Нақлиёти мусофирбар танзим мешавад

Хабари хуб 01.10.2009 17:53

Тибқи як тасвиби ҳукумат фаъолияти васитаи нақлиёти мусофирбар дар ин ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар шаҳри Душанбе танзим мешавад. Бар асоси ин санад фаолияти соҳибони воситаи нақлиёти хусусии мусофирбар дар пойтахт маҳдуд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъули БДА-и ВКД, Назаралӣ Раҳматуллоев, аз ин ба баъд соҳибони воситаи мусофирбари хусусӣ дар шаҳри Душанбе ҳақ доранд танҳо зери сақфи ширкатҳои расмии мусофирбар фаъолият дошта бошанд.

Яъне, онҳо наметавонанд ба гунаи ҳоло мустақилона дар ҷодаҳои шаҳр хадамоти мусофирбариро анҷом диҳанд. Зимнан, коршиносон теъдоди воситаи нақлиёти мусофирбарро дар шаҳри Душанберо беш аз шаш ҳазор адад арзёбӣ мекунанд, ки бахши умдаи онҳо хусусӣ ҳастанд.

Назаралӣ Раҳаматуллоев афзудааст, ки агар соҳибони воситаи нақлиёти мусофирбари хусусӣ бо ширкатҳо ё муассисоте барои ҳамлу нақли танҳо кормандони онҳо қарордод дошта бошанд, пас метавонанд ба ин кор машғул бошанд. Вале мусофирбарии шаҳриро бояд танҳо дар чорчӯби фаъолияти ширкатҳои расмии ҳамлу нақл анҷом дод.

Гузашта аз ин, тасмим шудааст, ҳамаи воситаи нақлиёти мусофирбар бо шумораҳои вижаи ТТ бо ранги зард таъмин шаванд.

Ҳамчунин, воситаи нақлиёти мусофирбар аз навоҳии дигари кишвар ҳақ надоранд дар пойтахт ба ҳамлу нақли мусофирон машғул шаванд.

Ба ин далел, воситаи нақлиёти мусофирбар дар манотиқи дигар бо шумораҳои муаян муҷаҳҳаз мешаванд.

Ба унвони мисол гуфта шудааст, ки воситаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе бо шумораҳои дорои ду рақами ахир бо "01" ё "05" ва дар навоҳии Рашт бо "08" ва навоҳии Ҳисору, Шаҳринаву Турсунзода бо шумораи "07" муҷҷаҳаз мешванд.

Назаралӣ Раҳматуллоев афзудааст, ки ин тасмим ба иҷро даромадааст, ва дар назар аст, ки иҷрои комили он марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт.

Ба эътиқоди ин масъули БДА ҳадафи аслӣ аз иҷрои ин санад таъмини низом дар ироаи хадамоти мусофирбарӣ дар ҷумҳурӣ аст ва дар зудтарин фурсат дар Тоҷикистон тавзеи шумораҳои нав барои соҳибони воситаи нақлиёт оғоз мешавад.

Ӯ гуфтааст, ки шумораҳои нав бо ҳуруфи лотинӣ буда, дар он парчами кӯчаки Тоҷикистон низ нақш шудааст. Далели тағйири шумораҳои воситаи нақлиёт мутобиқ сохтани онҳо ба меёрҳои байналмилалӣ унвон шудааст. Барои ивази шумораҳо муҳлате муқаррар нашудааст. Ба ин тартиб, шумораҳои феълӣ низ беэътибор намешаванд. Бо мурури замон, зимни хариду фурӯши воситаи нақлиёт онҳо иваз карда мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97