Қонуни хизмати аскарӣ нав мешавад

Хабари хуб 09.04.2010 20:52

Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни нави даъват ба сарбозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ҳарчанд манобеи порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати тасвиби ин санад, дар раванди даъват ва хидмати сарбозӣ тағйиротҳое сурат хоҳад гирифт, вале аз ироаи ҷузъиёти онҳо худдорӣ мекунанд. Шодӣ Шабдолов, узви порлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки лоиҳаи ин қонун аз сӯйи Ҳиби коммунисти Тоҷикистон таҳия шуда ва аз сӯйи Мирзобек Ҳоҷиев, вакили собиқи порлумон пешниҳод шудааст.

Ҷаноби Шабдолов гуфтааст, ки тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон бояд ҳар ҷавони синаш аз 18 то 29-сола барои ду сол ба хидмати сарбозӣ даъват шаванд.

Вале ба бовари ҷаноби Шабдолов имконияти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои пазируфтани ҳамаи ин ҷавонон ба сафи артиш маҳдуд аст.

Ба ин далел, коммунистҳо пешниҳод кардаанд, наҳваҳои нави хидмати низомӣ, аз ҷумла ҷалби бархе аз ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ бар ивази хидмати сарбозӣ иҷоза дода шавад.

Шодӣ Шабдолов гуфтааст, ки дар лоиҳаи ин қонун тағйиротҳое пешниҳод шудаанд, вале вай метавонад дар ин бора танҳо баъд аз тасвиби санад дар порлумон сӯҳбат кунад.

Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати нави ҷавонон ба сафи артиш оғоз шуд. Ҳарчанд, масъулони Вазорати дифоъ мегӯянд, дар чанд соли ахир ҷавононро аз роҳи боздошт дар хиёбонҳо, ба истилоҳ "облава" барои хидмат дар артиш ҷалб намекунанд, вале то ҳол чунин маворид мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъ, вуҷуди мавридҳои боздошт ё "облава"-ро ғайриқонунӣ хонда ва аз шоҳидони чунин ҳодиса даъват кардааст, ки ба ниҳодҳои низомӣ шикоят бубаранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97