Шоир андар синаи миллат чу дил!

Хабари хуб 11.04.2019 11:53

Соли 2018 барои кишвари мо соли пурталафоте буд. Ду абармарди шеър, ду шаҳсутуни адибиёти тоҷик ба абадият пайвастанд.

Инак солест, ки миллати мо бидуни онҳо ва танҳо бо хотирот, аммо бо замзамаи ашъори онҳо ба сар мебаранд. Хонаводаҳои ин ду шоири маъруф, дар як рӯз 13 апрели соли 2019 ҳаводорони шеъру алоқамандони адабиёт ва дӯстону ошноёнро ба маросими бузургдошти шоирони миллат даъват кардаанд:

Ба дида нақши рӯи Ӯ

Ба таваҷҷуҳи дустону бародарон расонида мешавад,ки дар таърихи 13 апрели соли 2019 (рӯзи шанбе) дар манзили устоди адабиёти муосири тоҷик- зиндаёд Муъмин Қаноат маросими Дуо ва қироъати Қуръони маҷид  доир мегардад.

Аз ҳамаи алоқамандони осори Устод ва дӯстдорони шахсияти ин абармарди миллат эҳтироман даъват мешавад, дар ин маросим дар сурати мавҷуд будани имкону тавон, ҳузур пайдо намоянд.

Нишонии маҳалли маросим:

ш. Душанбе, кӯчаи Ҳабиб Юсуфӣ, ҳавлии 2\В, пушти бемористони Қарияи боло.

Маросими дуо аз соати 9-и субҳ то соати 11 идома меёбад.

 Шоир андар синаи миллат чу дил…

Ба таваҷҷуҳи шумо азизон, дӯстону ошноён ва дӯстдорону мухлисони шоири зиндаёд Бозор Собир, рӯзи 13 апрели соли 2019 дар хонаи шоир, маросими фотиҳахонӣ ва ёдбуд баргузор мегардад.

Маросими  дуо ва фотиҳа аз соати 10-и субҳ то соати 13, дар суроғаи шаҳри Душанбе, Деҳи Боло, наздики Қарияи идома меёбад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97