Валиев ва Назриев интихоботро таҳрим карданд

Хабари хуб 07.01.2010 14:00

Ҷиноҳҳои ғайрирасмии Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон интихоботи ояндаи порлумониро таҳрим кардаанд. Ҷонибдорони Муҳамадрӯзӣ Искандаров ва Мирҳусейн Назриев мегӯянд, ки сабаби ин амр мудохилаи давлат дар умури ҳизбӣ ва ноқисиҳо дар қавонини интихоботи Тоҷикистон аст.

Аммо қаблан демократҳои ҷонибдори Искандаров эълом дошта буданд, ки аз тариқи ҳавзаҳои инфиродии интихоботӣ номзадҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард.

Таҳрими интихобот аз сӯйи ин ду гурӯҳи сиёсӣ, ки давлат онҳоро ба расмият намешиносад, барои аввалин бор нест ва ҳанӯз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006-ро низ таҳрим карда буданд.

Раҳматулло Валиев, муовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров, дар шарҳи ин тасмими гурӯҳашон мегӯяд, ки ҷонибдорони вай ба шаффофияти раванди интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон эътимод надоранд ва бар ин боваранд, ки ширкати номзадҳои онҳо дар ин интихобот маънӣ надорад. Ҳамчунин онҳо аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, ки ба пуштибонӣ аз ҷиноҳи расмии ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров, ки давлат онро ба расмият шинохтааст, раъй надиҳанд.

Мирҳусейн Назриев, ки худро раҳбари воқеъии ҳизби сотсиалист медонад, мегӯяд, ки анҷумани қаблазинтихоботии ҷонибдорони Абдуҳалим ?аффоров, раҳбари ҷиноҳи мухолифи ӯ, ки онро Вазорати адлия ба расмият шинохтааст, бо нақзи қонун баргузор шуда, вале Комиссиюни марказии интихобот феҳристи номзадҳои ин гурӯҳро барои ширкат дар интихобот пазируфтааст. Ба гуфтаи Назриев, қонуни интихоботи Тоҷикистон шароит барои интихоботи озод ва мунсифонаро фароҳам намекунад ва ба ин далел ҷонибдоронаш тасмим гирифтаанд, онро таҳрим кунанд.

Дар ҳоле ки интихоботи моҳи феврали порлумонӣ дар Тоҷикистонро ин ду гурӯҳи мухолиф таҳрим кардаанд, ҳашт ҳизби расмии дигар бо баргузории анҷуманҳои қаблазинтихоботии худ феҳрасти номзадҳои худро ба Комисиюни марказии интихобот ироа кардаанд.

Ҳамчунин, аҳзоби сиёсӣ муаррифии номзадҳои худ аз ҳавзаҳои ҷудогонаи интихоботиро низ оғоз кардаанд.

Сафаралӣ Раҷабов, Раҳаматилло Зойиров, Маҳмадалӣ Ватанов, Шокирҷон Ҳакимов, Маҳамадалӣ Ҳайит, Ҳикматулло Сайфуллозода аз нахустин номзадҳои аҳзоби сиёсианд, ки дар интихоботи порлумонии моҳи феврал муаррифӣ шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97