Сергей Доренко, рӯзноманигори маъруфи Русия, ровии радио ва телевизион, ки дар Тоҷикистон низ шинохта аст, дар таърихи 9 майи соли 2019, дар синни шастсолагӣ, даргузашт.
Аҳволи ӯ ба ҳангоми савори мототсикл будан, бад шуда, дар маркази шаҳри Маскав, фавтидааст.
Як манбаъ ба хабаргузори русии РИА “Новости”гуфтааст: "Агарчи ӯ савори мототсикл будааст, аммо ӯ аз дарди табиӣ даргузашт.”
Радиостансияи “Говорит Москва”, ки Сергей Доренко то дами марг сардабири он буд, марги рӯзноманигорро тайид кардааст.
Рӯзноманигорон, чеҳраҳои сиёсӣ дар робита бо марги Сергей Доренко, бо таваҷҷуҳ ба истеъдоди фавқулода, шоистагии марҳум садоқати худро баён мекунанд.
Раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Русия Владимир Соловёв хотирнишон кард, ки Доренко яке аз рӯзноманигорони боистеъдодтарин ва ҷаззобтарини кишвараш аст.