Даргирӣ дар Исфара чаҳор кушта бар ҷой гузошт

Хабари хуб 23.10.2009 19:33

Вазорати корҳои дохила аз кушта шудани чаҳор нафар, ки аз аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон будаанд ва боздошти як нафари дигар дар шимоли кишвар хабар дод.

Ин ҳодиса шоми рӯзи 18 октябр дар пайи як амалиёти вижаи нируҳои интизомӣ ва марзбонии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Исфараи вилояти Суғд рух додааст.

Ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса миқдори зиёди аслиҳа кашф ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса як нафар милисаи ОМОН -и Суғд захмӣ шудааст.

Манобеъи милиса аъзои ин гурӯҳро дар қатли Саидумар Саидов, раиси бахши кофтукови ҷиноии милисаи ноҳияи Исфара, ки дар миёнаҳои моҳи сентябр рух дод, гунаҳкор медонанд. Қаблан манобеъи вазорати корҳои дохилаи кишвар эълом карда буд, ки асомии афроди гунаҳкор дар ин ҳодисаро дар ихтиёр дорад.

Зимнан, ноҳияи Исфара аз манотиқест, ки нуфузи исломгароён он ҷо бештар маҳсус аст. Теъдоди бештари афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҶИУ ва "Байъат" дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуданд, аз ҷумлаи сокинони ин минтақа ҳастанд.

Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки аз соли 1997 ба ин сӯ узвияти 84 нафар сокини ин ноҳия дар ҶИУ ошкор шуда ва беш аз 40 нафари онҳо боздошт ва муҷозот шудаанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта додгоҳи вилояти Суғд панҷ нафар аз афродеро, ки аъзои дигари Ҷунбиши Исломии Узбакистон хонда шуданд, аз 7 то 11-солӣ ба зиндон маҳкум кард. Анвар Қаюмов, раҳбари ин гурӯҳ, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97