Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 30 май аксҳое аз манзараҳои Сарез ва ҳайати мақомоти тоҷику аврупоиро нашр карда ва навиштааст: “Тағйироти табиатро дар ин ҷо мешавад мушоҳида кард. 5 пирях аллакай нопадид шуд, сатҳи об боло меравад. Тағйироти иқлим як масъалаи ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд муштаракан бо он мубориза бибарем”.
Бино ба навиштаи “Озодӣ” ин нахустин изҳороти Президенти Шӯрои Аврупо дар ҷараёни сафари ӯ ба Тоҷикистон аст, ки дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди ошноӣ бо кӯли Сарез нашр кардааст.
Доналд Туск Иттиҳодияи Аврупо шоми 29 май ба Тоҷикистон омад ва нахуст бо чархбол ба тамошои кӯли Сарез парвоз кард. Ҳадафи ин сафар – мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баррасии стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ, ошноӣ бо мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва масоили амниятӣ мебошад.