Соате пас аз партоб шудани як ракетаи“Катюша” ба наздикии сафоратиИёлоти муттаҳидаи Амрико дар Бағдод, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Твитер хитоб ба раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон навишт "агар Эрон қасди ҷанг дорад, расман кораш тамом аст."
Бино иттилои “Садои Амрико” мақомҳои ироқӣ гуфтаанд, ки ин ракета дар соҳаи Сабзи Бағдод ва дар фосилаи ҳудуди яку ним километрии сафорати Амрико исобат кардааст.
Раиси ҷумҳур Трамп новақти якшанбе (19 май) бидуни инки ишораи мушаххас ба ҳамлаи ракета дар Бағдод карда бошад, дар ин паёми твитерӣ навишт: "Дигар ҳеҷ вақт Амрикоро таҳдид накун! "
Хабарнигорони “Асошиэйтедпресс”дар шарқи Даҷла, дар муқобили минтақаи Сабзи Бағдод, мегӯянд, ки ибтидо садои як инфиҷорро шуниданд ва пас аз он барои як муддати кӯтоҳ садои зангихатар дар пойтахт ба садо даромад.
Таи ҳафтаҳои ахир таниш миёни ИМА ва Эрон дар минтақа боло гирифтааст. Мақомҳои ИМА мегӯянд, иттилооте доранд, ки нишон медиҳад, хатари таҳдидҳои Эрон ҷидитар азгузашта аст.
Раиси ҷумҳур Трамп панҷшанбеи гузашта ибрози умедворӣ кард, ки ҷанг миёни Амрико ва Эрон ддар нагирад.