиев дар Белорус паноҳ бурд

Хабари хуб 22.04.2010 14:48

Президенти Белорус - Александр Лукашенко, эълон кардааст, ки Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ва аҳли хонаводааш дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус аст ва феълан таҳти муоинаи пизишкон қарор дорад.

Қурмобек Боқиев, бо мусоидати Русияву Қазоқистон аз кишвараш берун карда шуда буд, баъди чанд рӯзи иқомат ба Минск сафар кардааст. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, қаблан гуфта буд, агар Қурмонбек Боқиев хоста бошад, омодааст, дар Белорус ӯро пазироӣ кунад.

Аммо ҷониби Қирғизистон даъво дорад, ки Боқиев бояд ба Бишкек оварда шавад. Омурбек Текебоев, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, изҳор намуд, ки Бишкек аз Минск хостори баргардонидани Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97