Коршиносони БОР: Тоҷикистон рушд мекунад

Хабари хуб 16.04.2010 14:57

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар пайи болоравии қиматҳо мизони таваррум дар Тоҷикистон ҳудуди 11 дарсад хоҳад буд.

Макото Оҷиро, масъули намонядагии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2010 баъд аз рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рӯй ба тавсеъа гузоштааст.

Ҷаноби Оҷиро ин матлабро дар маросими муаррифии пешбиниҳои БОР барои кишварҳои осиёӣ дар соли ҷорӣ эълом кард.

Ба эътиқоди ӯ, сабабҳои тавсеъаи иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба боло рафтани қимати нахи панба ва алюминий, молҳои аслии содиротии ин кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Русия ва Қазоқистон рабт доштааст.

Коршиносони БОР мутмаинанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ба маблағе, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз ин ду кишвар барои хонаводаҳои худ интиқол медиҳанд, бастагӣ дорад.

Эълом шудааст, ки мизони маблағи пешбинишудаи муҳоҷирон имсол бештар аз соли гузашта, вале камтар аз болотарин шохиси соли 2008 хоҳад буд. Зимнан, хабар дода шудааст, ки дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ мизони чунин маблағҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, коршиносони БОР аз афзоиши мизони қарзҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳудуди 1 миллиарду 700 млн. доллар қарздор аст.

Ин рақам муодили 34 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон ва ба гуфтаи коршиносони БОТ, пойинтар аз ҳадди нисби 40-дарсадӣ мебошад, ки мизони бештар аз он барои кишвар хатарзо маҳсуб мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97