Қазияи додгоҳии "Миллат" бо Вазорати кишоварзӣ

Хабари хуб 05.04.2010 14:26

Дар асоси таъиноти додгоҳӣ бояд 29-уми март мурофиаии навбатии нашрияи "Миллат" бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар додгоҳи ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе доир мешуд.

Вале аз сабаби он ки ҷониби дигар, яъне Вазорати кишоварзӣ пешниҳоди созиш намуда буд, намояндаи "Миллат" дар додгоҳ Ҷунайд Ибодов бо ариза ба додгоҳ муроҷеъ шуда, хостори боздошти баррасии қазия, то аз сафари хидматӣ баргаштани муассиси нашрия гардид.

Ҷунайд Ибодов сабаби аслии пешниҳоди аризаро дар он асоснок мекунад, ки мувофиқи қонунгузории ҷорӣ бастани созиш шартҳои худро дорад ва тасмими ниҳоиро дар мавриди розӣ шудан ба созиш ё рад намудани онро танҳо муассиси нашрия метавонад бигирад. Додгоҳ ба ин аризаи намояндаи "Миллат" розӣ шуд ва баррасии парвандаи гражданиро то ба Душанбе баргаштани муассиси нашрия - Адолат Умарова мавқуф гузошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97