Аз Русия тоҷиконро намеронанд?!

Хабари хуб 30.10.2009 18:09

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишварҳои хориҷӣ ихроҷ шудаанд, ду маротиба коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки аз Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд, дар ҳоли афзоиш буда, ҳамчунин, афзоиши ҷиноят дар миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Ин мавзӯъ дар як мизи гирди масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар Идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи 23 октябр баргузор шуд, баррасӣ шуд. Тибқи иттилои масъулони идораи муҳоҷират, дар соли ҷорӣ коҳиши қобили мулоҳизаи мавриди ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, маъмулан аз Русия, мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷӣ 859 шаҳрванди тоҷик ихроҷ шудаанд. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 1532 нафарро ташкил дода буд.

Коршиносон мегӯянд, ки ин амр аз боло рафтани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷик, ба вижа муҳоҷирони корӣ, гувоҳӣ медиҳад. Аз сӯйи дигар, таъкид шудааст, ки коҳиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик низ аз омилҳои дигари ин амр аст. Маъмулан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои нақзи муқаррароти буду бош аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд. Вале, мақомоти тоҷикро изҳороти ҳафтаи гузаштаи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар мавриди осон кардани шароити ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар хушбин сохтааст. Ширкаткунандагони ҳамоиш дар идораи муҳоҷират гуфтанд, ки эҳтимол меравад, дар ин сурат дар оянда коҳиши бештаре дар теъдоди шаҳрвандони тоҷик, ки аз Русия ихроҷ карда мешаванд, мушоҳида шавад.

Зимнан, ин мизи гирд ба манзури таҳияи тарҳи ислоҳоте дар қавонини Тоҷикистон, ки раванди ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунад, баргузор шуда буд.

Ба гуфтаи Рамазон Атоев, як масъули Додситонии кулл, дар ҳашт моҳи имсол 95 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ барои нақзи муқаррароти буду бош аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин теъдод 36 нафарро шаҳрвандони Афғонистон ва 38 нафарро шаҳрвандони Узбакистон ташкил медиҳанд. Теъдоди хориҷиёни ихроҷшуда аз Тоҷикистон дар соли 2008 135 нафар будааст. Дар ҳашт моҳи имсол ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон алайҳи 71 шаҳрванди хориҷӣ 41 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Соле қабл ин рақам муодили 33 маврид будааст.

Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон бештар аз афзоиши мавридҳои кори бидуни муҷаввизи шаҳрвандони хориҷӣ нигарон аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Шукур Шукуров, муовини раиси бахши судури иҷозаи кор дар идораи муҳоҷират, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ин ниҳод 198 шаҳрванди хориҷиро ошкор кардааст, ки будни муҷаввиз дар қаламрави Тоҷикистон машғули кор буданд. Ба гуфтаи ҷаноби Шукуров, бештари шаҳрвандони хориҷӣ, ки муқаррароти корро дар Тоҷикистон риоят намекунанд, шаҳрвандони Чин ва Афғонистон ҳастанд. Вай афзуд, ки аз ин афрод ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст. Ҳамакнун, ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки бидуни дарёфти иҷозаи кор дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба маблағи 1050 сомонӣ ҷарима мешавад. Масъулони ширкатҳо ё муассисоте, ки бидуни муҷаввиз шаҳрвандони хориҷиро ба кор қабул мекунанд, то 10,500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Тибқи ититлои Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ 3738 шаҳрванди хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон муҷаввиз гирифтаанд. Дар бораи теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни иҷозаи расмӣ машғули кор дар Тоҷикистон ҳастанд, иттилои дақиқе ироа нашуд.

Вале таъкид шуд, ки коргарон ва мутахассисони хориҷие, ки ба иҷрои тарҳҳои муштараки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд, аз ҳуқуқи фаъолият бидуни муҷаввизи кор бархурдоранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97