Сохтумони "Сангтӯда-2" ба таъхир меафтад

Хабари хуб 16.04.2010 14:56

Масъулони тарҳи "Сангтӯда-2" мегӯянд, ки ба далели банд мондани вагонҳо дар қаламрави Узбакистон иҷрои тарҳи ин сохтмон мутаваққиф хоҳад гашт. Сайид Асғарӣ, раиси намояндагии ширкати "Сангоб"-и Эрон, ки машуғули иҷрои ин тарҳ аст, гуфтааст вагонҳои шомили таҷҳизоти зарурӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ чанд моҳ аст, ки наметавонанд аз қаламрави Узбакистон убур кунанд.

Вай изҳор доштааст, ки "ҳатто таъвиқи якрӯзаи вуруди вагонҳои шомили таҷҳизот метавонад, замони иҷрои ин тарҳро ба таъвиқи тӯлонӣ дароварад." Ӯ афзудааст, ки ширкати "Сангоб" тӯли ин муддат борҳо барои иҷрои бахшҳои алоҳидаи сохтмони Сангтӯда-2 муттахасисинро аз Эрон эъзом кардааст, вале таъвиқи вагонҳо дар Узбакистон ин барномаҳоро "ба ҳам задааст."

Ҳамакнун, рӯшан нест, ки иҷрои ин тарҳ чӣ замоне ба поён хоҳад расид. Ҷаноби Асғарӣ гуфтааст: "Мо ҳоло намедонем, ки таъкири вагонҳои ҳомили таҷҳизот барои Сангтӯда-2 то кай идома хоҳад дошт. Вале таъвиқе, ки то ҳоло сурат гирифтаат, замони иҷрои Сангтӯда-2-ро қабл аз мӯҳлат ғайримумкин кардааст. Дар ҳоле, ки тибқи қарордод интизор мерафт, ин нерӯгоҳ дар моҳи феврали соли 2012 мавриди истифода қарор бигирад. Вале ҷониби Тоҷикистон умедвор буд, нахустин агрегати ин нерӯгоҳ дар поёни соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҷаноби Асғарӣ афзудааст: "Ҳалли мушкилоти пешомада дар салоҳияти ширкати "Сангоб" нест, ҳарчанд мо сари ин мавзӯъ пайваста бо мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар тамос ҳастем. Гузашта аз ин, давлати Эрон низ, ки сармоягузори ин тарҳ аст, барои ҳалли ин мушкилот талош кардааст, вале то ҳол натиҷае ба даст наомадааст".

Ин масъули тарҳи Сангтӯда-2 гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ба қарордоди Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи замони анҷоми умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-2 тағйирот ворид карда хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97