Узбакҳо алайҳи ТАЛКО эътироз карданд

Хабари хуб 01.04.2010 19:26

Дар навоҳии ҳамарзи Узбакистон бо Тоҷикистон бар зидди фаъолияти ТАЛКО -корхонаи алюминиюми Тоҷикистон тазоҳуроти сокинони Узбакистон доир шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯзҳо 35-солагии таъсиси ин корхонаи бузурги Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Ҳамчунин рӯзи 29-уми март дар шаҳри Сурхчаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон раҳпаймоии эътирозӣ доир шуд, ки эътирозгарон аз таъсири манфии фаъолияти ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа норозигӣ изҳор карданд.

Тибқи маълумон наздик ба 200 тазоҳургари дигар дар роҳи ҳаракати қатораи Душанбе-Конибодом намоиши эътирозӣ ташкил намуданд. Инчунин чунин як эътирози дигар дар роҳи қатораи Душанбе-Маскав дар Тирмиз доир шудааст. Ҷунбиши Экологии Узбакистон рӯзи 30 март дар ноҳияи Деҳнав Узбакистон бо сокинони ин ноҳия мулоқот баргузор намуд, мавзӯи меҳаварии ин мулоқотро низ зиёни Талко ба муҳити зист ташкил медод.

Ҳафтаи гузашта бошад гирдиҳамоиҳои эътирозӣ алайҳи ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, дар донишгоҳи Тирмиз ва донишкадаи кишоварзии Деҳнав низ баргузор шуда буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97