Озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» дар Хуҷанд доир шуд

Хабари хуб 17.05.2019 11:37

Дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» -и маркази вилояти Суғд озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор шуд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Маҳсулоти дастие аз қабили армуғон, корд, гулдон, олоти меҳнатӣ ва дастгоҳҳои ҳунарӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслӣ аз баргузории озмун таблиғи зебоипарастӣ,  тарғиби усулҳои беҳтарини ҳунарҳои мисгарӣ ва оҳангарӣ миёни мардум, тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳунари мисгари ва оҳангарӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии маҳсули дасти ҳунармадон мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назар дорад то дар оянда низ, барои рушди бахши сайёҳӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бикунад.

Бо натиҷагирӣ аз ин озмун Шарифҷон Самадов барандаи ҷои аввал, Собитхӯҷа Нормаҳмадов сазовори ҷои дувум ва Абдусамад Раҳматов ҷои сеюмро ишқол намуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97