Хуҷанд «Хонандаи соли 2019»-ро эълом кард

Хабари хуб 31.05.2019 04:22

Даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Хонандаи соли 2019» дар шаҳри Хуҷанд ба поён расид ва Маҳастии Сангин "Хонандаи сол" эълом шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин даври озмун 11 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 шарти озмун: сатҳи донишомӯзӣ, муаррифинома, саволҳои сиёсӣ, маҳорати сухандонӣ ва истеъдод бо ҳам сабқат карданд.

Доварони озмун Ҷоизаи аслии озмунро ба Маҳастии Сангин, толибаи мактаби ба номи Пӯлодов лоиқ донистанд. Мақоми аввалро Динара Ачилова, хонандаи гимназияи №4, ҷойи дуюм ва ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин»-ро муҳассили гимназияи №24 Фархунда Равшанзода, ду ҷойи дуюми дигарро Зебо Фурқатзода, толибаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Тахмина Холиқова хонандаи гимназияи Гёте соҳиб шудаанд.

Муҳайё Алиева, толибаи МТМУ №2 ва Нилуфар Рустамзода муҳассили мактаби ба номи Рустамов ба мақомҳои сеюми озмун мушарраф гардиданд.

Барои иштироки фаъолона Амонулло Арипов (МТМУ№18), Меҳрангез Охунова (МТМУ №21), Муталиб Афсаҳов (МТМУ №22) ва Мансурхӯҷа Музаффаров (МТМУ №31) бо дипломҳои озмун сарфароз шуданд.

Шамсия Қурбонова, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд зимни натиҷагирӣ аз озмуни «Хонандаи соли 2019» гуфтааст, ки ҳадафи озмун дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдод, навовар, эҷодкор буда, ҳамзамон дар ин замина рушди истеъдоди хонандагони болаёқат дар таҳсили минбаъдаашон мебошад.

Ба ғолибони озмун ҷоиза ва дипломҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим гардидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97