Мурофиаи се нашряи мустақил боз ба таъхир гузошта шуд

Хабари хуб 01.04.2010 19:25

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи судии нашрияҳои мустақили "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро ба 1 апрел монд. Судяи ин парванда гуфтааст, ки дар робита ба шикояти ҷавобии вакили мудофеъ Ҷӯрахон Солиев, ки се додрасро дар тӯҳмат ба ӯ ва нашрияҳои мустақил муттаҳам кардааст, мурофиаи додгоҳӣ фардо баргузор мешавад.

Ҷурахон Солиев, вакили мудофеъ ва муаллифи матлабе, ки дар ин се нашрия ба чоп расида, шикояти додрасҳоро ба бор овардааст, додгоҳи ноҳияи Синоро ҳам дар қонуншиканӣ дар раванди иҷлоси додгоҳӣ муттаҳам кардааст. Вай иддао мекунад, ки суди ноҳиявӣ ҳаққи баррасии ин парвандаро надорад.

Cе рӯзномаи мустақил ахиран аз сӯи ду судяи Суди олӣ ва як судяи суди шаҳри Душанбе бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида шуданд. Судяҳо барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд.

Аввалин мурофиаи додгоҳии ин нашрияҳо моҳи феврали соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Сино сурат гирифта буд. Дар он судяи парвандаи мазкур ҷонибҳоро ба муросо даъват кард, вале шикоятгарон ин даъватро рад намуданд.

Шикояти додрасҳо ба як матлаби интиқодие рабт дорад, ки дар ин нашрияҳо ба чоп расида буд. Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97