Киннет Гросс: Мо озодии матбуотро тарафдорӣ мекунем

Хабари хуб 05.04.2010 14:26

Сафир Амрико дар Тоҷикистон Киннет Гросс ба саволҳои рӯзноманигорон пеш аз мурофиаи судии марбут ба даъвоҳо бар зидди рӯзномаҳои маҳаллӣ посух дод

-Шумо оиди даъвоҳои судии мазкур чӣ фикр доред? Бори гузашта мурофиаи судӣ нисбати рӯзномаи "Миллат" сурат гирифта буд, акнун нисбати рӯзномаҳои "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон". Дар ин бора чӣ фикр доред?

-Дар изҳороти матбуотии худ мо зикр карда будем, ки оиди озодии сухан дар ин ҷо - Тоҷикистон хеле нигаронем. Ва мо умедворем, ки мурофиаи судӣ озодии суханро дар ин ҷо исбот мекунад. Бениҳоят муҳим аст, ки дар ҳар мамлакат ба матбуот имконият дода шавад то оиди ҳодисаҳо озодона, бе ягон маҳдудият, таҷдид ё тазодиҳоро бо воситаҳои судӣ ва дигар воситаҳо гузориш диҳанд ва мо имрӯз барои он ташриф овардем, ки рӯйдодҳои судиро мушоҳида намоем. Умедворем, ки суд принсипи озодии матбуотро ҷонибдорӣ менамояд.

-Дар мавриди анҷоми мурофиаи судӣ бар зидди рӯзноманигорон, чӣ рӯй медиҳад? Иқдомҳои навбатии сафорат чӣ гуна мешаванд?

-Мо дар ин ҷо на барои тахминкунии он ташриф дорем, ки чиро суд карда метавонад ё не. Ин бемаврид аст. Мақсади ҳузури мо дар ин ҷо дар он аст, ки принсипи озодии матбуотро тарафдорӣ намоем ва возеҳ аст ва мо умедворем, ки суд низ принсипи мазкурро ҷонибдорӣ мекунад.

-Бо назардошти озод набудани системаи судӣ аз таъсироти дигар дар ҳолати анҷоми мурофиаи судӣ бар зидди рӯзноманигорон, чӣ рӯй медиҳад? Иқдомҳои навбатии сафорат чӣ гуна мешаванд?

-Ман намехостам дар ин бора то шунидани қарори суд чизе бигӯям. Пеш аз баровардани қарори суд дар ин бора сухан рондан барвақт аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97