Раиси Шӯрои Амният: Роғун як масъали дохилии Тоҷикистон аст

Хабари хуб 01.04.2010 19:26

Тоҷикистону Ӯзбакистон бар сари иҷрои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ихтилофи назарҳои ҷиддие доранд. Ӯзбакистон ин тарҳро барои арсаи кишоварзӣ ва муҳити зисти худ зиёнбор тавсиф мекунад, вале мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро бепоя медонанд.

Дар ҳамин ҳол, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ аз он чи "ҷаҳонӣ шудан ё сиёсӣ шудани масъалаи Роғун", ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки ин як масъалаи дохилиии Тоҷикистон аст.

Ӯ гуфтааст: "Ин тарҳ дар замони Шӯравӣ тавассути пажӯҳишгоҳҳои муътабаре таҳия шуда буд. Мо онро иҷро мекунем, албатта, бо дарназардошти фанновариҳои ҷадид. Тоҷикистон бо анҷоми бозрасии байналмилалӣ мувофиқ аст, ҳеч гоҳ мухолиф набуд. Ин тарҳ набояд сиёсӣ карда шавад."

Оқои Азимов нигарониҳо дар бораи хатароти кандашавии садди нерӯгоҳи "Роғун"-ро бепоя хонда гуфтааст: "Дар мавриди амнияти "Роғун" бояд бигӯям, ки аз ин нерӯгоҳ то марзи Узбакистон беш аз 200 километр аст. Дар ин ҷоҳо шаҳру деҳот ва манотиқи маскунии мо ҳастанд. Магар мо дар бораи сарнавишти мардумамон, ки дар он ҷоҳо зиндагӣ мекунанд, фикр намекунем? Албатта фикр мекунем."

Зимнан, дар ҳамоиши "Системи амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Миёна - нигоҳе ба оянда то соли 2015" Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошта ва дар бораи сабабҳои банд мондани вагонҳои бории Тоҷикистон дар қаламрави кишвараш тавзеҳоте ироа додааст.

Мақомоти Тоҷикистон пештар аз мутаваққиф шудани беш аз 1000 вагони борӣ дар қаламрави Ӯзбакистон хабар дода буд бархе ин талошро "муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон" унвон карданд. Вале сафири Ӯзбакистон мегӯяд ин кор ба сабабҳои фаннӣ сурат гирифтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97