Беш аз 2000 вагон дар банди Узбакистон

Хабари хуб 16.04.2010 14:57

То ҳоли ҳозир беш аз ду ҳазор вагони бори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар банд ҳастанд. Ин амр ба афзоиши қиммати маводди мухталиф, ки аз тариқи роҳи оҳан ба бозорҳои Тоҷикистон ворид мешуд, мунҷар шудааст.

Масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мутаваққиф кардани вагонҳои борӣ аз сӯйи Узбакистонро - "нақзи дурушти муқаррароти "Мувофиқатнома дар бораи иртибототи байналмилалии мол" ва асноди дигари байналмилалӣ" талақӣ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо пас аз интиқоди Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз ин вазъ дар мақари СММ дар охири моҳи гузашта, ҳоло танҳо ду ё се қатори борӣ аз тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки қабл аз "муҳосира" ҳар рӯз беш аз 10 қатори ҳомили вагонҳои бор аз ин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешуд.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки Узбакистон ба хусус монеаи вуруди қаторҳои ҳомили маводи сӯхт ба Тоҷикистон мешавад. Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии фасли баҳор кишту кори кишоварзӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуда ва кишоварзон ба маводи сӯхт шадидан ниёз доранд.

Гуфта мешавад ҳамакнун барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қиммати маводди сӯхт дар кишвар маводди сӯхт аз захоири давлатӣ ба бозорҳо ворид мешавад. Вале гуфта мешавад баҳои маводди ғизоӣ, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба таври қобили таваҷҷӯҳ боло рафтааст. Масалан, дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе қимати бархе аз маводди ғизоии тавлиди Русия, Эрон ва Қазоқистон аз 20 дирам то 1 сомонию 50 дирам афзудааст.

Бо ин ҳол ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон гуфтааст, хисороти ворида аз мутаваққиф шудани вагонҳои бории Тоҷикистон 5 млн. долларро ташкил додааст. Раванди мутаваққиф шудани қаторҳои бории Тоҷикистон дар истгоҳҳои Узбакистон аз моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шудаааст.

Пас аз ирсоли ёддошти эътирозии вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ вазъи ҳаракати қаторҳои бории Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон беҳбуд ёфта, аммо дар зарфи ду моҳи ахир дар ин самт вазъи душворе ба миён омадааст.

Зимнан, Бан Ги Мун, дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ, аз давлати Узбакистон даъват кард, ки қаторҳои бории Тоҷикистонро мутаваққиф накунад. Аммо ҷониби Узбакистон ҳанӯз барои ҳаракати озоди қаторҳои бории Тоҷикистон аз ҳудуди ин кишвар мусоидати чандоне накардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97