Узбакистон ҷинояткоронро ҳимоят мекунад?

Хабари хуб 08.10.2009 19:10

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 6 октябр баргузор кард, гуфт, ки бо вуҷуди дархости мукаррар Додситонии кулли Узбакистон аз истирдоди шаҳрвандони тоҷик, ки дар ҳудуди кишвар ҷиноят содир кардаанд, сарпечӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов ҷониби Тоҷикистон муттаҳамони узбакро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт мешаванд, ба Узбакистон бозгардондааст.

Вай гуфт, аз ҷумла дар мубориза алайҳи Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки барои амнияти милии Тоҷикистону Узбакистон таҳдиди ҷиддӣ шинохта шудааст, миёни ниҳодҳои додситонии ин ду кишвар ҳамкорӣ ё ҳамоҳангии фаъолият вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои додситонӣ мегӯянд: "дар ҳоле ки дар соли ҷорӣ фаъолияти созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Тоҷикистон заиф шуда ва аъзои ин созмон боздошт нашудаанд, аммо фаъолияти Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар шудааст.

Тибқи иттилоъи ин ниҳодҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 10 узви Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар манотиқи шимоли Тоҷикистон боздошт шуда ва қазияи иддае аз онҳо дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Аз ҷумла, ду моҳе қабл дар додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон муҳокимаи Анвар Қаюмов, ки ба унвони яке аз раҳбарони Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар ин вилоят шинохта шудааст, бо чанд нафари дигар, ки гуфта мешавад ҳамсафонаш ҳастанд, ба иттиҳоми қатл, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ ва сирқати силоҳҳои оташфишон шурӯъ шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97