Душанбе аз "мусор" тоза мешавад

Хабари хуб 09.04.2010 20:51

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои партофтани партов шаш соат вақт дар як шабонарӯз муқаррар кард. Бо дастури нави шаҳрдорӣ, аз ин ба баъд сокинони пойтахт бояд партовҳои хонаашонро танҳо аз соати 17:00 то соати 23:00 ба партовгоҳҳо бирезанд.

Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, ки ин тасмим барои беҳбуди вазъи санитарӣ дар пойтахт гирифта шудааст. Зеро бо фарорасии фасли тобистон мавзӯъи тозагии шаҳр вирди забонҳо мегардад ва мардум аз бӯи бади партовҳо шикоят мекунанд.

қаблан низ муҳаррар шуда буд, ки мардум партовҳои хонаи худро аз соати 18:00 то 06:00 ба партовгоҳ бубаранд. Партовгоҳҳо дар тӯли шаб пур аз партов мешуданд ва мошинҳо танҳо субҳ, дар баъзе мавзеъҳо дар чанд рӯз як бор онҳоро ҷамъоварӣ мекарданд, ки ин вазъ ба фазои шаҳр таъсири бад мерасонд.

Аммо акнун ниҳодҳои дахлдор вазифадор шудаанд, то нимаи шаб тамоми партовгоҳҳои маҳаллаҳоро тоза кунанд. Дар тамоми партовгоҳҳо нафарони масъул аз сокиноне, ки аз соати муайяншуда ба баъд партовҳояшонро мепартоянд, ҷарима меситонанд.

ҳукумати шаҳри Душанбе ният дорад, партовгоҳҳои шаҳри Душанберо бозсозӣ кунад, то аз бемориҳои сироятӣ сокинон эмин монанд. Дар баробари ин дар ҳар партовгоҳ қуттиҳои махсус барои партофтани "маводди заҳрдор", аз ҷумла чароғҳои каммасрафи вайрон, ки дар таркибашон симоб вуҷуд дорад, гузошта мешавад. ҳамчунин дар партовгоҳи умумии шаҳри Душанбе, ки дар берун аз шаҳр воқеъ аст, маркази коркарди партови маводди заҳрдор таъсис хоҳад шуд.

P.S. Аммо бо як даст қарсак намешавад, аё ҳамшаҳрӣ, биёед мо ҳам дар ороставу перостагии хонаи худ-шаҳри худ саҳмгузор бошем. Танҳо дар хамин холат шаҳр аз партов ва сокинони он аз сироят ёфтан аз ҳар гуна беморӣ дар амон хоҳанд монд. Мо бовар дорем, ки шумо шаҳри худ-хонаи худро дӯст медоред!

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97