Дар Мастоҳ ҷасади салафанпечи занеро пайдо кардаанд

Хабари хуб 17.05.2019 12:33

Зуҳри рӯзи 15-уми майи соли 2019, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда шуд.

Кормандони милитсия, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷикро, ки шавҳари ин зан дониста мешавад, бо гумони қатли ӯ дастгир кардаанд.

Ба маълумоти ибтидоӣ, номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматии хеш бо ҳамсараш вориди муноқиша шуда, бо чӯб якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, ҷасадро дар селофан печонида, ба чуқурии 2-метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гӯр карда, барои рӯйпӯш намудани ин ҷиноят  болои онро ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмонӣ пӯшонидааст.

Дар ин маврид парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шуда, тафтишот идома дорад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97