Варзишгарони тоҷик ба Канада намераванд

Хабари хуб 09.04.2010 20:50

Канада дархости визаи тими Тоҷикистонро барои ширкат дар Мусобиқоти донишгоҳии саросарӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар варзиши сабук дар ин кишвар рад кардааст.

Раиси Кумитаи тадорукоти ин мусобиқот, Шейн Лейкинс далели ин амрро ба мушорикати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёии Варзиши Сабук дар Ирон марбут хондааст, ки Федератсияи байналмилалии варзиши сабук онро таҳрим карда буд.

Ҷаноби Лейкинс ба нашрияи интернетии "Торонто Сан" гуфтааст, варзишгар метавонад ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон дидан кунад, аммо дар суфуфи тими миллӣ ҳаққи ширкат дар мусобиқотеро, ки аз сӯйи ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ таҳрим шудаанд, надоранд.

Қарор аст Мусобиқоти донишгоҳии саросари миёни кишварҳои ҷаҳон дар варзиши сабук дар Канада дар таърихи 11 апрели соли ҷорӣ оғоз шавад.

Евгений Шумарин, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар назар аст Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Канада 18 июли соли ҷорӣ баргузор шавад ва аз ин лиҳоз, тими миллии Тоҷикистон ҳанӯз аз Канада дархости виза накардааст.

Ҳамзамон, ҷаноби Шумарин таъкид кардааст, ки тибқи иттилои расида аз Кумитаи тадорукоти ин мусобиқот дар Канада дар сурати вуҷуд доштани визаи иронӣ дар шиносномаи варзишгарон ин афрод аз дарёфти визаи Канада маҳрум хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар Мусобиқоти Осиёии варзиши сабук дар Ирон бештари варзишгарони тими миллӣ ширкат кардаанд ва мумкин аст онҳо дар мусобиқоти таҳти роҳбарии Федератсияи байналмилалии варзиши сабук ширкат карда натавонанд.

Масъулони ин ниҳод таъкид карданд, имкон дорад танҳо ду узви тими миллии Тоҷикистон, ки ба Ирон сафар накардаанд, дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар варзиши сабук дар Канада ширкат кунанд.

Зимнан, Наргис Набиева, раиси бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризм хабар додааст, қарор аст тими миллии варзиши сабуки Тоҷикистон дар Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Сангапур, моҳи майи соли ҷорӣ ҳунарнамоӣ кунанд ва дар муқоиса бо Канада барои вуруди варзишгарони тоҷик ба Сангапур ҳеч гуна монеа вуҷуд надорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97