Таътили зимистона 24 рӯз шуд

Хабари хуб 17.12.2009 14:54

Вазири маориф бо судури фармоне дастур додааст, ки дар кулли мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили зимистонӣ аз 10 то ба 24 рӯз тамдид карда шавад. Тибқи ин тасмим ҳамчунин ба далели тамдиди таътили зимистонӣ соли таҳсили шогирдони таҳсилоти ҳамагонӣ то якуми июн идома ёбад.

Далели ин амр мушкили энержӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сармохӯрдагӣ дар миёни шогирдони мактабҳои ҳамагонӣ арзёбӣ шудааст.

Ноилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфтааст, ки қаблан таътили зимистонӣ барои шогирдони мактабҳои умумӣ аз 31-уми декабр то 10-уми январ идома дошт. Вале ҳамакнун ин таътил то 24-уми январ тамдид шудааст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳамакнун таҳсили шогирдони мактабҳои умумӣ то 1-уми июни соли 2010 идома хоҳад дошт. Дар гузашта шогирдон то 25-уми май машғули таҳсил мешуданд. Ба ин далел, дар соли ҷорӣ «Занги камолот»-и шогирдони синфи 11 дар нахустини рӯзи тобистон сурат хоҳад гирифт. Вале, манобеи Вазорати маорифи Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳамзамон муддати таътили баҳорӣ барои коҳиш ёфтааст. Қарор аст, шогирдон дар фасли баҳор танҳо аз 20-ум то 25-уми март таътил кунанд.

Нуралишо Нуралиев ҳамчунин гуфтааст, ки шогирдони омӯзишгоҳҳои касбӣ низ ба гунаи шогирдони мактабҳои ҳамагонӣ таътил хоҳанд кард. Вале, ин амр ба донишҷӯёни донишгоҳҳо рабте надорад.

Дар чанд соли ахир барои бори нахуст аст, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ба тамдиди муҳлати таътили зимистонии шогирдони мактаб иқдом мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97