Оғози иҷроиши қонуни афв

Хабари хуб 12.11.2009 16:46

Ҳамзамон бо ҷашни 15-умин солгарди Қонуни Асосии Тоҷикистон 300 зиндонӣ аз маҳбаси ноҳияи Ёвон, ва 159 зан аз маҳбаси шаҳри Норак озод шуданд. Қонуни афв, дар иртибот ба 15-умин солгарди Қонуни Асосии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ таҳия шуда ва дар порлумон тасвиб гардид.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ дар назар аст дар зарфи се моҳи оянда 10 ҳазор зиндонӣ мавриди афв қарор гиранд. Парвина Ализода, сухангӯйи Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфтааст, ки аз маҳбаси ноҳияи Ёвон умдатан афроди мусин, бемор ва зиндониёне, ки ду сеюми муддати маҳкумиятро паси сар кардаанд, озод гардиданд.

Парвина Ализода таъкид кардааст, ки қарор аст дар чаҳорчӯби Қонуни авф 800 зиндонии дигар аз ин маҳбас раҳо шаванд. Зимнан, раванди иҷрои нукоти Қонуни афв дар зиндони занон дар шаҳри Норак, шурӯъ шуда ва 159 зан аз маҳкумият раҳо ёфтаанд.

Бино ба иттилои Раёсати зиндонҳои вазорати адлия, ҳамакнун дар зиндони занони шаҳри Норак 129 маҳбус боқӣ монда ва дар назар аст, бар асоси Қонуни афв ҳудуди 80 нафари дигар озод шаванд. Ба гуфтаи ӯ маҳбусони зан, ки ҷинояти сангин содир кардаанд, дар ин зиндон боқӣ монда, аммо тибқи ин санади ҳуқуқӣ муддати маҳкумияти онҳо коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи Қонуни афви Тоҷикистон, дар қадами аввал, занон, ноболиғон, мардони синни 55-сола боло, маъюбон, собиқадорони ҷанг, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравию Тоҷикистон ва иштирокдорони садама дар неругоҳи атомии Чернобил мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Дар зарфи 15 соли ахир ин даҳумин Қонуни афв аст, ки дар Тоҷикистон тасвиб шуда ва дар чаҳорчӯби онҳо беш аз 60 ҳазор нафар авф ва 40 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97